Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки фарзандони раиси пешини порлумони Қирғизистон давлатӣ шуд


Оҷонси идораи амволи давлатии Қирғизистон 100 дарсади саҳмияҳои бонки тиҷории "Капитал Бонк"-и ин кишварро соҳиб шудааст.

Тибқи иттилои биржаи Қирғизистон, бонкро фарзандони раиси собиқи порлумони он кишвар Чинибой Турсунбеков идора мекарданд. Эржан Чинибой уулу 40%, Бегимай Чинибой қизӣ 30% ва Айдай Турсунбекова, ки ҳоло дар ҳабс аст, 30%-и саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доштанд.

Қаблан раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки зидди Айдай Турсунбекова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, хонаводаи Турсунбековҳо соли 2010 бонки "Оқилинвестбонк"-и Қирғизистонро, ки ба Максим Боқиев, писари президенти пешини Қирғизистон Қурманбек Боқиев тааллуқ дошт, ғасби рейдерӣ кардаанд.

Турсунбеков гӯё баъди ғасб бонкро ба номи ҳамсари худ Нуржан Тентимишова сабтином карда, номашро аз "Оқилинвестбонк" ба "Капитал Бонк" иваз кардааст.

XS
SM
MD
LG