Баъд аз "Роҳпаймоии Белоруси нав", Лукашенко ҷавшан ба тан ва силоҳ ба даст омад
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки бахше аз мардум зиёда аз ду ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, шоми 23-юми август, баъди пароканда шудани норозиён, бо чархбол хиёбони марказии Минскро "гашт". Ӯ дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан ё либоси тирногузар дошт. Лукашенкоро писари понздаҳсолааш Николай ҳамроҳӣ мекард. Ин наворро хадамоти матбуоти президенти Белорус пахш кард:
Рӯзи 23-юми август дар шаҳри Минск "Роҳпаймоии Белоруси нав" баргузор шуд ва дар он ҳазорҳо нафар иштирок карданд.
Лукашенко баъд аз "назорати" хиёбонҳо бо чархбол ба Қасри Истиқлол баргашт ва ба нирӯҳои ОМОН ибрози сипос намуд ва ҳамзамон гуфт, "мо бо онҳо ҳисобу китоб мекунем".
Интихоботи президентӣ дар Белорус рӯзи 9-уми август баргузор шуд. Аз он замон то кунун гуруҳе аз сокинон ба натиҷаҳои расмии интихобот, ки Лукашенкоро бори дигар пирӯз эълон кардааст, норозиянд ва истеъфои ӯ ва баргузори интихоботи навро талаб доранд. Эътирозгарон мегӯянд, дар ҳисоби раъйи мардум тақаллуб сурат гирифтааст.
Аммо Лукашенкои 65-сола, ки аз соли 1994 боз дар сари қудрат аст, худро пирӯзи ин корзори сиёсӣ медонад ва иддао дорад, 80 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Рақиби асосии ӯ дар ин интихобот Светлана Тихановская, ки ҳоло дар Литва паноҳ бурдааст, мегӯяд, 60-70 дарсади интихобкунандагон аз ӯ пуштибонӣ кардаанд.
Баъд аз "таҳдид"-и Лукашенко эътирозҳо дар Белорус идома кард
Бо вуҷуди таҳдиди Александр Лукашенко, ки “корхонаҳоро мебандад” ва “нерӯҳои мусаллаҳро ба ҳолати омодабош даровардааст”, рӯзи 23-юми август эътирозҳо дар Белорус идома кард. Сокинон аз натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август, ки Лукашенкоро баранда эълон кард ва ҳамчунин бархӯрди маъмурони пулис норозӣ ҳастанд.
То ин дам беш аз ҳафт ҳазор нафар боздошт ва садҳо кас аз сӯйи пулиси Белорус латукӯб шудаанд. Бино ба як гузориш, ҷасади ҷавонеро, ки ёздаҳ рӯз пеш ҳангоми тазоҳурот нопадид шуда буд, дар ҷангале дар наздикии Минск ёфтаанд ва осори латукӯб дар баданаш будааст.
Амрико аз интихоботи президентии Белорус интиқод ва саркӯби норозиёнро маҳкум кард.
Александр Лукашенкои 65-сола, ки 26 сол боз дар Белорус ҳукумат мекунад ва бори аввал бо талаби истеъфо рӯбарӯ шудааст, рӯзи шанбе дар гирдиҳамоӣ дар вилояти Гродно дастур дод, корхонаҳои “норозӣ”-ро банданд. Вай 60 дарсади аксҳои нашршуда дар бораи шиканҷа шудани эътирозгаронро низ “фейк” хонд ва даъват кард, он кормандони милисаро, ки нисбат ба тазоҳургарон бадрафторӣ кардаанд, “бубахшанд”.
Ӯ рӯзи шанбе бе ном бурдан аз Светлана Тихановская, номзади мухолифон дар интихоботи 9-уми август гуфт, “созмондиҳандагони эътирозҳои густарда дар кишварҳои ҳамсоя нишаста, аз ҳимояти раҳбарони он кишварҳо бархӯрдор ҳастанд.”
Тихановская, ки баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот ба Литва фирор кардааст, иддао дорад, 60-70 дарсади интихобкунандагон ба ӯ раъй дода буданд.
Ӯ рӯзи шанбе гуфт, мардуми Белорус бояд барои ҳуқуқи худ мубориза кунанд ва иддаои Лукашенко, ки мегӯяд кишвар бо таҳдиди низомӣ рӯбарӯ аст, набояд онҳоро аз роҳ боздорад.
Қарор аст, Светлана Тихановская рӯзи 24-уми август бо муовини вазири корҳои хориҷии Амрико Стефан Биган дар Литва мулоқот кунад. Ҳадаф аз он, дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомез ба ҷанҷолҳои баъди интихобот дар Белорус гуфта мешавад.
Бар асоси гузоришҳо, Биган бо вазирони умури хориҷӣ ва дифои Литва низ дидор хоҳад кард. Вазъият дар Белорус ва масоили дуҷонибаи дифоӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат будааст. Сипас ӯ ба Русия меравад.
Қаблан Иттиҳодияи Аврупо саркӯби “хашину густарда”-и норозиёнро дар Белорус маҳкум карда, ба зидди шахсоне, ки дар саркӯби эътирозҳо ё тақаллуби интихоботӣ даст доштанд, таҳрим ҷорӣ кард.
Лукашенко иттиҳоми дасткорӣ дар натоиҷи интихоботро рад карда, муддаӣ аст, ки 80 дарсади ороро ба даст овардааст. Мавзӯе, ки мухолифону Иттиҳодияи Аврупо онро рад мекунанд.
Иттиҳодияи Аврупо гуфт, натиҷаҳои интихоботи Беларусро эътироф намекунад
Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо гуфт, 27 узви Иттиҳодияи Аврупо натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларусро эътироф намекунанд ва ба зидди онҳое, ки дар тақаллубкорӣ дар интихобот ва саркӯби тазоҳургарон даст доштанд, таҳрим ҷорӣ хоҳанд кард.
Ӯ дар нишасти изтирории раҳбарони иттиҳодия дар рӯзи 19-уми август гуфт: "Иттиҳодияи Аврупо ба зудӣ ба зидди теъдоди чашмгири онҳое, ки дар тақаллубкорӣ дар интихобот ва саркӯби тазоҳургарони интихоботи баҳсбарангез даст доранд, таҳрим ҷорӣ мекунад."
Нишасти мазкур онлайн сурат гирифт.
Бино ба натиҷаҳои расмии интихоботи президентии рӯзи 9-уми август, Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар қудрат аст, бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Мухолифони давлат мегӯянд, интихобот бо қонуншикании зиёд сурат гирифт ва натиҷаҳо низ дасткорӣ шудаанд.
Лукашенко дастур дод, назорати марзҳоро сахттар ва аз бетартибӣ пешгирӣ кунанд
Раиси ҷумҳури Беларус ба Вазорати корҳои дохилӣ дастур додааст, ки аз сар задани нооромӣ дар ин кишвар пешгирӣ кунад. Александр Лукашенко рӯзи 19-уми август ҳамчунин хост, назорати марзҳоро тақвият бахшанд.
Баъд аз интихоботи ҷанҷолии 9-уми август дар Беларус тазоҳуроти норозиён идома дорад. Онҳо истеъфои раиси ҷумҳур Лукашенко ва баргузории интихоботи навро тақозо доранд.
Хабаргузории Белта рӯзи 19-уми август аз қавли Лукашенко гуфт, "бетартибиҳо дар Минск набояд идома кунад. Мардум хастаанд ва хостори сулҳу оромиш ҳастанд."
Вай афзудааст, "ба Кумитаи давлатии марзбонӣ дастур медиҳам, ки ҳифзи сарҳадро аз ҳар ҷиҳат сахттар кунанд, то ба вуруди ҷангҷӯён, силоҳ ва пул аз хориҷа барои маблағгузории беназмиҳо дар Беларус роҳ надиҳанд."
Президенти Беларус рӯзи 19-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти миллӣ дар Минск ҳам гуфт: "Сармоягузорӣ ба тазоҳурот дар хиёбонҳо ва беназмиҳо идома дорад. Кишварҳои ғарбӣ алакай рӯйирост дар бораи ҷамъоварии маблағ ва фиристоданаш ба Беларус ҳарф мезананд. Мо инро мебинем. Албатта, наметавонем ҳамаи пулҳоеро, ки ба инҷо меоянд, пайгирӣ кунем. Бисёре аз ин пулҳо ба таври нақдӣ ворид мешаванд. Мо инро медонем ва ба ин масъала мепардозем."
Александр Лукашенкои 65-сола 26 сол боз ба Беларус ҳукумат мекунад. Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, ӯ дар сабқати сиёсии рӯзи 9-уми август беш аз 80 ва рақиби аслиаш Светлана Тихановская 10 дарсад рой гирифтаанд. Мухолифон ин натиҷаро намепазиранд ва иддао мекунанд, ки дар шумориши овозҳо дасткорӣ ё тақаллуб шудааст.