Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Ҳатто диктаторҳо сахт бовар доранд, ки иқдомоти онҳо фақат барои хушҳоливу хушбахтии мардум нигаронида шудааст. Дар лаҳзаҳои барои ҳукумат душвортарин ҳам онҳо дасти ёрӣ аз мардуми худ мехоҳанд.
Ҳамин шабу рӯзҳои соли 2016 дар Анқара ҳаводисе пеш омаданд, ки гуфтан мумкин аст дар минтақа ва ҳатто сиёсатҳои ҷаҳон таъсири андак нагузошт. Ҳоло ҳам баҳогузорӣ ба ҳаводиси он замон осон нест. Ҳарчанд баъзе умумияту монандиҳо ба ҳаводисеро дошт, ки сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон пеш омад ва онро исён ё табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим меноманд.
Дар қарибӣ бо қасри Президенти Душанбе ҳам он замон ҳодисаҳо чанд соат, шояд чанд дақиқа давом карда, баъдан ба Ромит интиқол ёфт. Ҳадс зада мешуд, ки силоҳбадастону фармондеҳон ё ба Афғонистон фирор кардаанд, ё яке аз кишварҳои ҳамсоя, масалан Ӯзбекистон, ё Қирғизистон. Хабарҳое ҳам буданд, ки онҳо ба сӯи Регар ба умеди дарёфти кӯмак ҷо иваз кардаанд. Он замон Шоҳ Искандаров сардори милисаи ин ноҳия буд. Аз ин ҷост, ки паҳн гаштани ин хабаровозаро чандгуна баҳогузорӣ мекарданд. Вале гурӯҳҳои исёнгари Ҳоҷӣ Ҳалим ба Регар нарафтанд.
Ин шубҳа низ ҷо дошт, ки Ромит барои табаддулотгарон, хоса Ҳоҷӣ Ҳалим минтақаи ноошно нест ва шояд ҳодисаҳо хеле доманадор шаванд. Лекин бо пайдоиши чанд тайёраи бесарнишини русӣ дар Ромит ҷараён дигар ва ҳамин тавр ҳодисаҳо ба зудӣ тамом шуданд. Дар робита ба ин, хеле муҳокима ҳам ҷо дошт, ки дар ибтидову интиҳои ҳодисаи сентябри соли 2015 омили “дасти беруна” ҷиддӣ ҷои по ёфта буд...
Анқара низ соли 2016 чанд соат ва он ҳам шабона ноором гардид. Аҷобат дар ин ҳодиса вақте буд, ки президент Эрдуғон аз мардум даъват ба амал овард, ки ба кӯча резанд ва баъдан як шаби дигарро ҳам дар кӯчаҳо рӯз кунанд. Тасаввур намоед, ки мардум бо зӯри даст нерӯи силоҳро маҳв кард. Ин кори мешуданист?Ё то ҳанӯз нерӯи воқеии мардум сарфи назар гардидааст? Ин баҳси дигарро ба по мехезонад, ки дар умқи он ҳодисаҳо аслан чӣ нуҳуфта буд...
Дар Тоҷикистон ҳам сентябри соли 2015 мегуфтанд, ки як қисми ҷангиёни Ҳоҷӣ Ҳалимро мардуми бесилоҳ боздоштаву ба мақомот таслим кардаанд.
Бардоштҳо аз ин ду ҳодиса, ки яке дар Туркия соле пас аз ҳодисаҳои Тоҷикистон сурат мегирифт, як хулосаи умумӣ дошт: бозии дигаре минтақаро интизор аст ва шояд ин бозӣ бо иштироки низомиёни пурнуфуз сурат мегирад.
Албатта ҳолати дигаре пеш аз ин ҳодисаҳоро мо доштем. Манзур якбора ба ДОИШ рӯ овардани Гулмурод Ҳалимови замоне пурнуфуз дар Тоҷикистон аст. Ин фирори ӯ ва баъдан “вазири ҷанг” эълон шуданашро ҳар гуна, ки маънидод накунанд, ба фикрам ду ҳадаф ва паёми аслӣ дошт:
- “Дасти дароз” –и беруна дар умури низомии як кишвари мустақил;
- Нишон додани аз ҳад мазҳабӣ шудани кишвар.
Принсипи аслии ин қоидаи бозӣ, эҳтимолан дигарбуд: "барои рӯзи мабодо"!
Яъне, мабодо дар оянда намояндагони исломи сиёсӣ, ки таъсири амиқ дар ҷомеаҳои шарқӣ пайдо кардаанд, ба ҷараёни кори қудратҳо халал нарасонанд!?
Мешавад гуфт, ки принсипи "барои рӯзи мабодо", ҳатто бо иқдомоти дар назар худҷӯш (мисле, ки дар Туркия мардум бо даст ба табаддулотгарони мусаллаҳ қиём кард ва дар Тоҷикистон одами мусаллаҳро шахси мулкӣ боздошт) барои қудратҳо имконоти нав ба вуҷуд меоранд. Аз лаҳзаи аввал садо додани исми Гулленро дар ҳодисаҳои Туркия бояд ҳамин гуна фаҳмид, ки аз исломи сиёсӣ (ҳатто онҳоеро, ки дар кишварҳои ғарбӣ нишаставу мақом доранд) акнун дар марказҳои қабули қарори минтақа ва ҷаҳон бо шубҳа нигоҳ мекунанду ба ҳар васила, ҳатто бо дасти элитаҳои ҳукмрон ё нерӯҳои ба истилоҳ худҷӯш маҳв карда метавонанд.
Муҳим ана ҳамин имконоти кишварҳои абарқудрат аст.
Воқеан, таҳаввулоти солҳои ахир дар сиёсатҳои хориҷиву дохилии кишварҳои дуру наздик дар феҳристи мамолики дӯсташон дигаргунӣ ба миён овард.
Раҳбарони кишварҳо, албатта ба гунаи ошкор аз ин “дӯстону душманон” сӯҳбат намекунанд. Тавре дар лексикони сиёсии чанд вақти охири Тоҷикистон таъбири “кишвари барои ҳама маълум” зиёд истифода мешавад. Аммо аз гуфтани номи мушаххас бо сабабҳои маълум худдорӣ мекунанд. Ин гуна ҳолатҳо дар таърихи 29 солаи мустақилияти Тоҷикистон кам набуд.
Бархӯрдҳои Ӯзбекистони замони Каримов бо Тоҷикистонро хуб дар хотир дорем.
Бо Қирғизистон бошад, то ҳанӯз масоили зиёди марзӣ ҳалношуда аст ва тақрибан моҳе нест бархӯрд ва баъзан хунрезӣ сурат нагирад. Воқеан,маблағгузории роҳи баҳсноки байни ду кишварро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат медиҳанд ва дар пайдо шудани ихтилофоти қирғизу тоҷик бисёрии вақт “изи русӣ” ҷӯё мешаванд.
Чин, ҳарчанд мухолифати ошкоре бо мо надорад, аммо даъвоҳои марзӣ тақрибан бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя дошт ва то ҷое онҳоро соҳиб шуд. Ҳоло бошад, мисле, ки “экспансияи иқтисодӣ” –ро муҳимтар меҳисобад ва барои Тоҷикистон бинои гаронарзиши ҳукумат ва парлумон месозад.
Аз Русия ҳарчанд баъзан дар сӯҳбатҳои сатҳи баланд ба унвони “шарики стратегӣ” ёд мешавад ва баъзан не, гуфтан мумкин нест Кремл аз ҳамаи иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон хушаш меояд, ё тақозоҳое дорад, ки ҳоло ҳам бароварда нашудаанд.
Ба Амрикову Аврупо дар Душанбе ҳамеша бо эҳтиёт муносибат доранд. Баъзан дар сатҳи расмӣ ҳам набошад, дар доираҳои таҳлилии ҳукумат мешунавем, ки Ғарб таҳти шиорҳои рушди демократия ва озодиҳои инсон ҳадафҳои дигареро пиёда карданист. Паноҳ ёфтани мухолифини ҳукумат дар кишварҳои Аврупо намешавад гуфт Душанберо асабӣ намекунад. Чанд бор дар назди сафорати Олмон ва қароргоҳи САҲА “гирдиҳамоӣ” низ сурат гирифт.
Бо Эрон бошад, бо сабабҳои маълуму номаълум намешавад гуфт муносибати бисёр хуб дорем. Ҳарчанд Эрон дар баҳсе, ки Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дошт, ҳамеша аз Душанбе пуштибонӣ мекард ва як замонба Тошканд ҳушдор дод, ки зарур шавад нерӯҳи низомии он ба кӯмаки мамлакати ҳамзабонаш мерасад. Ё замоне Каримов интиқоли барқро ба Тоҷикистон манъ кард, Теҳрон ҳаққи нерӯи барқи худро аз Туркманистон дар ихтиёри Душанбе гузошт.
Туркия, ки дар ибтидои матлаб умумиятҳое дар ҳаводисаш бо Тоҷикистон гуфтем, дар назари аввал мушкили хосе бо ҳукумат надорад. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро низ тақрибан дар хокаш роҳ надод, бархеро боздошту истирдод ҳам кард. Умаралӣ Қувватов бошад, маҳз дар ин кишвар кушта шуд. Аммо дар Душанбе шояд фаромӯш намекунанд, ки соли 2015 ду адвокати турк ва як рус барои ҳимоят аз раҳбарони боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи НИТ вориди Душанбе шуданд. Дар Анқара бошад аз баста шудани литсеҳои туркӣ шояд начандон хурсанд бошанд, ҳарчанд фаъолиятиин мактабҳоро ба душмани идеологии худ нисбат медиҳанд.
Зоҳиран, ба миён омадани мухолифатҳо миёни кишварҳо як раванди муқаррарист. Аммо барои кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ заъифе чун Тоҷикистон ин вазъро намешавад нигаронкунанда нагуфт.
Замоне як ҳамкасби мо, вобаста ба ин вазъ навишт, ки “дар шароити кунунӣ намешавад алайҳи ҳама буд ва ҳама алайҳи ту”...
Як вақт марди сиёсие ин ҳама қазияҳоро баррасӣ намуда, гуфта буд, ки барои ҳар мамлакат муҳимтарин шарик ва дӯст танҳо мардуми сарзаминаш боқӣ мемонад!
Дӯсту шарике, ки ҳатто бо дасти холӣ ба муқобили душманони пурсилоҳ мехезад. Аммо, агар як рӯз аз ҳукумат сахт норизо бишавад, чӣ?
Ин формулаи одиро фаҳмидан душвор бошад?
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.