Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде, ки дар Бадахшон ҷавони 27-соларо кушт


Акс аз бойгонӣ. Маркази шаҳри Хоруғ, соли 2012
Акс аз бойгонӣ. Маркази шаҳри Хоруғ, соли 2012

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Қосим Абдурасулов, сокини шаҳри Хоруғро, ки дар куштори ҷавони 27-сола муттаҳам мешавад, боздошт кард. Алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “куштор” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” – парванда боз шудааст.

Вақте ҷои пинҳоншавиашро ёфтем, ба ӯ огоҳӣ дода шуд, ки таслим шавад. Ба кормандони милиса муқобилият нишон надод ва таппончаашро гузошт

Ин мард нисфирӯзии 16-уми июл дар маҳаллаи Хоруғи Боло, маъруф ба “Бархоруғ”, дар пайи як муноқиша ба сӯи Алиназар Қамбаров аз таппонча тир холӣ кардааст. Қамбаров аз зарби тир, ки ба пешониаш расид, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта ин мард боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳе дар шаҳри Хоруғ нигаҳдорӣ мешавад. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ҷузъиёти боздошти Қосим Абдурасуловро шарҳ надод, вале як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте ҷои пинҳоншавиаш пайдо шуд, ба ӯ огоҳӣ дода шуд, ки таслим шавад. Ба кормандони милиса муқобилият нишон надод ва таппончаашро гузошта, таслим шуд.»

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки гумонбар дар як боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ мешавад
Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки гумонбар дар як боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ мешавад

Ин мард дар ҳоле даст ба куштори Алиназар Қамбаров задааст, ки ҳангоми омодагӣ ба чорабинии бахшида ба 60-умин солгарди имоматии Шоҳзода Карим Оғохон дар маҳаллаи "Бархоруғ"-и шаҳри Хоруғ бо ӯ гӯё барои ҷойи нишаст баҳс кард. Дар ин маърака навори паёми видеоии ҷашни 60-умин солгарди ба тахт нишастан ё имоматии Шоҳзода Оғохони 4 пахш шуд.

Ҷустуҷӯи марде, ки дар Хоруғ як ҷавонро кушт

Як шоҳиди ҳодиса рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Алиназар Қамбаров дар ин чорабинӣ ҳамчун ихтиёрӣ масъули назорати ҷойҳои нишаст буд. Ин шоҳиди ҳодиса, ки бинобар ҳассос будани мавзӯъ нахост аз ӯ ном барем, гуфт, “вақти ҷобаҷокунӣ ин ҷавон ба Қосим Абдурасулов мегӯяд, аз як ҷой ба ҷои дигар бинишинад. Дар ҳамин ҷо баҳси лафзӣ дар байни онҳо сар шуд. Зоҳиран Қосим худашро таҳқиршуда ҳисоб карда, пас аз чорабинӣ аз хонааш таппончаро гирифтаву ин ҷавонро дар манзили зисташ ба қатл расондааст”.

Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Қосим Абдурасулов, бародари Ферайдун Абдурасулов аст, ки 21-уми майи соли 2014 дар пайи як амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд. Мақомот ӯро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекарданд ва ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба мақомот ба ҳалокат расид.

Дар пайи ин ҳодиса дар маркази Хоруғ гурӯҳе аз сокинон даст ба гирдиҳамоӣ зада, биноҳои мақомоти қудратиро ба оташ кашиданд.

Сокинон мегӯянд, истифодаи силоҳ дар баҳс миёни одамони мулкӣ далели ин аст, ки ҳанӯз дар дасти бархеҳо силоҳи ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Моҳи октябри соли 2016 Фирӯз Одинашоев, дар шаҳри Хоруғ бо силоҳи оташфишон дар "разборка"-и кӯчагӣ ба ҳалокат расид. Моҳи июли соли 2015 Давлат Кименов, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯшон низ дар чунин баҳс бо тапонча кушта шуд.

Абдулло Назаров
Абдулло Назаров

Тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, пас аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Бадахшон барои боздошти гумонбарон дар ин куштор амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Пас аз ин амалиёт телевизиони давлатӣ намоише аз маъракаи ихтиёран супурдани силоҳ дар шаҳри Хоруғ пахш кард. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки даҳҳо сокин силоҳи худро ихтиёран ба мақомот супурда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.

Бо ин вуҷуд, ҳамасола ҳодисаҳои истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби одамони мулкӣ дар баҳсҳои маишӣ дар вилояти мухтори Бадахшон ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG