Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Э.Раҳмон ба Бадахшон. Президент ба дижи "Карон" меравад


Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, субҳи имрӯз, 8-уми октябр аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.

Дар ин ноҳия президент дар маросими ба кор даровардани як НБО-и хурд дар маркази ноҳия ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааъи варзишӣ ширкат ширкат варзид.

Нерӯгоҳи барқи обии хурди маркази ноҳия бо иқтидори 800 киловат қодир аст, ки сокинони маркази ноҳия ва деҳоти гирду атрофро дар фасли зимистон низ бо барқ таъмин кунад. Ин нерӯгоҳро ширкати «Ориён-2» бо кӯмаки молиявии созмонҳои байналмиллалӣ ба истифода додааст.

Нерӯгоҳи барқии маркази ноҳия, ки қаблан бо иқтидори 300 киловат фаъолият мекард, дар фасли зимистон тавони пурра таъмин намудани сокинони маркази ноҳия ва ва деҳоти гирду атрофии онро бо барқ надошт. Дар маҷмааъи варзишии пӯшида, ки бо кӯмаки ҳукумати кишвар бунёд шудаст, дар як вақт метавонад, ки 320 варзишгар машғули тамрин бошанд.

Дар худи ҳамин рӯз тибқи барномае, ки дар дасти мақомоти маҳаллӣ аст, президент пас аз мулоқот бо сокинони Ванҷ, ба ноҳияи Дарвоз сафар мекунад. Дар Дарвоз қарор аст, ки президент навори рамзии нахустин бинои панҷошёнаи маскуниро бурида, аз роҳ ва кӯчаҳои маркази ноҳия, ки пурра мумфарш гардиданд, дидан мекунад ва бо мардум мулоқот менамояд.

Тибқи иттилои масъулони ноҳияи Дарвоз, дидор аз шаҳраки бостонии "Карон" дар хатсайри президент қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки муаррихи шинохтаи тоҷик Юсуфшо Яъқубов аз як сол ба ин тараф дар шаҳраки Каррон, ки бархе аз бостоншиносон онро яке қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ мешуморанд ва зиёда аз се ҳазор сол умр дорад, ба корҳои кофтуковӣ машғул аст.

Шаҳрак қаблан дар натиҷаи кофтукови ҳафриётӣ дар тепаи назди деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз кашф гардид. Ба гуфтаи олимон дар шаҳраки бостонӣ хонаи урфии помирӣ ҳифз шудаст, ки аз умумияти фарҳангӣ ва таърихии мардуми Бадахшон шаҳодат медиҳад. Интизор меравад, ки имрӯз мутахассисони ҳафриётшиноси Санкт-Петербург ҳам ба Хоруғ омад, аз ин ҷо ба шаҳраки "Карон" мераванд.

Ба дунболи он Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Шуғнону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ сафар карда, бо мардуми онҷо мулоқот хоҳад кард.

Ин сафари президент ба минтақаи Бадахшон дар ҳолест, ки номзадии вай барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 соли дигар аз ҷониби Созмони Ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ демократии кишвар пешниҳод шудааст. Таҳлилгарони масоили сиёсӣ мегӯянд, ки сафарҳои кории президент ба навоҳии кишвар дар остонаи интихобот як навъ таблиғу ташвиқи номзадии Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG