Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бобоназарова аз президент Раҳмон


Tajikistan -- Tajik human right activist Oinihol Bobonazarova accompanied president of Soros Foundation, Dushanbe, 08Jun2011
Tajikistan -- Tajik human right activist Oinihol Bobonazarova accompanied president of Soros Foundation, Dushanbe, 08Jun2011

Номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди интихобот таъмин кунад.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон(ИНИТ) аз президенти Тоҷикистон даъват кардааст, ки риояи қонуниятро дар раванди интихобот таъмин кунад.

Дар изҳороте, ки хонум Бобоназарова пахш кардааст, омадааст, Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирӣ (КМИР) ба ҳайати коммиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва участкавӣ аъзои ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонро роҳ додааст, дар ҳоле, ки тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқи узвият дар ин коммиссияҳоро надоранд.

Эътирози дигари Ойниҳол Бобоназарова аз ин аст, ки нерӯи маъмурӣ ҳамаҷониба ба раванди интихобот ҷалб шуда, саркашии намояндагони президент – раисони ноҳия ва шаҳрҳо - аз иҷрои дастури КМИР дар мавриди тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо мушоҳида мешавад ва онҳо бо ҳар баҳона барои саривақт ҷамъ овардани имзоҳо ба ҷонибдорӣ аз номзади ИНИТ монеа эҷод мекунанд.

Нуктаи дигари калидӣ, ки мояи нигаронии номзади ИНИТ шудааст,маҳдуд шудани ҳуқуқи конститутсионии қариб 1,5 миллион ҳамватанони бурунмарзӣ барои ширкат дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон шудааст. Дар изҳороти Ойниҳол Бобоназарова омадааст, ки муҳоҷирон қариб 35 дарсад аз ҷамъи интихобкунандагонро ташкил медиҳанд, вале КМИР бо ҳар баҳона талаби неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро «аз хусуси пешгирии истибдод ва барқарорсозии ҳуқуқҳои заъфшудаи конститутсионии ин нафарон, ки аз имкони ширкат дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо маҳрум шудаанд, нодида гирифт.». Ҳамчунин номзади ИНИТ дар баёнияаш гуфтааст, иқдоми дигари «бағоят нигаронкунанда»-и КМИР таъсиси ҳамагӣ 24 қитъаи интихоботӣ дар қаламрави Русия мебошад, ки теъдоди нокифояашон беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистонро аз овоздиҳӣ маҳрум месозад.

Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи 6 ноябр таъйин шудааст. То кунун барои ширкат дар ин корзор 7 номзад - Ойниҳол Бобоназарова аз ИНИТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз номи Иттифоқи ҷавонон ҳамчун номзад ба интихобот пешбарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG