Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми солонааш эълон кард, ки солҳои ҷанг ва пасрафти иқтисодӣ “сояи бӯҳрон пушти сар шуд ва вазъи кишвар қавӣ шудааст.” Обама дар ин паёми солона, ки рӯзи 20 январ ироа кард, аз эҳёи ба сахтӣ ба даст омадаи иқтисоди Амрико истоиш кард ва гуфт, фурсати “бастани ин саҳифа” фаро расидааст.
Ӯ бо истифода аз ин паём сиёсати иқтисодиаш, аз ҷумла боло бурдани андози амрикоиҳои сарватманд ба хотири кӯмак ба қишрҳои нодортарро тавҷеҳ кард: “Оё мо иқтисодеро, ки танҳо барои шумори андаке аз мо хеле олӣ бошад, мепазирем? Ё мо ба тарафи иқтисоде ҳаракат хоҳем кард, ки манбаи даромадҳои бештар шавад ва барои ҳар нафаре, ки талош мекунад, имконият фаро биорад.”
Обама аз Конгресси Амрико даъват кард, барномаи зербиноии бунёди бандарҳои муосир, кӯпрукҳои пурқувваттар, қаторҳои босуръати роҳи оҳан ва дастрасии боз ҳам зудтар ба Интернетро тасвиб кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, бахши хеле бузурги паёми имсолаи Обама ба таври ғайричашмдошт ба масоили дохилии Амрико дахл мекард, то ба умури байналмилалӣ. Ин нахустин паёми раисиҷумҳури демократи Амрико ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагон ва Сенат буд, ки баъди интихоботи моҳи ноябр ин ҳарду маҷлис таҳти назорати ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор гирифтанд. Аксари вакилони ҷумҳурихоҳ алакай гуфтаанд, ки ба бархе аз барномаҳои Обама дар сиёсати дохилӣ мухолифанд. Аммо Обама дар суханрониаш ҳамаи вакилони Конгрессро ба ҳамкорӣ ва худдорӣ аз баҳсҳои ҳизбӣ даъват кард.
Дар арсаи байналмилалӣ, Барак Обама ба “раҳбарии оқилонатари Амрико”, ки қудрати низомӣ ва дипломатияи қавиро фаро бигирад, даъват кард. Обама ваъда супурд, ки террористонро аз “Покистон то кӯчаҳои Порис” бераҳмона таъқиб хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин аз Конгресс хост, то аз эъзоми нирӯҳои нав алайҳи ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳимоят кунад.
Вақте Обама дар бораи ҳамлаҳои хунини рӯзҳои 7-9 январи пойтахти Фаронса сӯҳбат мекард, вакилони Конгресс ба нишони ҳимоят аз озодии баён қаламҳои зардро баланд карданд. Дар ҳамлаи ҷангиёни исломгаро ба маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” ва дар ҷараёни таъқиби ин ҷангиён дар Фаронса 17 нафар, аз ҷумла 8 хабарнигор кушта шуданд.
Обама гуфт, Амрико бо мухолифат ба таҷовузи Русия ба Украина ва бо ҳимоят аз демократия дар Украина аз ин принсип, ки кишварҳои бузургтар набояд ҳаққи кишварҳои хурдро поймол кунанд, дифоъ мекунад. Ӯ афзуд, таҳримоте, ки ба далели ишғоли Қрим ва аъмолаш дар Украина алайҳи Маскав ҷорӣ шуд, ба Русия таъсир кардааст. Обама гуфт, фикри онҳое, ки мегӯянд, иқдомоти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин “намоиши моҳиронаи сиёсат ва қудрат” буд, асос надорад: “Бале, имрӯз, Амрикост, ки имрӯз ба сурати қавӣ ва якпорча дар канори муттаҳидонаш рост истодааст, вале Русия дар инзивоъ қарор гирифтааст ва иқтисодаш фурӯ мерезад.”
Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 21 январ дар нишасти солонаи хабариаш дар Маскав бо ишора бо суханони Обама Ғарбро ба талоши дар инзивоъ қарор додани Русия айбдор кард, вале гуфт, ин талошҳо натиҷа нахоҳанд дод. Ӯ бо даъвати Амрико ба ҳамкорӣ афзуд, Русия хостори Ҷанги сарди нав нест, вале “фишори якҷониба”-и Ғарб болои Русия азми Маскав барои ҳамкориро зарба мезанад. Лавров гуфт, Русия барои ҳалли бӯҳрони Украина тамоми кӯшишашро ба харҷ дода истодааст, вале Киев бояд “бомбборон”-и вилоятҳои ҷудоихоҳи аҳолиаш умдатан русзабони шарқи Украинаро билофисла қатъ кунад. Ғарб ва Киев Русияро дар пуштибонӣ ва таъмини ҷудоиталабони шарқи Украина бо пулу нирӯ ва аслиҳа айбдор мекунанд. Вале Русия инро рад мекунад.
Барак Обама дар масъалаи Эрон ҳушдор дод, ки ҳар навъ таҳримоти нави зидди Ҷумҳурии исломӣ аз сӯи Конгресс ба ҷараёни музокироти ҳастаӣ бо Теҳрон зарба мезанад. Ӯ гуфт, ки рӯи чунин таҳримот вето хоҳад гузошт: “Таҳримоти наве, ки аз сӯи ин Конгресс қабул шуд, дар марҳалаи кунунӣ чизе ба ҷуз аз нокомии талошҳои дипломатӣ нахоҳад буд. Он Амрикоро аз муттаҳидонаш ҷудо мекунад ва ин роҳандозии таҳримотро мушкил карда, боис мешавад, ки Эрон барномаи ҳастаияшро аз нав оғоз кунад.”
Раҳбари Амрико ҳамчунин бурузи яҳудибадбинӣ (антисемитизм) дар бархен қисматҳои оламро таассуфовар номид ва стереотипҳои “пархошҷӯёна” дар бораи мусулмонҳоро низ рад кард.
Обама гуфт, сиёсати Амрико дар мавриди Куба “хеле боз кӯҳна шуда буд” ва аз Конгресс хост, то ба эмбаргои ин давлати коммунистии ҳавзаи Кариб хотима диҳад. Ӯ афзуд, азсаргирии равобити дипломатӣ бо Куба метавонад ба гузаштаи пур аз нобоварӣ нуқта гузошта, дасти дӯстии Амрикоро ба сӯи мардуми Куба дароз кунад.
Мишел Данн, таҳлилгари аршади Бунёди сулҳи байналмилалии Карнегӣ ва коршиноси собиқи вазорати хориҷаи Амрико дар умури Ховари Миёна ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо таваҷҷӯҳ ба чолишҳои қобили мулоҳизае , ки раисиҷумҳури Амрикоро дар ду соли охирини раёсаташ дар сиёсати хориҷӣ дар пешанд,” ӯро тамаркузи Обама ба масоили дохилӣ дар ҳайрат гузошт. Данн гуфт: “Аммо зоҳиран ӯ ин воқеъиятро эҳсос мекунад, ки равандҳои иқтисоди дохилӣ рӯ ба болоянд ва ин як тамоюли дар воқеъ мусбат аст. Хеле мусбат, вақте шумо инро бо тамоюлҳои иқтисодӣ бо ҷаҳони боқӣ муқоиса кунед.”
Ин шашумин паёми солонаи Обама ба ҳайси раисиҷумҳури Амрико буд. Ва барои бори аввал матни паёми ӯ, ҳанӯз пеш аз худи суханронӣ дар Интернет нашр шуд.
Барак Обама, ки ҳоло 53 сол дорад, соли 2008 раисиҷумҳури Амрико интихоб шуда, дар соли 2012 ба давраи дуюм ва ниҳоии чорсолаи раёсат бар бузургтарин иқтисоди дунё даст ёфт. Тибқи қонунҳои Амрико, ӯ дигар ҳаққи ширкат дар интихоботи президентии соли 2016-ро надорад.
Мудири барномаҳои Осиёи ҷанубии Радиои Озодӣ Акбар Аёзӣ дар як мусоҳибаи видеоӣ нуқтаҳои муҳими паёми Обамаро чунин шарҳ дод: