Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар маҳзари ом барои оғози даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш савганд ёд кард. Вай рӯзи душанбе дар саҳни ҳавлии Конгресси Амрико савганди вафодорӣ ёд кард. Дар маросими савганд Ҷон Робертс-раиси додгоҳи олии Амрико ба Барак Обама муроҷеа кард ва чунин гуфт:
“Ҷон Робертс: Лутфан дасти ростатонро боло бардоред ва аз паси ман такрор кунед...
Ман Барак Ҳусейн Обама, ба таври расмӣ савганд ёд мекунам, ки содиқона дар мақоми Раёсати ҷумҳурии Амрико кор мекунам ва тамоми маҳорату тавононии худро ба харҷ медиҳам, то аз Қонуни Асосии Амрико дифоъ кунам. Барои ин аз худо кӯмак мехоҳам”.
Ҷон Робертс: “Муборак шавад, ҷаноби раиси ҷумҳур”.
(Садоҳои кафзанӣ)
Обама як рӯз пеш дар маросими хусусии Кохи Сафед ба таври расмӣ тибқи Қонуни Асосии Амрико ба даври дуввуми раёсаташ оғоз кард.
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳур низ ба таври расмӣ қабл аз Обама ба кор оғоз намуд.
Садҳо ҳазор нафар дар National Mall маросими вижаи оғози даври дуввуми раёсати Обамаро тамошо карданд. Ҷимӣ Картер ва Бил Клинтон-раисони ҷумҳури пешин дар ин маросим ба намояндагони Конгресс ва меҳмонони маросим ҳамроҳ шуданд.
Гулноз Исфандиёрӣ-хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Вашингтон дар гурӯҳи рӯзноманигорон дар маросими савганди Барак Обама ширкат дошт. Вай ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ аз маҳали маросим чунин гуфт:
Гулноз Исфандиёрӣ: Ин дуввумин маросими савганди Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико буд, ки ба таври умумӣ дар Вашингтон дар назди сохтмони Коргресс баргузор шуд. Ҳаво сард буд, бо вуҷуди сармои зимистон бисёре аз амрикоиҳо ба назди сохтмони Конгресс омада буданд ва дар National Mall, ки телевизионҳои зиёде насб шуда буд ва баландгӯҳо низ дошт, метавонистанд ба таври зинда ин маросимро бубинанд. Мардуме, ки ман бо онҳо сӯҳбат кардам, шӯру шавқи зиёде доштанд. Аз шаҳрҳои мухталиф пиру ҷавони зиёде омада буданд. Масалан, аз Вирҷинё Филаделфиё ё шаҳрҳои мухталиф. Ду нафарро дидам, ки аз Лос Анҷелес омадаанд. Аз шаҳрҳои дигар пулисро ҳам оварда буданд. Бештари ононе, ки аз шаҳрҳои дигар омада буданд, мегуфтанд, ки ба Вашингтон омадаанд, то ин маросимро бубинанд. Барои он ки ин маросим барояшон рӯзи таърихӣ аст ва онҳо мехостанд, ки худашон ширкаткунандаи ин ҳодисаи таърихӣ шаванд.
Суол: Барак Обама дар ин суханронӣ ба чӣ нукоти муҳим дар даври дуввуми раёсаташ ишора кард?
Гулноз Исфандиёрӣ: Суханронии оқои Обама хеле умедворкунанда буд. Бештар роҷеъ ба масъалаҳоли дохилии Амрико сӯҳбат кард. Вай дар зимн аз ҳуқуқи муҳоҷирин ва аз ҳуқуқи занон дифоъ кард.
Оқои Обама ҳамчунин аз лузуми демократия дар ҷаҳон сӯҳбат кард ва гуфт, ки Амрико аз демократия дар ҷаҳон ҳимоят мекунад. Вай гуфт, ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон мисли мардуми Амрико ба сулҳу демократия дар ҷаҳон арҷ намегузоранд.
Яке аз масъалаҳои дигар, ки Обама роҷеъ ба он сӯҳбат кард, масъалаи гармоиши сайёраи Замин буд.
