Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи марде, ки дар Хоруғ як ҷавонро кушт


Маркази шаҳри Хоруғ
Маркази шаҳри Хоруғ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Қосим Абдурасулов, сокини шаҳри Хоруғро, ки дар куштори ҷавони 27-сола муттаҳам мешавад, мавриди пайгард қарор дод. Ин мард нисфирӯзии 16-уми июл дар маҳаллаи Хоруғи Боло, маъруф ба “Бархоруғ”, дар пайи як муноқиша ба сӯи Алиназар Қамбаров аз таппонча тир холӣ кардааст. Қамбаров аз зарби тир, ки ба пешониаш расид, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ сабт шуд. Гумонбари куштор Қосим Абдурасулов аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. "Ҳоло маълум нест, ки силоҳро ин мард аз куҷо дастрас кардааст. Ҳодиса таҳқиқ мешавад ва барои боздошти гумонбар ҷустуҷӯ идома дорад", - гуфт ӯ.

Қосим Абдурасулов, бародари Ферайдун Абдурасулов аст, ки 21 майи соли 2014 дар пайи як амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд

​Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти кушторро шарҳ надод, вале сокинон мегӯянд, ки баҳс ҳангоми омодагӣ ба чорабинии бахшида ба 60-умин солгарди имоматии Шоҳзода Карим Оғохон дар маҳаллаи "Бархоруғ"-и шаҳри Хоруғ рух дод. Дар ин маърака навори паёми видеоии ҷашни 60-умин солгарди ба тахт нишастан ё имоматии Шоҳзода Оғохони 4 пахш шуд.

Як шоҳиди ҳодиса рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Алиназар Қамбаров дар ин чорабинӣ, ҳамчун ихтиёрӣ, масъули назорати ҷойҳои нишаст буд.

Ин шоҳиди ҳодиса, ки бинобар ҳассос будани мавзӯъ нахост аз ӯ ном барем, гуфт, “вақти ҷобаҷокунӣ ин ҷавон ба Қосим Абдурасулов мегӯяд, ки аз як ҷой ба ҷои дигар бинишинад. Дар ҳамин ҷо баҳси лафзӣ дар байни онҳо сар шуд. Зоҳиран Қосим худашро таҳқиршуда ҳисоб карда, пас аз чорабинӣ аз хонааш таппончаро гирифтаву ин ҷавонро дар манзили зисташ ба қатл расондааст”.

Ҷасади ҷавони кушташуда бегоҳи рӯзи 16-уми июл ба хок супурда шуд.

Қосим Абдурасулов, бародари Ферайдун Абдурасулов аст, ки 21-уми майи соли 2014 дар пайи як амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд. Мақомот ӯро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекарданд ва ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба мақомот ба ҳалокат расид.

Хоруғ. 21-уми майи соли 2014
Хоруғ. 21-уми майи соли 2014

Дар пайи ин ҳодиса дар маркази Хоруғ гурӯҳе аз сокинон даст ба гирдиҳамоӣ зада, биноҳои мақомоти қудратиро ба оташ кашиданд.

Сокинон мегӯянд, истифодаи силоҳ дар баҳс миёни одамони мулкӣ далели ин аст, ки ҳанӯз дар дасти бархеҳо силоҳи ғайриқонунӣ вуҷуд дорад.

Моҳи октябри соли 2016 Фирӯз Одинашоев, дар шаҳри Хоруғ бо силоҳи оташфишон дар «разборка»-и кӯчагӣ ба ҳалокат расид. Моҳи июли соли 2015 Давлат Кименов, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯшон низ дар чунин баҳс бо тапонча кушта шуд.

Тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, пас аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Бадахшон барои боздошти гумонбарон дар ин куштор амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Пас аз ин амалиёт телевизиони давлатӣ намоише аз маъракаи ихтиёран супурдани силоҳ дар шаҳри Хоруғ пахш кард. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки даҳҳо сокин силоҳи худро ихтиёран ба мақомот супурда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.

Бо ин вуҷуд, ҳамасола ҳодисаҳои истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби одамони мулкӣ дар баҳсҳои маишӣ дар вилояти мухтори Бадахшон ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG