Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, хостори ислоҳи қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон ва ҳуқуқи бештар ба муҳоҷирон шуд.
Ӯ рӯзи 25-уми май дар ин замина ба раиси ҷумҳурӣ ва порлумон 16 пешниҳоди худро ироа кард. Баъзе аз пешниҳодҳо ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосиро дар назар дорад.
Интизор меравад, интихоботи навбатии президентӣ моҳи ноябри имсол баргузор шавад.
Пешниҳоди аввали Зоиров ин аст, ки то замони эъломи интихоботи президентӣ феҳраст ё рӯйхатти ягонаи интихобкунандаҳоро тартиб диҳанд. Тоҷикистон то кунун феҳрасти ягонаи интихобкунандагонро надорад ва набуди чунин рӯйхат, ба гуфтаи таҳлилгарон, роҳро барои тақаллуб дар интихобот мекушояд.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, инчунин, хостааст, мақомот меъёри чӣ гуна пешниҳод шудани номзад ба мақоми президент аз байни муҳоҷиронро муқаррар кунанд. "Ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҷамъоварии имзоҳо ба номзад ба мақоми президент ва механизми тасдиқи он дар қонуни интихобот муқаррар гардад. Интихоботи президентӣ дар асоси овоздиҳии электронӣ амалӣ шавад", - афзудааст ӯ.
Раҳматилло Зоиров дар пешниҳодҳояш ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо низ дахл карда, гуфтааст, дар баробари ҷамъоварии имзо дар интихоботи президентӣ ҳамчун алтернатива "гаравпулӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ" муқаррар карда шавад. Соли 2013 номзадии Ойниҳол Бобоназарова танҳо ба далели он ки, ба гуфтаи мақомот, имзои кофиро ҷамъ наовард, сабтином нашуд.
Зоиров пешниҳод кардааст, "қисми 2-и моддаи 65-и Конститутсияро тағйир диҳанд". Дар он гуфта шудааст, шахсе номзад ба президент мешавад, ки ҳадди ақал 5 дарсад аз афроди қобили раъй ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузоранд. Зоиров гуфтааст, ин рақам ба 1 дарсад иваз карда шавад. "Ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихоботи порлумонии соли 2020 аз 2 дарсад зиёд овози интихобкунандаҳоро ҷамъ кардаанд, аз ҷамъоварии имзо дар интихоботи президентӣ озод карда шаванд", - пешниҳод кардааст ӯ.
Ба қавли Зоиров, бояд интихоботи президентиро се моҳ пеш аз замони баргузориаш эълом кунанд, аммо қабл аз он тағйиру иловаҳои пешниҳодиро ба Конститутсия ва қонуни интихобот қабул кунанд.
Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешавад. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.
Аммо созмонҳои байнулмилалӣ интихоботҳои гузаштаро шаффофу демократӣ эътироф накардаанд ва мухолифон рақибони Раҳмонро воқеӣ надонистаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи имсол гуфта мешаванд, вале падару писар ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар корзори сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд. Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад.