Ҷасади Константин Бондаренко – иқтисоддони маъруфи тоҷик – рӯзи 31 январ дар дар бахши масеҳии оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд. Ӯ дар фурсати кӯтоҳ, дар пайи илтиҳоби шуш, рӯзи 28 январ даргузашт ва модараш Наталя Бондаренкоро тани танҳо гузошт. Бондаренко 37-сола буд ва, ба гуфтаи модараш, баъди хатми Донишгоҳи олии иқтисодии шаҳри Киев баҳори имсол бояд маросими арӯсӣ барпо мекард.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Ӯ яке аз тарафдорони ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон буд ва вуҷуди коррупсия ва фасодро аз монеаҳои рушди ин кишвар ном мебурд.
Интизор тӯй буданд...
“Аз санаи 15 январ ӯ ба зуком гирифтор шуд. Баъдан, вазъаш каме беҳтар шуд. Аммо тавре духтурон гуфтанд, дилаш аз тахикардия ё дилзанак азият мекашид. Вақте шушҳояш бемор шуд, духтурон хостанд, ки нахуст шушро табобат кунанд, аммо дил бардошт накард... Ҳамаи ҳамсояҳо маро мепурсиданд, ки «Константин кай зан мегирад?» Тӯйро мунтазир буданд, аммо акнун ба мотамаш меоянд”, - гуфт Наталя Бондаренко, модари Константин.
Пас аз даргузашти Константин ягона хости модари бознишастаи вай ин аст, ки Донишгоҳи оли иқтисодии Киев дипломи хатми донишгоҳи писарро ба ӯ тақдим кунад. Наталя Бондаренко мегӯяд, агар аз пушти тобути дигарҳо ордену медал баранд, аз пушти Константин диплому сертификатҳои бешумори ӯро бурданд. Вай ҳамеша таҳсил мекард ва дар фикри боло бурдани донишҳояш буд.
Бондаренко аз чӣ ранҷ мекашид?
Дар ҳоле ки дӯстону наздикон аз марги нобаҳангоми иқтисоддони ҷавон, вале маъруфи Тоҷикистон афсӯс мехӯранд, табибон мегӯянд, ки таъхир дар муроҷиати саривақтӣ ба табиб сабаби марги ӯ шуд. Абдукарим Толибов, пизишки Маркази саломатии рақами 2-и Душанбе, гуфт, бемории Константин ҳангоми муоинаи “хона ба хона”-и ҳамшираҳои шафқат ошкор шуда, худи ӯ сари вақт барои муолиҷа муроҷиат накард.
Ба гуфтаи Толибов, вақте ҳамшираҳо тасодуфан Константинро дар бистари беморӣ диданд, ӯ аллакай ҳадди ақалл ду ҳафта бемор буд ва бидуни муроҷиат ба духтури касбӣ аз роҳи худмуолиҷа талош дошт ба худ кумак кунад. Вақте аҳволаш бад шуд, ба бемористон бурданд ва ин танҳо ду рӯз пеш аз маргаш будааст. Дар бемористон ҳам худи Константин гуфтааст, ки бистарӣ шудан намехоҳад ва дар хона бо истеъмоли доруву дармонҳои тазриқӣ муолиҷаро идома медиҳад. Инро ҳам модари ӯ ва ҳам духтур Абдукарим Толибов тасдиқ карданд.
“Бондаренко бо бемории норасоии шадиди роҳҳои нафас ва кори дил, илтиҳоби шадиди шушҳо аз ду тараф, пневмофебрози музмин (ё сангин) ва бемории бронхоэктозия фавтиданд”, - афзуд Толибов.
"Маркази бозори озод"
Фавти нобаҳангоми Бондаренкои 37-сола дар Душанбе садҳо нафар шогирдон ва пайравони мактаби “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” – созмони ҷамъиятии ташкилдодаи ӯро таконзада кард. Ҳамагӣ марги ӯро барои ҷомеаи Тоҷикистон ва илм як "талафоти бузург" хонданд.
Зуҳуршо Раҳматуллоев, роҳбари ташкилоти молиявии “Алиф сармоя”, аз иштирокдорони фаъоли клубҳои мубоҳисавии “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” гуфт, Бондаренко аз ангуштшумор нафароне буд, ки бо маҳфилҳояш “халои маънавӣ”-ро дар дохили кишвар то ҳадди имкон пур мекард. Ӯ гуфт, “вақте, пас аз хатми донишгоҳ дар Бритониё ба ватан баргаштам, бисёр ба як ғизои маънавию интеллектуалӣ ниёз доштам. Вақте дар маҳфилҳои Константин ширкат мекардам, аз сатҳи баланди ӯ, ки танҳо дар Бритониё ва дигар давлатҳои пешрафта дида будам, ҳайрон мешудам”.
Дар Тоҷикистон Константин Бондаренкоро на танҳо ҳамкорон ва ё ширкатдорони маҳфилҳояш мешиносанд. Балки дар як муддати кӯтоҳ ӯ ба ҳайси шореҳи ҳирфаии иқтисодӣ дар матбуоти тоҷик ном баровард ва расонаҳо дар ин ё он масъалаҳои иқтисодӣ зуд-зуд аз ӯ иқтибос мекарданд. Бондаренко ба ҳайси иқтисоддони либерал ва ҷонибдори озодиҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ буд. Дахолати давлат ба умури тиҷоратро мониа барои рушди иқтисод медонист ва ҳамеша барои додани озодиҳои бештар ба соҳибкорон даъват мекард. Ӯ яке аз ангуштшумор коршиносоне буд, ки бо вуҷуди украинитабор буданаш ба забони адабии тоҷикӣ сӯҳбат ва кор мекард.
"Аз тарафдорони ислоҳоти иқтисодӣ буд"
Ин аст, ки бархе аз мансабдорони сатҳи болои блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ҳам ӯро аз рӯи навиштаву мақолаҳояш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар рӯзи дафни ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Бондаренко коршиносе буд, ки нисбат ба ин ё он масъала назари хоси худро дошт. Мо навиштаҳои ӯро мутолеа ва барои худ бардоште мекардем. Он чизҳое, ки қобили қабул буд, истифода ҳам мекардем. Будани чунин як шахсиятҳо барои рушди иқтисодиёт ва илми иқтисодиёт лозим аст.”
Константин Бондаренко соли 1979 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, нахуст Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар риштаи муҳандиси алоқа бо дипломи сурх хатм кардааст. Як муддат ӯ дар Хадамоти алоқа фаъолият карда, баъдан ба омӯзиши иқтисодиёт пардохтааст. Соли 2009 ӯ созмони ҷамъиятии “Маркази бозори озоди Тоҷикистон”-ро таъсис дод, ки ба ҳайси як маркази таҳлилӣ дар масоили иқтисодӣ ба расонаҳо назар медод. Ин марказ дар минтақаҳои гуногуни кишвар маҳфилҳо низ доир мекард, ки дар он ҷавонон имкони ошно шудан бо раванду қонунҳои иқтисодиро доштанд. Ӯ яке аз тарафдорони ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон буд ва вуҷуди коррупсия ва фасодро аз монеаҳои рушди ин кишвар ном мебурд.