Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи дӯстона ба бадгӯёни Бозор Собир


Вақте Бозор Собир аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, расонаҳои кишвар ғавғову ҳаёҳуеро барпо карданд, ки тамоми расонаҳои дунё ҳангоми марги Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури оташнафаси Венесуэла ва ё ҳангоми аз занаш ҷудо шудани Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия накарда буданд.

Яке менавишт, ки Бозор Собир ғаразмандона бо даъвати фалонӣ омадааст ва фалон гуфтааст, фалониро танқиду бисмадониро таъриф кардааст.

Навиштанд, ки Бозор гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии нодаркору хасакӣ зиёд аст. Магар дурӯғ гуфт, на, воқеиятро гуфт, ки шумо ҳам навиштаед, ки дар Тоҷикистон чанд ҳизби кисагии нодаркоре ҳаст, ки ҳукумат таъсис додааст ва ҳизбҳои дигаре, ҳазор пайрав ё аъзо ҳам надоранд. Ҳангомае, ки расонаҳо барпо карданд аз он хотир буд, чанд одами дигар нашрияашонро бихараду теъдоди корбарони вебсайтакашон аз 6 ба 7 нафар бирасад, зеро Бозор Собирро, дар Тоҷикистон ҳама мешиносад пеш аз ҳама ба хотири ҳунару шеърҳои зебову нотакрораш ва баъд ба хотири баёнияҳои баҳсбарангезаш. Омадани шоири миллӣ ба ватани худаш ба ҷое, ки дардҳояш ӯро шоир кардааст, ба теъдоде хуш наомад, ки ба ҳарзагӯӣ ва таҳқиру тавҳини ӯ шурӯъ карданд.

Ҳар чӣ ба даҳонашон омад, дар ҳаққи шоир гуфтанд, як-ду риёкоре, ки худро ғамхори миллат вонамуд мекунанд, ӯро дар баҳсҳо дар гурӯҳҳову “фермаҳои” тоҷикии Фейсбук бо бадтарин калимоти мавҷуд бо русиву тоҷикӣ носазо гуфтанд, як идда муллотарош, ки “Ҳафтяк” ва ё ҳатто “Қоидаи Бағдод”-ро ба зӯр хатм кардаанд, Бозор Собирро кофиру беимон эълон карданд. Иддаи дигаре, ки дирӯз хабарнависиро ёд гирифтаанду чанд коғазро сиёҳусафед кардаанд ва муҳарриронашон аз таҳрирашон “сил шудаанд,” бо истифода аз минбари расонаҳои мӯътабар андешаҳои бехирадонаи худ дар бораи устод Бозор Собирро хостанд ба дигарон таҳмил кунанд. Ин одамон бо “дилсӯзи миллати Тоҷикистон” вонамуд кардани хеш дар ҳаққи Бозор Собир шоири миллие чунин навиштанд, ки ҳатто “аз барои сабзаву хори Тоҷикистон ғам мехӯрад” ва мегӯяд:

“Аз гулӯям нагзарад нони ту бе ғамҳои ту,
Бе ғами ту ман нахӯрдам об аз дарёи ту.

Аммо он бадгӯён ва гӯё “ғамхорони Тоҷикистон”, ки ин ҳама беҳурматиро дар ҳаққи шоир раво диданд, танҳо ғами шиками худро мехӯранд ва менавиштанду менависанд, ки Бозор Собир акнун ба хидмати ҳукумат камар бастааст ва ину он мекунад. Ҳатто агар ин корро ҳам карда бошад, ҳеҷ касе дар оянда Бозорро бо ин рафтораш ба ёд намеорад. Мисли онки аксарият мадҳияҳои фаровони Саъдии Шерозиро, ки дар васфи ҳокимони замонаш навиштааст, намедонанд, вале аз ҳар касе пурсӣ, "Бӯстон"-у "Гулистон"-и нотакрори ӯро ёд дорад ва ғазали "Эй сорбон оҳиста рон"-ро. Анварӣ дар мадҳиясароӣ ҳамто надошт, аммо бо қасидаҳояш дар ёдҳо мондааст.

Бозор Собир ҳам ёдҳо бо ашъори зебои худ хоҳад монд, зеро ӯ бо як мисраъ шеъраш метавонад, як миллатро сарҷамъ кунад, коре ки ба истилоҳ ғамхорони миллат бо ҳазорон варақ навиштаҳои пучу беасари худ наметавонанд анҷом бидиҳанд. Бозор бо вуҷуди таънаву маломати гурӯҳаки бехирад дар ёдҳо ҳамеша мемонад, аммо номи бадгӯёни ӯро, ҳар қадар ҳоло маъруф набошанд ҳам, то ду-се соли дигар Гугли абарқудрат ҳам бо тамоми алгоритмҳояш пайдо нахоҳад кард.

Аз ин рӯ як маслиҳати дӯстона ба онҳое, ки дар ҳаққи Бозор Собир бадгӯӣ мекунанд. Пеш аз онки номи ӯро ба даҳон оваред, лутфан 20 бор бияндешед. Мумкин аст, аз ин маслиҳат озурда шавед, вале бидонед, ки шумо бо носазо гуфтан дар ҳаққи инсоне, ки дар дили миллионҳо нафар дар Тоҷикистон ҷой дорад, дили онҳоро ҳам озурда кардед. Худи шоир парвои ҳарзагӯиҳои шуморо надорад, зеро шоирон дурандешанд ва Бозор ҳам ин шеърашро солҳо пеш гӯё барои ҳамин рӯз гуфтааст:

“Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Ман кунам шукри каму бисёри ту,
Ман кунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.”
XS
SM
MD
LG