“Қатли ҳайвони безабон амали нафратовар аст”, - мегӯяд як гурӯҳ. “Аз ин ҳодиса фоҷеа насозед” - даъват мекунад гурӯҳи дигар. Ҷомеаи Тоҷикистон то ба ҳол дар робита ба бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонҳо мавқеи ягона надорад ва зоҳиран, намехоҳад инро ҳамчун мушкилот эътироф кунад.
- Оё Фаррух пушаймон аст, ки гурбаеро ба қатл расонд? Чаро ин корро кард ва ҳангоми куштани ҳайвони беҳимоят чӣ эҳсос дошт?
Ман ба гурбаҳои Шумо чӣ кор дорам? Ман бознишаста шудам, вале нафақаамро надоданд. Ба болои ин боз маро насиҳат мекунед?
Ин ҷавони 18-солаи тануманд рӯзи дувуми феврал нахост назарашро ба ҷомеа расонад. Ҳангоми дидани хабарнигорони Радиои Озодӣ чеҳраашро бо дастонаш пӯшонд ва ба замин нишаст. Танҳо иқрор кард, ки гурбаро ӯ куштааст.
Дигар ба ҷои ӯ модарбузургаш, қаҳрамони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ Леокадия Дмитриевна сӯҳбат кард. Ин зани 91-сола, ки барои сӯҳбат мо розӣ шуд, ба хонаи дигар гузашт ва аз онҷо бо либоси низомие баргашт. Аз боло то поён ордену медал дошт. Ӯ ҷоизаҳояшро бо дастони ларзон дуруст мекард ва ҳамзамон мегуфт, онҳоро кай ва барои кадом қаҳрамониҳо дарёфт кард. Ба назар мерасид, ки модарбузург мехост набераашро аз ҷанҷол ва маҳкумкуниҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳҳои сарди ҳамсояҳо ҳимоят кунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
150 сомонӣ ҷарима
“Аз ин ҳодиса фоҷеа сохтан чӣ даркор буд? Мо худамон дар шаҳри хурде бузург шудем, мо ҳам дар кӯдакӣ гурба доштем. Вақте гурбаи мо бачча таваллуд мекард, онҳоро ғарқ мекардем. Бисёриҳо ин корро мекарданд. Ногаҳон мебинам, ки атрофи ин гурба ҷанҷол бардоштаанд”, - гуфт Леокадия Дмитриевна ва афзуд: “Милисаи минатқавӣ омада буд, 150 сомонӣ ҷарима супурдем. Боз чӣ мехоҳанд? Чаро мавзӯи гурбаро ин қадар “пуф” мекунед, дар ҳоле ки ҷазо алакай ҳаст”.
Модарбузург гуфт, ки наберааш бе падар калон мешавад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҷавон дар хурдиаш афтида, сараш зарб хӯрда буд ва шояд осеби равонӣ дидааст.
Қиссаи Фаррух ба гурба дар ҳоле бузург шуд, ки чанд рӯз пеш яке аз корбарони “Фейсбук” акси ин ҷавонро нашр кард ва навишт, ӯ ҳайвони безабонро ба қатл расонд. Ин корбар гуфт, ки аз ҳодиса нозири минтақавиро огоҳ кард. Нозир парвандаро ба додгоҳ дод ва Фаррух ҷарима шуд. Ин корбар мехост намунаи бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонотро ба самъи ҷомеа расонад ва дар мисоли ҳодисаи ахир бигӯяд, ки ҷиноят нисбат ба ҳайвонот низ ҷазо дорад.
Гурбаҳои бемору гурусна
Ҳамсояҳо мегӯянд, ки ин хонаводаро хуб намешиносанд, зеро онҳо чанде пеш ба ин маҳалла кӯч баста, дар хонаи иҷора мешинанд. Занҳои маҳалла мегӯянд, ин ҳодиса бардошти онҳоро аз ҳамсояҳои нав ба самти манфӣ бурд.
Дар ин маҳалла чанде пеш майдончаи нави варзишӣ сохтанд. Дар як кунҷӣ он гурбаҳои бехона аз офтоб ҳаловат мебаранд ва аз дасти одамон нон мехӯранд. Мо мушоҳида кардем, ки баъзе гурбаҳо маъюб буданд. Масалан, як гурбаи сиёҳ ними гӯшашро гум карда буд. Гурбаи зард як чашм надошт ва чашми дигараш низ нимпӯш буд. Вақте онҳоро бо нидои “пиш-пиш” ба сӯи худ хондем, бо ҳарос як-ду қадам гузоштанд. Маълум буд, ки гурусна буданд.
Дар ин маҳалла мо ҳамчунин марди солмандеро дидем, ки дар даст халтаҳои пурбор дошт. Ӯ нонҳои хушк ва маҳсулоти дигарро, ки бошандагон дар назди қуттии ахлотпартоӣ мегузоштанд, ҷамъ мекард ва гуфт, инҳоро барои гову молаш мебарад. Ин мард ҳамзамон нону маҳсулоти дигарро, ки мардум барои гурбаҳои бехона гузошта буданд, бо худ бурд. Аз ӯ пурсидем, ки дилаш ба гурбаҳо намесӯзад?
"Ман ба гурбаҳои Шумо чӣ кор дорам?"
“Ба гурбаҳои Шумо чӣ кор дорам? Ман бознишаста шудам, вале нафақаамро надоданд. Ҳамсарам аз дунё гузашт. Ман ду набераамро тарбия мекунам, дастонам дардманд шудаанд, кӯдакон маро азият мекунанд. Ба болои ин боз Шумо маро насиҳат мекунед?” – суол дод ин мард ва аз пеши қуттиҳои ахлот дур шуд.
Чанде пеш ба дунболи пахши навори Радиои Озодӣ аз бераҳмона нест кардани сагони дайду дар кӯчаҳои пойтахт, як гурӯҳ аз шумори фаъолони маданӣ масъалаи таъсиси аввалин сарпаноҳ барои ҳайвоноти бехона дар Душанберо ташвиқ карданд. Аввали моҳи январ маълум шуд, ки шаҳрдории пойтахт расман розӣ шудааст, барои бунёди чунин сарпаноҳ дар канораҳои Душанбе, дар наздикии боғи ҳайвоноти оянда замин ҷудо кунад.