Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 2 март ба баррасии парвандаи маъмурии як сокини маҳаллӣ алайҳи телевизиони хусусии “Танин” шурӯъ кард. Баҳс аз он ҷо шурӯъ шуд, ки дар як барномаи ин телевизион марде дар бораи масъалаҳои оилаи худ нақл карда, ҳамсари аввалашро бидуни бурдани номаш дар мушкилоти хонаводагӣ айбдор кард. Вале ин зан гуфт, иштибоҳи телевизион буд, ки чеҳраи ҳамсари ӯро намоиш дод ва бо ин роҳ ба шаъну эътибори ин зан латма зад.
Дар ин барнома назари худи зан пахш нашудааст ва ҳоло даъвогар аз додгоҳ мехоҳад, ки телевизион ба ӯ 100 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад. Ин як ҳодисаи камсобиқа дар таърихи телевизионҳои маҳаллӣ аст, ки додгоҳ даъвои шаҳрвандро алайҳи як телевизони хусусӣ бо иттиҳоми “паст задани шаъну шарафи як шахс”, баррасӣ мекунад.Дар ҷаласаи аввали баррасии парванда танҳо ҷониби зани даъвогар ва масъулони телевизиони “Танин” ширкат намуданд ва додгоҳ гурӯҳи хабарнигоронро ба толор раҳ надод.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои телевизиони “Танин” баъди анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ гуфт: “Имрӯз додгоҳ парвандаи маъмуриро барои мурофиа омода кард ва ба ҷонибҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро фаҳмонида, тамоми далелҳои марбут ба даъво ва ҳимояро аз онҳо гирифт. Аз ин рӯ додгоҳ хабарнигоронро ба толор роҳ надод. Ҷаласа дар чорчӯби қонун баргузор гардид.”
Гулнора Аминова, шахсе, ки телевизиони хусусии “Танин”-ро дар паст задани шаъну шарафи худ ба додгоҳ кашидааст, 800 ҳазор сомонӣ – муодили ҳудуди 100 ҳазор доллар подоши зарари маънавӣ талаб дорад. Ӯ дар шикояти худ ба додгоҳ навиштааст, ки шавҳари собиқаш дар намоиши “Оила”-и телевизиони “Танин” бо алфози бад дар бораи ӯ сухан гуфт ва шаъну шарафашро паст зад. Намоиши “Оила” дар телевизиони “Танин” тахминан 2 моҳ пеш пахш шудааст.
Додгоҳ алайҳи шавҳари собиқи Аминова - Қурбон Миробидов ва телевизиони “Танин” бо иттиҳоми “ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ”, парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Вале Гулнора Аминова ва вакили дифоаш баъди анҷоми ҷаласаи аввали додгоҳӣ нахостанд бо хабарнигорон сӯҳбат кунанд.
Гулнора Аминова, шахсе, ки телевизиони хусусии “Танин”-ро дар паст задани шаъну шарафи худ ба додгоҳ кашидааст, 800 ҳазор сомонӣ – муодили ҳудуди 100 ҳазор доллар ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад.
Телевизиони “Танин” чанд бор ба хонум Аминова ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ пешниҳод кардааст, ки мавқеи худро дар бораи ин моҷаро ва ҳам даъвоҳои шавҳараш тавассути телевизион баён кунад, вале ӯ ин пешниҳодро рад кардааст. Аминова дар сӯҳбати қаблии худ бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ карда, вале гуфт, тавре ки дар намоиш бо иштироки шавҳари собиқаш ва бидуни ҳузури ӯ шаъну шарафашро паст задаанд, “ҳамин тавр, бидуни ӯ барқарор кунанд.”
Даъвогар ва ҳам нозирон мегӯянд, ки хусусияти фошсозии мушкилоти хонаводагии афроди мушаххас тавассути телевизион ҳанӯз ҳам барои фарҳанги муҳофизакори ҷомеаи Тоҷикистон роиҷ нест ва ҳама гуна ҳарфе, ки бо лаҳни интиқод дар мавриди равобити оиладорӣ садо медиҳад, хеле ҳассос қабул мешавад. Зани даъвогар ҳам гуфтааст, ки пахши ин барнома дар як муҳити хурду суннатии Хуҷанд, ки «ҳама якдигарро хуб мешиносанд», дуруст набуд ва ин зан худро «шарманда» эҳсос мекунад.
Дар муқобил, айни чунин барномаҳои фошкунандаву моҷаробарангез ҳар шом дар телевизионҳои марказии Русия пахш мешаванд, ва дар онҳо гурӯҳҳои мухталифи қаҳрамонон ва қиссаҳо – аз майзадагиву таҷовуз ба номус то хиёнату куштор бепардаву боз ва аз забони ҳама ширкаткунандагони моҷаро пахш мешавад. Зоҳиран, ин барномаҳо пуртарафдоранд, чунки аз ҳаёти воқеии инсонҳои мушаххас, бо намоиши чеҳраҳо ва бо тафсилоти урёни ҷузъиёти мушкилот, тақдим мешаванд.
«Вале ҷомеаи тоҷик ва мусалмоннишин барои чунин барномаҳо ҳанӯз омода нест, чунки ҳама гуна ҳодисаҳои нохушоянд метавонанд паёмадҳои ҷиддии ахлоқӣ, аз қабили азҳампошии авлодҳо, хостгорӣ накардани фарзанди ин хонавода то радди маърака шудани шахс ба бор оранд»,- гуфт як коршиноси тоҷик.
Телевизиони хусусии “Танин” яке аз 8 телевизиони маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд аст ва бештари барномаҳояш хусусияти фарҳангиву тафреҳӣ дорад. Муассисаш Шермуҳаммад Шерматов, аз овозхонҳои маъруфи Хуҷанд буда, моҳи январи соли 2014 ба пахши намоишҳои худ шурӯъ кардааст. Амвоҷи ин телевизион дар маркази вилояти Суғд ва атрофи он дастрас аст.