Ин порчае аз романи нависанда ва вакили собиқи порлумон Мирзонасриддин Саидзода бо номи “Нони шарикӣ” (Сад сол бо Русия) аст. Муҳтавои онро, ки пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, рӯзи 28-уми сентябр дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе баррасӣ карданд. Нависанда суду зиёни сад сол ҳамзистии Тоҷикистонро бо Русия дар симои қаҳрамони асосии асар Ҷовид Мансуров, раиси як колхоз дар водии Вахш, ба тасвир кашидааст.
"Мушоҳидакор ҳастем, вале бетараф"
Баъзе аз адабиётшиносон гуфтанд, ки асар барои насли имрӯза бисёр муҳим аст. Ба қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода, “фоҷиаи Ҷовид Мансуров фоҷиаи як нафар набуд, фоҷиаи миллӣ буд. Мо дар он вақт аз дур медидем, ки дар пеши чашми мо Ковал (Иван Ковал, котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, солҳои 1961-1970) ҳар чизе мехост, мекард. Мо садо баланд накардем. Мо муҳокима накардем. Наметавонистем ҳам. То кай аз як ҳодиса 50-100 сол гузарад, баъд мо гӯем. Ин бар зарари мо аст."
Ӯ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳое, ки дар романи "Нони шарикӣ" инъикос ёфтааст, гуфт, аз фоҷиаҳои сад соли гузашта бояд ибрат гирифт, то дигарбора такрор нашаванд. "Мо мушоҳидакор ҳастем, вале бетараф. Хеле фоҷиаҳое дар таърихи мо аст, ки нисбат ба онҳо бетараф ҳастем. Гузашта аз ин, бадияш он аст, ки баъзеямон мустақим иштирок мекунем, саҳм мегирем, туҳмат мезанем, дурӯғ мегӯем," – шарҳ дод Абдунабӣ Сатторзода.
Достони зиндагии қаҳрамони асосии асар Ҷовид Мансуров чунин аст: Вақте Турсун Улҷабоев (котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, солҳои 1956-1961)-ро барои сарпечӣ аз фармони Маскав ва напазируфтани Иван Ковал (котиби дуюм) ба ҳайси муовинаш ба зиёднависии нақшаи ҷамъоварии пахта гунаҳкор карда, аз сафи ҳизб ронданд. Ҷовид Мансуров аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Ӯро низ дар қазияи зиёднависӣ ҳамроҳ карда, ба ҳукми қатл маҳкум мекунанд. Дертар ҳукми қатл ба 15 сол зиндон иваз мешавад...
“Ана, ҳамин ҷо ҳам баъзе мушкилиҳо шарҳ ёфтааст. Масъалаи изофанавии Улҷабоев соли 1961 буд. Ин қадар сол гузаштааст, вале ҳоло ҳам таҳқиқи ҳамин чизҳо нест. Ҳамин асар як ҳаракат аст, ки ин ба сари миллати мо, ба сари Улҷабоев аз куҷо омад," – гуфт нависанда Кароматулло Мирзоев.
"Нобоварӣ боиси барҳамхӯри СССР шуд"
Ниёз Мирзоев, доктори илми таърих, ба романи тозанашри Мирзонасриддин Саидзода чунин баҳо дод: “Сабабҳои ҳодиса бисёр хуб баён гардидаанд, ки Маскав бо сиёсати нодурусти худ, бо шахсони миллатгаро… русҳо як термин доранд "шовинизм", ки дар солҳои 30-юм буду авҷ гирифт, ин нобоварӣ ба халқҳо, миллатҳои дигар буд. Ҳамаамон “ватанамон СССР” мегуфтем, ёдатон бошад. Лекин ҳамин нобоварӣ боиси таназзул ва барҳамхӯрии СССР гардид”.
“Нони шарикӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро дар пай дошт. Баъзеҳо аз он тавсиф намуданд, бархе танқид карданд. Аз ҷумла, барои он ки ҷанбаҳои таърихии он муҳкам нест. Чунин баҳсҳо боиси таваҷҷуҳ ва харидориву мутоилаи бештари ин асар низ гаштааст.
Ба назари сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, муносибати Тоҷикистон бо Русия рӯшан аст. Вале дар амал, ба гуфтаи ӯ, "бисёр гапҳо, бисёр муносибатҳое аст, ки барои зеҳни ҷомеа барои хонанда, рӯзноманигорон ва мардум савол меофарад. Дар масъалаи муносибат бо муҳоҷирон, дар масъалаҳои гуногун."
Абдуллоҳи Раҳнамо афзуд, "ҳанӯз гурӯҳҳое ҳастанд, ки агар ба Русия каме эрод гирӣ, даррав ҳукм мегирӣ. Ё ҷонибдорӣ кунӣ, ё мухолифат кунӣ. Охирон хоҳиши ман аз устод ҳамин аст: ба назари ман, як ҷуръат карда, ҳамон давраро нақд кардааст. Вақте ҷонибдорони он давра бархостанд, худашонро сафед карда истодаанд. Ин даркор нест. Шумо ба дифоъ гузаштед, ки мақсад ин набуд. Чаро шумо оғоз накунед нақди ҳамон давраро? Агар асос дошта бошад, ҳеҷ ҷои бадӣ нест. Аз ҷавобе, ки навиштед, ман ҳис кардам, ки каме дар ташвиш шудед. Агар ҳамон хатро давом диҳед, баръакс, як кушоише дар ҳамин масъала дар муҳити фикрӣ мешавад, хуб аст."
Дар бораи таърихи тоҷикон, аз ҷумла зиндагии тоҷикон дар аҳди Шӯравӣ асарҳои гуногуне навишта шудааст, вале дар романи “Нони шарикӣ”-и Мирзонасриддин Саидзода баъзе аз қолабшиканиву ифшои камбудҳои бармало инъикос ёфтаанд. Ӯ аз ин пеш "Оташ дар хонаи қадим" ва "Шаби душвор"-ро нашр карда буд.
Худи нависанда гуфт, ҳадаф аз навиштану нашри "Нони шарикӣ" нишон додани он аст, ки дар як асри охир аз сари тоҷикон чӣ гузашт. "Имрӯз мо ба куҷо меравем? Хаёл мекунам, ки як нигоҳи таърихӣ бояд бошад ба хонандаи мо. Фақат барои он ки мардум донанд, ки гузаштаи мо чӣ гуна буд," – хулоса кард ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед: