Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умед-88" аз "Пайк" 60 ҳазор сомонӣ талаб дорад


Аҳмади Иброҳим, муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Пайк".
Аҳмади Иброҳим, муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Пайк".

"Пайк" - ягона нашрияи хусусӣ дар вилояти Хатлон вориди боз як баҳси додгоҳӣ шудааст. Тарафи баҳс бо "Пайк" ин дафъа ширкати "Умед-88" мебошад ва аз ҳафтанома 60 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорад.

Ягона ҳафтаномаи хусусие, ки фазои итттилооти вилояти Хатлонро пур мекунад, аз сӯи ширкати «Умед-88» ба додгоҳ кашида шудааст. Ин ширкат дар пайи мақолаи интиқодии хабарнигори "Пайк" Шарифхони Тағаймурод, ки дар шумораи №90 аз 8-уми апрел бо сарлавҳаи «Умедчик-88» рӯи чоп омадааст, аз муаллифи мақола 10 ҳазор ва аз ҳафтанома 50 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Аҳмади Иброҳим, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Пайк» рӯзи чоршанбеи 22 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати "Умед-88" иддао дорад, ки гӯё дар ин мақолаи "Пайк" онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд. «Мо ҳайронем, ки дар мактуб гуфта шудааст, гӯё мо ба ширкат зарари иқтисодӣ расонидаем ва нашрияи моро ба додгоҳи иқтисодӣ додааст. Ҳарчанд додгоҳ моро даъват накардааст, аммо мо бо созмонҳо машварат кардем. Ва исбот хоҳем кард, ки ширкат низ гуноҳ дорад»,-гуфт Аҳмади Иброҳим.

Дар мақолаи "Пайк" як нуктаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88» дар назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб зери интиқоди хабарнигор Шарифхони Тағоймурод қарор гирифта буд. Ҳоло Шарифхони Тағоймурод, баъди нашри ин мақола ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шуда ва дар Русия қарор дорад. Шарифхон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати «Умед-88»-ро таҳқир накардааст ва он чизе, ки дар мақола зикр кардааст, проблемаи аввалиндараҷаи Кӯлоб аст. Ӯ мегӯяд, ба ҷои бунёди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ин ин макони серрафтуомади шаҳри Кӯлоб агар ягон таваққуфгоҳ сохта мешуд, ин ба дарди сокинони шаҳр бештар мехӯрд.

Муҳаббатшоҳ Баллев, ҳуқуқшиноси ширкати "Умед-88" рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як рӯз баъд аз нашри мақола онҳо ба он вокуниш нишон доданд ва аз нашрия талаб карданд, ки назари онҳоро дар сафҳаи аввал ба нашр расонад. Ба гуфтаи Муҳаббатшоҳ Баллаев, назари онҳо дар саҳифаи аввали "Пайк" ба нашр расид, аммо дар поёни матлаб аз редаксия ҷавоб навишта шуд, ки вокуниши навиштаи онҳо пур аз хато аст ва аз ҷумла дар он номи раҳбари ширкати "Умед-88", "Ибрагимов И" бояд "Иброҳимов И" навишта мешуд. Вай мегӯяд, ки номи раҳбари ин ширкат ба таври расмӣ "Ибрагимов И" мебошад ва нашрия ҳаққ надорад, ки ба ин хӯрдагирӣ кунад.

Ҳуқуқшиноси ширкати "Умед-88" афзуд, ки ба иловаи ин, нашрия гуфтааст, ки дар оянда ба нашри матолиби интиқодӣ дар нисбати ин ширкат идома хоҳад дод. Вай гуфт, ки ба ҳамин далел, онҳо маҷбур шуданд, ки ба додгоҳ шикоят баранд ва аллакай онҳо маблағи 1200 сомонӣ боҷи давлатии қабл аз мурофиа додгоҳиро супурдаанд ва мунтазири мурофиа ҳастанд.

Ин бори аввал нест, ки ҳафтаномаи «Пайк» вориди баҳсҳои қонунӣ мешавад. Соле пеш додситонии минтақаи Кӯлоб дар пайи ба итмом расидани шаҳодатномаи фаъолият, ин ҳафтаномаро як ҳафта аз нашр боз дошт ва ба маблағи 400 сомонӣ чарима баст. Моҳе нагузашта, Хадамоти оташнишонии Кӯлоб ҳафтаномаро барои риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор 600 сомонӣ ҷарима кард.

Аммо ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим, сардабири ин ҳафтанома, санҷиши Хадамоти оташнишонӣ дар утоқҳои кории ҳафтанома пас аз он оғоз шуд, ки дар «Пайк» ду мақолаи интиқодӣ дар бораи кори ин ниҳод нашр шуд. «Муаммоҳои сӯхтори бозори Кӯлоб», «Хадамоти оташнишонӣ заифона кор мекунад» ва «Сӯхторро бо сател хомӯш карданд», аз ҷумлаи мақолаҳое будаанд, ки ба гуфтаи сардабири «Пайк», хашми ин Хадамотро барангехтааст.

Ҳафтаномаи «Пайк» аз тобистони соли 2013 дар вилояти Хатлон нашр мешавад ва бештар матолиби таҳлилӣ-интиқодӣ нашр мекунад. Дар ин вилоят ҳамагӣ ду телевизонии мустақил, яке дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигаре дар ноҳия Восеъ ба таври маҳдуд барнома пахш мекунанд, ки ин наметавонад халои иттилоотиро пур кунад. Қаблан низ ду нашрияи мустақил дар ин вилоят бо сабабҳои гуногун аз чоп бозмонда буданд.

XS
SM
MD
LG