Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби аз 5 то 20 сомонӣ аз ҳар талабаи Кӯлоб


Идораи маорифи Кӯлоб аз мактабҳои миёнаи ин шаҳр хостааст, оҷилан 800 000 сомонӣ қарзашон аз ҳисоби китобҳои дарсиро ҷамъ биоранд. Хонандаҳо муваззаф шудаанд, аз 5 то 20 сомонӣ диҳанд.

Идораи маориф ва илми Кӯлоб ба масъулони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ин шаҳр супориш додааст, фавран 800 ҳазор сомонӣ маблағи китобҳои дарсиро ҷамъоварӣ кунанд. Омӯзгорони бархе аз мактабҳо мегӯянд, ҳарчанд муассисаи онҳо ҳамеша пули китобҳоро сари вақт супурда, қарзе бар дӯш надорад, аммо қарор ин шудааст, ки маблағи азимро ҳамаи мактабҳо, қатъи назар аз он ки қарздоранд ё на, ҷамъоварӣ кунанд.

Барои ин, ба ҳар хонандаи мактаб супориш шудааст, аз 5 то 20 сомонӣ биёранд. Фаридун Чӯпонов, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, "агар қарзи китобро насупорем, шуъбаи маориф мактабро ба додгоҳ мекашад." Ин хонанда афзуд, ҳоло панҷ сомонӣ супурдааст ва бояд 5 сомонии дигар низ диҳад, то 1 ҳазору 500 сомонӣ қарзи мактаб аз шӯъбаи маориф канда шавад.

Маҳмадалӣ Шарипов, китобдори шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарзи 800 ҳазор сомонӣ аз солҳои пеш то ба имрӯз омада расидааст. Ӯ мегӯяд, бо такя сокинон ва омӯзгорони хайрхоҳ ин маблағро ҷамъоварӣ менамоянд.

"Ҳоло худи маорифи Кӯлоб 800 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Мо мактубҳо дар даст дорем ва бо кумаки аҳолӣ онро пардохт намуда истодаем, зеро агар бо ҳамин тарз ин кор анҷом дода нашавад, ҳеч гоҳ онро пардохт карда наметавонем. Иллати қарздор шудани маориф низ дар он буд, ки дар он замон китобҳо тақсим шуданду вале маблағаш ҷамъ нашуда буд. Аз ин рӯ, ин пул аз сӯи омӯзгорону толибилмон ҷамъ ва супорида нашавад, он китобҳои дарсӣ низ чоп намешавад,"--гуфт Шарипов.

Аммо мудири яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, шӯъбаи маориф ба воситаи додситонӣ дар гардани ҳар мактаб ҷамъоварии аз 1000 то 1400 сомониро гузоштааст. Ба гуфтаи ин масъул, мактаби ӯ 1200 толибилм дошта, аз ҳар кадоме бо миқдори 1 сомонӣ ва боқимонда аз маоши омӯзгорон пардохт мешудааст. Ӯ мегӯяд, чанде аз мактабҳоро шоҳид шудааст, ки роҳбаронаш аз омӯзгорон 28 сомонӣ ҷамъ намуда, пули китобро супурдаанд.

"Ростӣ, моро вақте пули китоб гуфтанд, дар посух гуфтам, чӣ гуна пул, мо қарздор нестем. Вақте ба додситонӣ даъват карданд ва гуфтанд, бояд ин қарзҳо пардохт шавад, тибқи нақша ба мо 1400 сомонӣ рост омад, мо онро пардохт кардем. Аввал аз шогирдон 1 сомонӣ ҷамъ намуда, баъд боқимондаашро ба кумаки омӯзгорон пардохт кардем,”—афзуд мусоҳиби мо.

Ин бори аввал нест, ки омӯзгорону волидайн аз талаб шудани пули китоб шикоят мекунанд. Ҷамшед Қурбонов, як падари ҷавон, мегӯяд, чанд рӯз қабл барои китоб боз пул пардохт кардааст. Ба гуфти Қурбонов, рӯзе нест кӯдакон аз падар ва модар пул талаб накунанд.

Бино бар оморӣ расмӣ Вазорати маориф ва илм то соли 2013 аз китобҳои дарсии хонандагони макотиби миёна 27 миллиион сомонӣ қарздор буд. Ин қарз аз солҳои 2000 ба миён омада, дақиқ нест, пул ҷамъоварӣ нашудааст ва ё ба самти дигар рафтааст.

XS
SM
MD
LG