Фидел Кастро гуфт, ба сабаби вазъи саломатиаш майл надорад бори дигар мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва сарфармондеҳии нируҳои мусаллаҳи кишварашро бар уҳда бигирад.
Қарор аст, рузи якшанбе, 24-уми феврал нахустин иҷлосияи порламон ё Маҷмаъи миллии Куба баргузор ва дар он ҷо дар бораи раҳбари нави Куба ба ҷои Фидел Кастро тасмим гирифта шавад. Интихоботи Маҷмаъи миллии Куба моҳи январ баргузор шуда буд ва акнун дар иҷлосияи нахусти он дар бораи интихоби Шурои иҷроии Куба барои панҷ соли оянда тасмим мегиранд.
Раисҷумҳур ва сарфармондеҳи нируҳои мусаллаҳ низ узви Шурои иҷроӣ хоҳанд буд. 19 моҳи пеш Фидел Кастро ба сабаби беморӣ зимоми раҳбариро муваққатан ба бародараш Раул Кастрои 76-сола супурд. Раул панҷ моҳи пеш изҳор дошт, ки Маҷмаъи миллӣ раисҷумҳури ояндаи Кубаро интихоб хоҳад кард ва бародараш Фидел Кастро ба сабаби саломатӣ мумкин аст барои панҷ соли дигари раҳбарӣ розӣ нашавад.
Рикардо Аларкон - раиси Маҷмаъи миллии Куба низ гуфт, чун муолиҷаи Фидел Кастро идома дорад, вай худаш тасмим хоҳад гирифт, ки дар интихоботи моҳи феврал ширкат кунад ё хайр. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки 24-уми феврал Шурои иҷроӣ интихоб шавад ва аъзои ин шуро Раул Кастро - бародари Фиделро раисҷумҳур ва сарфармондеҳи нируҳои Куба баргузинанд. Ҳаймӣ Сучликӣ - раиси Пажуҳишгоҳи мутолеъоти Кубаву Амрико дар Донишгоҳи Майамӣ мегуяд:
"Кастро чанд соли ахир бародарашро омода мекард. Вай шахси дуввум аст ва ба вай қудрати бештари низомӣ дода шудааст. Ҳоло сохторҳои ҳизбиро барои контрол бар Куба тақвият мебахшанд, то дар сурати даргузашт раҳбарӣ ба бародараш бигзарад. Вай мехоҳад баъд аз маргаш, ҳатто баъд аз марги Раул низ идеҳои инқилоб идома пайдо кунад".
Фидел Кастро баъд аз ҷарроҳии меъда дар 19 моҳи гузашта аз чашми мардум дур буд. Танҳо аксҳо ва наворҳои кутоҳи вай пешкаши шаҳрвандони кишвараш мешуд. Ба ин далел таҳлилгарон мегуянд, аз қудрат рафтани Фидел ғайримунтазира набуд. Вай дар як паёми худ ба мардумаш гуфтааст, ки бо онҳо худоҳофизӣ намекунад, балки барои ақидаҳояш мубориза мебарад ва зери унвони "Ёддоштҳои рафиқ Фидел" таасуроти худро хоҳад навишт.
Фидел Кастро соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро дар Куба сарнагун ва режими марксистӣ - ленинӣ ҷорӣ кард. Дар ин муддат дар Амрико даҳ дафъа ҳукумат дигар шуд. Вале дар Куба ҳукумат ҳамон буду ҳамон. Амрико борҳо талош кард, ин режимро барканор кунад, вале муяссар нашуд. Баъд аз канорагирии Фидел аз раҳбарӣ, Ҷорҷ Буш гуфт, вай бовар дорад, ки поёни давраи Фидел Кастро оғози марҳалаи дигаргунӣ дар Куба хоҳад буд:
"Ба ин тартиб, ман онро марҳалаи гузор арзёбӣ мекунам ва он бояд барои мардуми Куба оғози марҳалаи гузор ба демократия бошад".
Дар сурати интихоби Раул Кастро ба мақоми раҳбарии Куба баъид ба назар мерасад, ки дар рушди ин кишвар тағироти ҷиддӣ ба вуҷуд ояд, бо вуҷуди он, ки худи Раул Кастро зарурати чунин тағиротро эътироф мекунад.