Суол: Оё оқои Обама роҷеъ ба дурнамои вазъ дар Ховари Мёна, Эрон ва муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам чизе гуфт?
Гулноз Исфандиёрӣ: Мушаххасан аз кишваре ном набурд вале гуфт, ки Амрико аз озодӣ дар Ховари Миёна ва дар Осиё ҳимоят мекунад. Вай бештар рӯи масъалаҳои дохилӣ ҳарф зад, вале таъкид кард, ки хостори таниш бо ҳеҷ кишваре нест ва мехоҳад, ки душманонро ба дӯст табдил диҳад ва бо ҳамаи кишварҳо равобити беҳтар дошта бошад.
Интизориҳо аз даври дуюми раёсатҷумҳурии Обама
Дейвид Плоуфе, мушовири баландпояи президенти Амрико, мегӯяд, Барак Обама дар даври дуюми раёсатҷумҳуриаш ҳизбҳои демократу ҷумҳурихоҳро ба ҳамкории зич дар ҳалли мушкили буҷа, афзоиши лимити қарзи давлатӣ, назорати силоҳ ва имкони гирифтани шаҳрвандии Амрико ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ даъват хоҳад кард. Ба қавли Плоуфе, паёми президент Обама дар маросими савгандёдкунии 21-уми январ ва паёми солонаи ӯ ба Конгресс ва мардуми Амрико, ки 12-уми феврал доир хоҳад шуд, як бастаи умумӣ мебошад, ки тафсилоти бештари он дар суханронии баъдиаш мадди назар аст.
Муноқишаҳои Барак Обама бо ҷумҳурихоҳони Конгресс афкори ҷомеаи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди дурнамои чор соли ояндаро тақсим кардааст. Бар пояи як назархоҳии рӯзномаи амрикои Вол Стрит Ҷорнел 43 дарсади амрикоиҳо дар бораи чор соли ояндаи кишвар хушбин ҳастанд, 35 дарсад ба ояндаи дурахшон бовар надоранд ва назари 22 дарсад возеҳ нест. Дар сиёсати хориҷӣ ҳам аз Барак Обама интизориҳо зиёданд. Аз эҳтимол дур нест, ки баъд аз як соли хомӯшӣ дар равобити Маскаву Вашингтон ҳам нармише зуҳур намояд. Сафири Амрико дар Маскав тахмин мекунад, ки моҳи сентябр аснои ширкат дар мулоқоти раҳбарони бистгонаи кишварҳои бузург дар Маскав Барак Обама бо раҳбарони Русия мулоқот кунад.
Беҳбуди равобити Вашингтон бо Маскав метавонад ба рушди равобити Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида ҳам кумак расонад. Соли оянда нерӯҳои Эътилофи байналмилалии кумак ба Афғонистон ва аз ҷумла сарбозони амрикоӣ Афғонистонро тарк мекунанд. Ба қавли коршиносони тоҷик сардии равобити Маскаву Вашингтон метавонад ба рушди равобити Душанбеву Вашингтон низ таъсир гузорад. Зеро Тоҷикистону Русия аъзои Созмони паймони амнияти дастҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ ва Созмони ҳамкориҳои Шангҳай мебошанд ва Маскав метавонад тавассути ин созмонҳо монеи тавсеаи ҳамкориҳо шавад. Аммо шореҳи тоҷик Қосимшоҳ Искандаров бар ин назар аст, ки ҳифзи назму суботи Афғонистон ба манфиати тамоми кишварҳои минтақаву олам аст ва аз ин рӯ, эҳтимол касе ба рушди ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Амрико мухолифат накунад.
Қосимшоҳ Искандаров бовар дорад, ки Амрико баъд аз соли 2014 низ шуморе аз сарбозонашро дар Афғонистон нигоҳ дошта, имкон намедиҳад, ки нуфузи Толибон дар шимоли Афғонистон дар марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон афзоиш ёбад. Рӯзи душанбе, 21-уми январ, расонаҳои Чин навиштанд, эҳтимол дар даври дуюми раёсатҷумҳурии Обама Пекину Вашингтон аз камбуди эътимод ва хавф, ки роҳи рушди равобити миёни онҳоро гирифтааст, халос мешаванд.