Насим Раҷабов, раиси созмони ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои мақомот, ки асноди онҳоро тақаллубӣ гумон мебурданд, дуруст набаромад ва баъди як соати ӯву ӯву 9 хонумеро, ки ба ҷонибдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) ба маснади президентӣ имзо ҷамъоварӣ мекарданд, аз шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ ҷавоб доданд.
Ба қавли ӯ, нозири минтақаӣ дар маҳалли 63-уми шаҳри Душанбе онҳоро нигоҳ дошта, гуфтааст, ки ба мӯҳру имзои варақаи ҷамъоварии имзо шак дорад. Ҷаноби Насимов гуфт, кормандони милиса онҳоро ба ду мошин бор карда, ба назди бинои ҳокимияти ноҳия бурданд, то аслӣ ва ё ҷаълӣ будани муҳру имзои раиси ноҳияро муайян кунанд ва чун асл будани ин аснод маълум шуд, онҳоро раҳо карданд.
Ин гурӯҳ, ки ба тарафдорӣ аз хонум Бобоназарова имзо ҷамъ меовард, соати тақрибан 13.15 дастгир ва тақрибан соати 14.30 озод шудааст.
Қаблан мақомоти ҲНИТ ва ситоди Ойниҳол Бобоназарова хабар доданд, ки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе Насим Раҷабов, раиси созмони ҲНИТ дар ин ноҳияро бо иттифоқи 9 хонуме, ки бо ҷамъоварии имзо машғул буданд, боздошт кардаанд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва раҳбари ситоди номзади ягонаи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова ба Радиои «Озодӣ» гуфт, онҳоро ду мошин кормандони милиса дар ҳудуди ноҳия боздошт карда, ба шӯъба бурдаанд. Маъмурони милиса гуфтаанд, ки далели боздошти онҳо ин будааст, ки гӯё аъзои ҲНИТ мӯҳру имзои раиси ноҳияро тақаллуб карда, ба ҷамъоварии имзо машғуланд.
Боздошти ин гурӯҳи имзоҷамъкунандагони ситоди Бобоназарова дар ҳолест, ки Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР) барои бори аввал эътироф кард, ки дар рафти ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳо ба интихоботи президентии Тоҷикистон мониаҳо вуҷуд доштаанд.
Абдуманон Додоев, роҳбари дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР) рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, “дар рафти маъракаи имзоҷамъоварӣ ҳолатҳои ба таври пурра риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалллии ҳокимияти давлатӣ ошкор гардидаанд”.
Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ талаботи беш аз ҳадд кардаан, назири "гузориш биоред, мактуби расмӣ биоред, шумо созмони ибтидоии ҳизб дар ноҳия надоред ва аз ин қабил, ки мухолиф ба қарори КМИР ва муқаррароти қонун аст." Раҳбари дастгоҳи иҷроияи КМИР мегӯяд, ҳоло ин мушкилот рафъ шудааст ва аҳзоби сиёсӣ то 7 октябр имкон доранд, ки имзоҳои лозимиро барои тарафдории номзад ба мақоми президентӣ ҷаъоварӣ кунанд.
Қаблан ҳам гурӯҳи ташаббускори номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова аз эҷоди монеаҳо дар рафти имзоҷамъкунӣ аз ҷониби раисони ноҳияҳо шикоят карда буданд. Вале мақомот вуҷуди чунин монеаҳоро рад мекард. Ситоди Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ гуфта буд, талаби имзои ҳатмии расии ноҳия дар зери ҳар варақи имзоҳо ба дасти мақомоти маҳаллӣ василае додааст, ки дар роҳи гирдоварии имзоҳо мониа эҷод кунанд.
Изҳороти роҳбари дастгоҳи КМИР дар ҳоле садо медиҳад, ки бино бар хабарҳои расида кормандони милиса раиси созмони ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва чанд хонумеро, ки бо ҷамъоварии имзо барои номзадии Ойниҳол Бобоназарова машғул буданд, боздошт кардаанд.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, КМИР танҳо як бахши монеагузориҳоро эътироф кардааст, аммо дар асл мушкилот бештар аз ин аст. Вай аз ҷумла гуфт, дар ҳоле, ки аз баргузории анҷумани онҳо бештар аз як ҳафта мегузарад, бинобар монеаҳо онҳо натавонистаанд, ба пуррагӣ иҷозати ҳукуматҳои маҳаллиро барои ҷамъоварии имзо дарёфт кунанд.
Саидумар Ҳусайнӣ афзуд: «Аз ҳама муҳимтарин ноҳия, яъне Исфара , ки мо дар он ҷо тарафдорони зиёд дорем, танҳо имрӯз имзо кардаанд. Яъне бубинед, ки аз рӯзи баргузории анҷуман аллакай 10 рӯз гузашт ва барои ҷамъоварии имзоҳо ҳамагӣ 20 рӯз муайян шудааст. Бинобар ин агар воқеан интихоботи шаффоф ва мантиқӣ гузарондан мехоҳанд, бояд мӯҳлати имзоҷамъовариро тамдид намоянд ва ин равандро соддатар кунанд. Дар ҳоле, ки ҷамъоварии 5 фоизи имзо худ як монеаи бузург аст, аммо КМИР ин мушкилотро ду-се маротибаи дигар бештар кардааст. Чун дар қонун наомадааст, ки як шаҳрванд ба тарафдории танҳо як ҳизб имзо гузошта метавонад, аммо ин коммиссиюн мегӯяд, як нафар ҳаққи ба ҷонибдории танҳо як номзад имзо монданро дорад.»
Ба ақидаи ҷаноби Ҳусайнӣ, дахолати ғайриқонунии ҳукуматҳои иҷроия ба маъракаи интихобот ба ҳайси як мушкили асосӣ боқӣ мемонад.
Номзади коммунистҳо Исмоил Талбаков, мегӯяд, КМИР дар рафъи мушкилот ва хилофкориҳо бояд қатъияти бештар нишон диҳад: «То имзо ҷамъкунӣ мо низ бо мушилот рӯ ба рӯ будем. Маслан баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карданд, ки рӯйхати пурраи аъзои ҳизбро ба мо пешниҳод кунед. Ҳол онки ин хилофи қонун аст. Вақте дар мавриди ин масъала мо ба КМИР муроҷиат кардем, ин мушкил рафъ шуд. Албатта, дар ҷараёни кор камбудиҳо пайдо мешаванд, муҳим он ки сари вақт ҳал гарданд. »
Шикояти норозиёнро номзади ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов мушкилоти ҷузъӣ номид ва афзуд, тарафдорони ӯ то имрӯз ба ягон монеаи бузург рӯбарӯ нашудаанд. Вай ҳам аз баъзе мушкилоти ҷузъӣ намуна овард: «дар сохторҳои давлатӣ чи гуна монеъа эҷод мекунанд, яъне масалан метавонанд бигӯянд, ки пагоҳ биёед, ё ин ки мактубро қабул намекунанд ва мегӯянд, ба дигар шакл бинависед. Яъне барои ҳамаи ин кор вақт меравад ва боиси саргардонӣ мешавад.»
Ҳар номзад бояд то 7 октябр имзои 210 000 интихобкунандаро ҷамъ оварда, ба Куммиссиюни марказии интихобот пешниҳод кунад.
То ҳоло барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон 7 номзад пешбарӣ шудаанд. Ойниҳол Бобоназарова аз номи ҳизби наҳзати исломӣ, Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ,Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон - аз Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба ҳамчун номзад пешбарӣ шудаанд. Ду ҳизби дигари расмии Тоҷикистон - ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва ҳизби сотсиал-демократ анҷуманҳои пешазинтихоботии худро ба рӯзҳои 4 ва 6 октябр таъин кардаанд.
Интихоботи рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар интихоботи соли 1990, ки дар Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистони ҳанӯз Шӯравӣ доир шуд, Қаҳҳор Маҳкамов ва дар интихоботи саросарии соли 1991 Раҳмон Набиев раисиҷумҳур интихоб шуданд. Вале ҳарду натавонистанд то поёни мӯҳлат ба кишвар раҳбарӣ кунанд.
Дар поёни соли 1992, баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, мақоми президентиро дар Тоҷикистон аз байн бурданд, вале соли 1994 бо тасвиби Қонуни асосии ҷадид эҳё карданд. Дар се интихоботи ахир, ки солҳои 1994, 1999 ва 2006 доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон ғолиб эълон шуд. Ӯ, ки алакай 21 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, акнун барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат вориди мубориза шудааст.