Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 нафари дигар - дар гирдоби парвандаҳои Зайд Саидов


Зайд Саидов.
Зайд Саидов.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар чорчӯби парвандаҳои иқтисодии зидди Зайд Саидов 14 нафари дигар, бо шумули мансабдорони давлатӣ ҳам ба ҷавобгарӣ кашонда шудаанд.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов 14 нафари дигар, аз ҷумла кормандони Раёсати сохтмон “УКС”- и ҳукумати шаҳри Душанберо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита ба 5 моддаи Кодекси ҷиноие, ки алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори мувафақи тоҷик парванда боз карда шудааст, 14 нафар масъулони ширкатҳои сохтмонии пойтахт ва ширкатҳои тиҷоратӣ, барои сӯистифода аз вазифа ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карда шудаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, аз ҷумла 4 масъули ширкати сохтмонии ҶДММ “Тоҷ сохтмон байналмиллал”, 6 нафар мутасаддиёни Раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе (УКС) ва 4 нафар масъулони ширкати тиҷоратӣ бо моддаҳои 292, қисми 1 -- "саркашӣ аз пардохти ба миқдори зиёди андоз", моддаи 295, қисми 2 "сӯистифода аз ваколат", моддаи 340 қисми 2, "тақалубкории шиноснома ва шаҳодатнома" бо моддаи 322-и Кодекси ҷиноӣ, мутаҳам дониста шудаанд.

Тавре Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов дар авоили ҳамин ҳафта муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ҳамчун шоҳид аз тарафи муфаттиши Оҷонсӣ мавриди пурсиш қарор дода шудааст. Дар назар аст имрӯз, 24 октябр дар робита ба ин парванда Матлубхон Давлатов, раиси пешини Дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва даъват шуда, мавриди суолу ҷавоб қарор гирад. Қаблан вазири собиқи энержӣ ва саноат Шералӣ Гулов ҳамчун шоҳид аз тарафи Оҷонсӣ даъват шуда буд.

Вакилони мудофеъи Зайд Саидов низ дар сӯҳбат бо "Озодӣ" ин хабарро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки ҳанӯз Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар робита ба анҷоми таҳқиқи парвандаи ин 14 нафар онҳоро расман дар ҷараён нагузоштааст.

Зайд Саидов дар моҳи декабри соли 2013 бо ҷароиме, чун гирифтани пора, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Ҳафтаи гузашта Оҷонсии мубориза бо фасод ӯро ба сирқати боз 45 миллион сомонӣ маблағҳои будҷа айбдор кард.

“Душанбе –Плаза”
“Душанбе –Плаза”

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки дар соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин ба ин мақом расид ва то соли 2006 узви ҳукумат буд, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Ӯву тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки он ба азми Саидов ба сохтани ҳизби сиёсӣ рабт дорад.

Бархе нозирони умур эҳтимоли ба молу мулки ин соҳибкори муваффақ чашм дӯхтани гурӯҳҳои дигари манфиатдорро низ як омили дигари таъқиб ва чунин ҷазои сахт гирифтани ӯ медонанд. Аммо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла раҳбарони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки масъулияти тафтиши парвандаҳои зидди Зайд Саидовро бар ӯҳда доранд, вуҷуди ангезаи сиёсӣ ё молӣ дар ин парвандаро рад мекунанд.

Оҷонсии зиддифасод ҳамчунин Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидовро ба тақаллуби аснод ва 4 сол калонтар нишон додани синнаш дар ҳуҷҷатҳо айбдор мекунад ва ҳам қазияи издивоҷи 5 сол пеши писари сеюми соҳибкор – Хусрави Зайдро тафтиш мекунад. Гуфта мешавад, ки волидони духтар барои таъмини издивоҷи ӯ бо писари Зайд Саидов синни духтари дар соли 2009 ҳамагӣ 15-солаашонро дар ҳуҷҷатҳо 3 сол калонтар кардаанд.

Вакилони Зайд Саидов(аз чап ба рост): Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров
Вакилони Зайд Саидов(аз чап ба рост): Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров

Ҳамчунин аз 3 вакили Зайд Саидов ду нафараш – Фахриддин Зокиров дар моҳи март бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк ва Шӯҳрат Қудратов дар моҳи июн бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас – боздошт шудаанд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон дастикам 8 корхонаи марбут ба Зайд Саидов ва наздикону шарикони ӯ, бо шумули корхонаи дӯзандагии “Гулистон” ва корхонаи мармари “Лаъл” дар шаҳри Душанбе, ва корхонаи “Тоҷиказот” дар шаҳри Сарбандро давлатӣ кардаанд. 75 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба яке аз ширкатҳои шарики дигари Зайд Саидов – миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, ки гуфтааст, аз ҳаққи худ ба ин корхона дар додгоҳҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ба баррасии сарнавишти саҳмияҳои Зайд Саидов дар маркази тиҷории “Пойтахт" шурӯъ кард. Ин бинои иборат аз 6 ошёна, дар шафати варзишгоҳи “Спартак”, ба ширкати “Рос-Азия-Инвест” , ки 49 дарсади саҳмияҳояш моли Зайд Саидов 51 дарсадаш ба писари Олег Сосковетс, муовини собиқи сарвазири Русия рабт мегиранд, тааллуқ дорад. Дар соли 2010 дар расми ифтитоҳи ин бино дар баробари моликонаш – Зайд Саидов ва Олег Сосковетс – раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG