Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуқодир Талбаков бо хоҳиши худ аз Пажӯҳишгоҳ рафт ё ӯро "равонданд"?


Абдуқодир Талбаков
Абдуқодир Талбаков

Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) мегӯяд, ӯро аз кор дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “равонданд”. Масъулони ин ниҳод, баръакс, иддао доранд, ки ӯ бо хоҳиши худ рафт.

Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камбуду душвориҳо дар ҷомеа навишта, ҳамчунин, бо ҷавонони ба қавли худаш “ифротӣ” баҳсҳои шадид мекунад. Ӯ рӯзи 21-уми октябр дар Фейсбук эълон кард, ки бо хоҳиши худ аз кор рафт ё дақиқтараш ӯро “равонданд”.

Рӯзи 22-юми октябр дар суҳбати ҳузурӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарият хостааст, ки ӯ аризаашро навишта, аз кор равад. Дар посух ба ин суол, ки оё суҳбатҳояш дар Фейсбук ба ин тасмим сабаб шуда метавонад, гуфт, “бале, шояд”. Ӯ нахост, шарҳи бештар диҳад.

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар барканории Абдуқодир Талбаков даст надорад.

Нозим Маҳмадизода, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа, мегӯяд, Абдуқодир Талбаковро ба таври қарордодӣ ба кор гирифта буданд ва ӯ баъди қариб ду моҳ фаъолият "бо хоҳиши худ" аз кор рафт. Вай афзуд, аз кор рафтани Талбаков ба андешаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт надорад.

“Ихтисоси ӯ ба Институти фалсафа он қадар муфовиқ набуд, лекин мо шартномавӣ ба кор гирифтем. Ҳамин қадар медонам, ки кори илмияшон ҷанбаҳои фалсафии Зардуштия аст. Дар куҷое бошӣ, онро идома медиҳӣ. Одамон дар хонаашон ҳам нишаста менависанд корашонро,” – гуфт ӯ рӯзи 22-юми октябр.

На дар Академияи улум ва на Абдуқодир Талбаков ҳозир нашуданд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳанд.

Абдуқодир Талбаков, ки номашро ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардааст, қаблан гуфта буд, ки пас аз эълонаш дар бораи пайравӣ аз ойини зардуштӣ ва ташкили ҷомеаи ҳамандешонаш таҳдиду фишор ва бадгӯйӣ дар ҳаққаш афзуд. Мухолифонаш ӯро барои нохун задан ба эҳсоси динии мусалмонҳо ва таҳқири баъзе аз рӯҳониён танқид мекунанд. Худи ӯ борҳо гуфтааст, ки ҳадафаш на таҳқири касе, балки пешгирӣ аз хурофотпарастиву ифротгароист.

Ӯ дар гузашта дар мақоми мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии пойтахт кор кардааст. Пеш аз он мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG