Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: Дар суроғи бародаре, ки дӯст бошад…


Акбари Турсон
Акбари Турсон
"Афсӯс бар мо! Афсӯс бар мо!.. Мо, мардум, ҳама вақт дар фикри хиёнат намудан ба бародарони худ буда, ҳуқуқи якдигарро ғасб ва тасарруф мекунем. Кори мо тақаллуб ва дурӯғу фиреб аст… Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое!" (Мирзосироҷи Ҳаким, таҷаддудхоҳи тоҷик, Бухоро, соли 1910)

Бахши аввал: Ҳамла ба Айнӣ

Акбари Турсон, академик

Бархилофи ҳақиқати таърихӣ ё муболиғаи таърихнигорӣ набуд, агар гуфта шавад, ки дар аввалҳои садаи бист дар сартосари қаламрави Хуросони Бузург як тоҷики бедормағзу равшанравон мезист, ки арзи гузаштадониву тӯли фарҳангшиносиаш ба жарфои ҳисси ватанпарастии асилаш тавъам буд. Вай аз шарикдарсон, ҳамкасбон, ҳамкорон ва мудаққиқони ҳамзабону муҳаққиқони ҳамзамонаш аз рӯйи вусъати хештаншиносии иҷтимоӣ ва махсусан умқи масъулиятшинохтии таърихӣ куллан фарқ мекард. Исми шарифи он ягонаи айём Садриддини Айнӣ мебошад, ки эшонро акнун ба унвони “Устод Айнӣ” хурду калон мешиносанд.

"Ба парда то ба чандин рози тоҷик?

Биё, биншин, шунав овози тоҷик.

Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ

Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик!"

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Муроҷиатномаи манзум маҳсули қалами сеҳркирдор, вале соданавису ҳамагирест, ки дар як давраи сарнавиштсози таърихи сахту сангинамон ба гунаи фотиҳаи муборакбодӣ ба муносибати нашри нахустин шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” навишта шудааст. Ин порчаи шеърии меҳрангезу садоқатомӯзро бад-ин сурати рангину бад-он сирати амиқ ба унвони рӯзу рамзи ташаккули худшиносии фардию иҷтимоии тоҷик ва таҷассуми хештаншиносонии тоҷикон ба гунаи миллат пазируфтан мебояд, ки баёни воқеъ бувад.

Устод Садриддини Айнӣ рамзу рози як марҳилаи бузурги таърихи навинамонро таҷассум менамояд: замонаеро, ки ҳам аз рӯйи миқёсу аҳамияти воқеаҳои тақдирсозаш ва ҳам аз ҷиҳати фоҷианокии рангу раванди рӯйдодҳояш беназир будӣ!

Мунтақидони навбаромад Айниро ба он айбдор кардаанд, ки устод ба натиҷаи марзбандиҳои болшевикона розӣ шуда (ҳатто Самарқанду Бухороро Ҳофизвор ба як холи ҳиндуи русҳо бахшида будааст: маҷозан нею воқеан!) Ва аз ин рӯ минбаъд ягон бор ба чунин марзбандиҳои таърихан нодуруст ва ахлоқан ғаддоронаи Маскав эътироз накардааст; бе он ки низоми болшевикиро донад, аз он дифоъ намуда, ба хидматаш пардохтааст; алифбо ва забони форсигӯёни Осиёи Марказиро дигар карда; аз манофеи мардуми худ ҳимоят нанамуда, дар подош аз тарафи Сталин раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин гаштааст ва ғайра ва ҳоказо.

Ин олимтарошҳо агар ба навъҳои эътироз ва фарҳанги он таваҷҷуҳ мекарданд, ба камияш дармеёфтанд, ки далели дар Самарқанд зистану аз он дил накандану ҳамеша пайванд будани Айнӣ бо ин шаҳр худ аломати эътирози ғайримустақим ва маҷозӣ ба натиҷаҳои ҳамон “табартақсим”-и сарзамини тоҷикон буд.

Гузашта аз ин, домулло Айнӣ бар хилофи бадгумонии мунтақидони беинсофаш ба эътирози мустақими илмӣ низ пардохта буд. Муҳимтарин санади таърихие, ки инро равшан тасдиқу таъйид мекунад, "Намунаи адабиёти тоҷик" аст, ки бо супоришу дастгирии моддию маънавии Ҳукумати ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон (мушаххасан Абдуқодир Муҳиддинов) сарбаландона анҷом додааст.

“Намуна” ду ҳадафи бармалои идеологию сиёсӣ ва маданӣ дошт: аввалан, собит кардани бостонитарин қавми минтақа будани тоҷикон ва сониян, вуҷуд доштани забони адабии тоҷик. Ҳамзамон домулло таъйиду таъкид карда ки забони тоҷикӣ усулан ҳамон забонест, ки муаррихони забонҳои эронӣ “форсии нав” унвон мекунанд. Ва ҳамин иқдоми таърихию фарҳангии Устод Айнӣ буд, ки рангу раванди баҳсҳои баъдинаро дар бораи хостгоҳ ва мақому мартабаи забони адабии форсӣ муайян кард.

Яке аз дастнависҳои Садриддин Айнӣ
Яке аз дастнависҳои Садриддин Айнӣ

Дар баробари ин эшон ба як хулосаи куллии таърихӣ омад, ки принсипи зиддитоҷикии марзбандии болшевиконаи Осиёи Миёнаро усулан барбод медиҳад: “Ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо (Варорӯду Хуросон – А.Т.) маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда; сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик... дар ин ҷоҳост!”

Эшон бо ишора ба қавӣ будани истимрори суннатҳои мадании тоҷикон низ афзуда, ки онҳо бар хилофи сахтиҳои таърихиашон то кунун "забон, урф, одат ва адабиёти худро батамом ва камол нигоҳ доштаанд". Ҳадафи мушаххаси ин хулосаи куллӣ тарғибот ва талқиноти туркгароёни вақт дар боби дар муҳити иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии туркони маҳаллӣ ҳаллу фасл шуда рафтани тоҷикон буд...

Баҳси "Аввал хеш, баъд дарвеш"

Аз ин рӯ интиқоде, ки солҳои соҳибистиқлол шудани куҳандиёри навободамон дар муҳити худи Эрон ва пасон миёни эрониёни берунмарзӣ (муҳоҷирони ғарбнишин) мисли раъду барқ дар рӯзи равшан ногаҳон садо дод, моро ба гирдоби тааҷҷубу таассуфу таарруз андохт! Манзурам мақолаҳои зиддитоҷикиест, ки аввал дар маҷаллаи эронии “Бухоро” ва дубора дар маҷаллаи форсизабони “Эроншиносӣ” (Амрико) дарҷ шуд.

Мутаассифона, ба иллати бепарвоии тоҷиконаи ҳамгинони ман дар Академияи миллии илмҳо ва Иттиҳоди нависандагон он ҳамлаҳо сари вақт аз ҷиҳати илмию адабӣ рад карда нашуд. Ва ҳол он ки навиштаҳои бародарони «ӯгай»-и мо фақат ғаддорона ва ҷоҳилона набуд; муаллифони ҳангоматалаби эронӣ зишттарин навъи танқидро интихоб кардаанд, ки дар муҳити илмӣ барҳақ интиқоди разилона хонанд: ба ҷойи таҳлили корномаи адабӣ ё илмии Устод Айнӣ, хосса ақидаҳои мушаххаси эшон дар забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва ё таърихшиносӣ, ба шахсияти ҳалолу поки ӯ дарафтода, ба сари он фарҳангии бузурги тоҷик гуноҳҳои сиёсиеро бор кардаанд, ки аз воқеияти таърихӣ фарсахҳо дуранд!

Банда ҳоло банд ба банд танқидҳои сабукборонаи ин муаллифонро баррасӣ мекунам ва дар охири матлабам як пешниҳод дар миён мегузораму умедворам, он мавриди ҳимоят қарор мегирад.

Сардабирони маҷаллаҳои “Бухоро” (Алии Даҳбошӣ) ва “Эронишиносӣ” (Ҷалоли Матинӣ)-ро шахсан мешиносам, лекин одоби тоҷиконаро риоя намуда аз баёни таассуроти фардиам дар бораи шахсияти онҳо худдорӣ мекунам...

Дар оғози довариномааш Матинӣ менависад: “Ман тахассусе дар забони тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистон надорам!" Иқрори комилан дуруст! Ман вазифаи довариро ба ӯҳда гирифтани д-р Матиниро шунида, аввал хурсанд шудам. Ба ҳар ҳол ҷанобашон бо даъвати расмии ман ҳамроҳи марҳум Эҳсони Ёршотир ба Тоҷикистон омада, бо тоҷикон аз наздик шинос шуда буд. Лекин довариномаашро хонда, ҳуш аз сарам парид!

Ҷойи ҳайрат ва таассуф аст, ки ин шахс бо вуҷуди иқрораш, ки дар забони тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистон тахассусе надорад, ба худ ҳаққи маънавӣ медиҳад, ки даҳонашонро пур карда, корномайи устод Айниро арзёбӣ кунад; хусусан ки ин гуфтаашон нишони хоксорӣ не, балки ноз ва аломати ғурурест, ки намедонам чӣ гуфта нақд кунам.

Дигар иғвономайи Масъуди Ҳусайнипур ва Озитои Ҳамадонӣ “Аввал хеш, дувум дарвеш: нигоҳе дигар ба Садриддин Айнӣ” рисолаи илмӣ ва ҳатто эссеи адабӣ ҳам нест, ки онро ба ҷид таҳлилу таъбир кунӣ; як мақолаи шогирдона, вале иқдоми пуриддаои сиёсимаобест, ки ҳатто ба иншои шӯравишиносони собиқи Ғарб ки ба шӯравиҳо (аз ҷумла тоҷикон) ҳусни таваҷҷӯҳ надошта бошанд ҳам, аз тӯҳмату дурӯғ худдорӣ мекарданд, лофи баробарӣ зада наметавонад!

Матинӣ аҳли саводи тоҷикро худкомона ба ду синфи мутазод: гурӯҳе, ки Айниро "хойин" ва иддае, ки вайро "қаҳрамони миллӣ" медонанд, ҷудо намуда, доварӣ кардан хостааст, ки “ҳақ бо кадом даста аст”. Ҳамзамон довари сохтаном иқрор намудааст, ки “дар забони тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистон тахассусе надорам”. Ин тавр ки бошад, ҷаноби олӣ, ҳаққи маънавӣ ҳам надоред, ки доварӣ кунед! Ин тақозои алифбоист дар нақди адабӣ ва андешаи илмӣ! Хусусан ки дар забони тоҷикӣ ҳам салоҳият надоштаед!

Аввал шаҳр-шаҳр, қаря-қаря ва фирқа-фирқа шуда, якдигарро задем, якдигарро куштем, хонаи якдигарро тороҷ ва яғмо кардем, ирзу номуси якдигарро барбод додем. Боз ҳушёр нашудем, боз ба хонахаробии якдигар кӯшидем, оқибат ба зери бандагии давлати мустабидаи рус уфтодем.

Ба ҳамин муносибат аввал ба як далели номатлуб ишора карда мегузарам. Ин вақтҳо дар доираи шӯравишиносони собиқ ва шогирдону пайравони онҳо “тоҷикшиносии сиёсӣ” ба як мавзӯи мубрам табдил ёфта истодааст – на ин ки аз ҷиҳати мазмун, балки ҷиҳати он ки ҳарифони ҳолдону ҳозирҷавоб надорад! Агар медоштем, ба ҳамлаи ҷоҳилона ва бадхоҳонаи айнишиносони навбаромади хориҷӣ кайҳо ҷавоби сазовор медодем. Пас, аҷаб нест дар ҳамон доираҳо дарк кардаанд, ки мавзӯи тоҷику тоҷикшиносӣ мисли пеш соҳиб надорад; ба ҳар ҳол касе ба навиштаҳои онҳо эрод гирифта ҷанҷоли байналхалқӣ намебардорад! Агар ҳатто тоҷикшиноси сохтаном саводи кофии таърихӣ ва одоби илмӣ надошта бошаду ба унвони “кашфиёт” ё “бозёфт” ҳарза мегуфта бошад! Ку, ҳамон минтақашиносони “ҳақгӯ” дар ҳамон сатҳи илмию ба ҳамон оҳанге, ки “тоҷикшиносӣ” мекунанд, ба узбекшиносӣ ё қазоқшиносӣ пардохта ва ҷуръат карда хусусияти миллатсозиҳои болшевикиро дар мисоли таърихи навини Узбекистон ва Қазоқистон шарҳу тафсири сиёсӣ дода тавонанд?!

Ба гумонам, ҳамон Ҳусайнипур коршинос ё коромӯзи яке аз марказҳои аврупоии минтақашиносӣ дар Берлин аст. Чанде пеш аз ҳамон ҷо Бӯтакӯз Қосимбекова ном “тоҷикношинос” овоз бароварда, ба шаҳрвандони ғофили Олмон ва сонитар Русия талқин карданӣ шуд, ки мафҳуми “тоҷикон” сохта ва бофтайи академик Ғафуров асту бас!

"Осон магир, осон магӯ!"

Яқинан фалсафаи сиёсии конструктивизм аст, ки барои “пажӯҳиш”-ҳои Ҳусайнипур ва Қосимбекова раҳнамои методологӣ мебошад! Бо вуҷуди ин ба матни наққодони номбурда аз айнаки меъёри илмӣ нигоҳ мекунам. Ва мебинам, ки онҳо як ибораи маҷозии Айнӣ «Аввал хеш, дувум дарвеш»-ро (зарбулмасале, ки Устод ба унвони сарлавҳаи яке аз мақолаҳои забоншинохтиашон кор фармудааст) ба сифати ҳамон “гиреҳ”-и гуфтаи Барт пазируфтаанд. Фақат ҳамин қадараш ҳаст, ки қаламбадастони ҳаваскор қавли Устодро таҳтуллафзӣ тафсир намуда (“пеш аз ҳама манфиати худӣ, баъд – навбати дигарон”!), чунон ки конструктивистонро бояд, контексти таърихиашро сарфи назар кардаанд; донистан нахостаанд, ки он вақт Айнӣ чӣ қадар тангмайдон буду аз замона чӣ нигарониҳое дошт? Ва эшон ҳамчун шахсияти хештандор нигарониҳояшро ба чи тариқи ба назараш камзарар бартараф кардан мехосту ҳамон замон ва минбаъд бо чӣ муқоваматҳои идеологии хатарнок рӯбарӯ шудааст.

Матинӣ ва шарикони ҳаммашрабаш Айниро айбдор кардаанд, ки бо ташаббус, маслиҳат ва ё ҳеч набуд, бо мусоидати хомӯшонаи эшон шӯравиҳо алифбои арабию форсиро дигар карданд! Ва ҳол он ки Айниро ба ягон ташкилот ё кумисюни алифбосозӣ ҳатто ба унвони мушовир ҳамроҳ накарда буданд! Чунончӣ, Устод ба Лоиҳаҳои лотинӣ кардани алифбо, ки ба қалами Фитрат ва Семенов таҳия шуда буд, муносибате надоштанд! Аз ин рӯ ҳам дар мақолаҳояш дар ин мавзӯъ тазаккури “аз рӯйи шунид” дида мешавад. Ҳоло бигӯед, ки “аз рӯйи шунид”, то куҷо далели илмӣ буда метавонад?

Дигар як тазаккури Айниро ҳам мулоҳиза фармоед. Дар оғози ҳамон мақолае, ки мавриди таҳлили интиқодии мунаққидони ғаразманди бесалоҳият қарор гирифтааст, Устод кинояомезона гуфтааст: “Имрӯзҳо дар бораи чӣ будании забони тоҷикӣ мунозира ва гуфтугузор меравад. Азбаски бештарини ин мунозираҳо дар матбуоти русӣ ва бо забони русӣ гузориш ёфта истодааст, мо, нависандагони тоҷик, ки забони худро базӯр медонем – чӣ ҷои забони русӣ! – аз рӯҳи ин мунозираҳо ва аз чӣ иборат будани фикри ҳар кадом мунозиракунандагон бехабарем”.

Пас, дар чунин вазъият устод Айнӣ чигуна метавонист ба рангу раванди баҳсҳои онвақта нуфузи муассир кунанд?! Осон магир, осон магӯ!

Рост, Айнӣ баъди қабули Лоиҳаи Фитрат таҳти унвони “Алифбои нав, дунёи нав” шарҳи илмию оммавӣ навишта буданд. Вале иқдоми эшон на хушомад ба давлат буду на хиёнат ба миллат! Наққодони ҳадафманд бошанд, мақолаи Айниро зеҳн монда нахонданд ва муҳимтар аз ин, этоси таърихию иҷтимоии муаллифро нек дарк накарданд. (Андар ақидаи забоншинохтии устод Айнӣ минбаъд мақолаи алоҳида ва густарда хоҳам навишт, зеро дар байни баъзе тоҷикони забондон низ суитаъбири ақидаи Айнӣ ба чашм мерасад.)

Як ҷиҳати хоссатан муҳимми ташаккули ҳувияти миллии тоҷикӣ ин буд: номвожайи қадими “тоҷик” фақат дар кӯҳистон монда буд. Дар Бухоро бошад, онро ҳатто Аҳмади Дониш корбаст намекард. Чӣ расад ба Файзуллохӯҷа, ки дар арафаи марзбандиҳои миллӣ аз минбари масҷидҳои шаҳр зери шиори “ин ҷо тоҷик гуфтанӣ халқ худаш нест!” туркгароӣ мекард. Бино бар ин дар водиҳои тоҷикнишин исми асили форсизабонони таҳҷойиро аз нав эҳё намуда, дар ҳудуди консептуалии ин мафҳуми қадимзамон (ба қавли Айнӣ, таърихи номвожайи “Тоҷик” аз қарни ҳаштуми мелодӣ оғоз меёбад) ягонагии қавмии тамоми тоҷикони минтақаро барқарор кардан мебоист. Ин кори мураккаби таърихию маданӣ ва рӯҳонию равониро ҳам Устод Айнӣ ба зиммаи худашон гирифтаанд.

Он иқдоми илмию амалӣ тарафи муҳими байнулмилалӣ ҳам дошт, ки худшиносонӣ унвон мекунам. Чунонки гуфта омад, солҳои бист дар беруни Осиёи Миёна, ҳатто миёни донишмандони эроншинос, аз вуҷуди таърихии “тоҷик” ном халқи форсизабон дараке набуд. (Е. Э. Бертелс сахттар гуфта: “намедонистанд ва донистан ҳам намехостанд”!) Мероси мадании тоҷикон бошад, андаруни мафҳуми “адабиёти форсӣ”, “илми арабӣ” ва “тамаддуни исломӣ” ҳаллу фасл шуда рафта буд.

Рӯдакӣ. Айнӣ. Сталин

Дар эътирофи ҷойгоҳи тоҷикон дар таърихи адабиёти форсӣ Устод Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари ин адабиёти ҷаҳоншумул нақши марказӣ бозида метавонист. Вале маъхазҳои таърихӣ фақат гувоҳӣ доданд, ки зодгоҳи ӯ дар гирду атрофи Самарқанд будаст. Ва агар ин маълумот собит мешуд, дар ҳозира вазъи ҷуғрофию фарҳангӣ масъалаи аслу насаби Рӯдакӣ мавриди қилу қоли таърихдуздони найрангбоз қарор гирифта метавонист.

Рангу раванди чунин ҳаромкорию ҳаромхӯриҳои таърихиро аз рӯйи баҳсу мунозираҳои ғайриилмӣ перомуни аслу насаби Абӯалӣ ибни Синои бухоризода муайян кардан осон аст, ки ҳангоми ҷашни ҳазорсолагии Аллома ба вуқӯъ пайваст. Охир, кор то иваз кардани зодгоҳи таърихии нобиғаи тоҷик расид! Аз ин ҷиҳат хушбахтии мост, ки устод Айнӣ ҳама корашонро партофта, аз пайи ҷустуҷӯйи қабри Рӯдакӣ шуданд ва онро ёфта ва ба воситаи антропологи рус Герасимов чеҳраи он ҳазратро дар заминаи устухонҳои боқимонда барқарор кунонданд.

Дар хотимаи ин андеша ба унвони маъқул донистан ва таъйид кардани рафтору кирдори иҷтимоии Устод Айнӣ як хулосаи куллии худамро афзудан мехоҳам, ки аз ҳидояти ҳикмати таърих ва фалсафаи фарҳанг бармеояд. Албатта, аз рӯйи суннати мадании Эрону Турони бостонӣ асолату рисолати аҳли соҳибхирад дар пешгоҳи набарди ҳамешагии Хайру Шар будан аст. Аммо мувофиқи тақозои худи ҳамон суннат фозилонро боястӣ даставвал мувофиқ ва мутобиқ ба мантиқи ақлу адл амал кардан; силоҳашон ҳам комилан дигар будаст: на гурзи якзахм, балки муколамаи гуногунҷиҳатае, ки ҳадафаш ҳусни тафоҳум бошад, яъне расидан ба ҳукми илмию фалсафие бошад, ки аз файзи ахлоқи воло мунаввар ва аз таҷрибаи рӯзгори воқеӣ баҳравар гардида.

Чунонки дар таърихи илму ҳикмат аз аҳди Закариёи Розӣ ин ҷониб мазкур аст, ки бархӯрди ақлу адл, набарди ҳамешагӣ будаасту ҳадди аксар тавъам аҳли фазлро боястӣ тиббӣ рӯҳониро касб кардан, на ин ки ба ҷарроҳии иҷтимоӣ пардохтан. Ва дар ин ҷодаи Худофармуда барои фозилон сӯзангарӣ фарзи айн будаст, на оҳангарӣ! Дар воқеъ, кореро, ки сӯзани хурду хӯрдабин сарфакорона ба ҷо меоварад, найзаи сарфароз, ки барои сарбурӣ сохтаанд, анҷом дода метавонад?!

Муҷассамаи Сталин дар ноҳияи Ашт, Тоҷикистон
Муҷассамаи Сталин дар ноҳияи Ашт, Тоҷикистон

Матинӣ бе такя ба ягон факту далел мегӯяд, ки Айнӣ таҳти ҳимояи зимнии Сталин қарор дошт, чаро ки “Сталин ҳам дар поёни умри Айнӣ бо баркашидани вай ба мақоми раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз ӯ ба навҳи шоистае қадрдонӣ кардааст”!

Ва ҳол он ки дар даврони Сталин ҳам Президенти академияи илмҳоро худи академикҳо интихоб мекарданд! Сонӣ навбати ҳукумат мерасид: вай қарори олимонро расман тасдиқ мекард. Дар мавриди Тоҷикистон ёдоварӣ кардан даркор аст, ки устод Айниро ба вазифаи Президенти Академияи навбунёд (1951) Бобоҷон Ғафуров пешниҳод кард, ки худаш аз рӯйи ихтисоси “таърих” академик интихоб шуда буд!

Дар зимни ин бояд таъкиди вижа кард, ки Устод Айнӣ сазовортарин номзад ба вазифаи президенти академияи илмҳо буд.

“Садриддин Айнӣ амалан мудофеи сиёсати Сталин аст, бе он ки аз вай ном бибарад” – қотеъона хулоса мекунад Матинӣ ва мепурсад: “Оё Айнӣ фақат аз бими ҷон ин гуна мавзӯъотро мавриди таъйид қарор медодааст? Оё метавонистааст бо сиёсати Сталин мухолифат кунад ва зинда бимонад?”

Ин саволро аввал ба худи пурсанда додан мебояд: оё д-р Матинӣ ҳангоми дар Эрон буданашон метавонистанд бо назариёти инқилоби исломӣ мухолифат кунанд ва пасон зинда бимонанд? Ва аз он ки эшон ба Амрико муҳоҷират карданро афзалтар донистаанд, метавон натиҷа гирифт, ки ҷавоби суол манфист! Як дӯсти рӯзноманигорам нақл кард, ки ҳангоми сафараш ба Душанбе Матинӣ аз вазъи мардум дар Эрон шикояти зиёд мекард. Ин хабарнигор аз ӯ пурсидааст, пас чаро мардум эътироз намекунанд? Посухи Матинӣ ин буда, ки оё зери мили силоҳ чӣ гуна метавон эътироз кард?

Аҷаб аст ин ҳама фикру зикре, ки берун аз матни замони воқеан хатарноки Айнӣ баён (на андеша!) шудаст! Дар суннати ахлоқии тоҷикон, агар шахсе аз хатари марговар эҳтиётан ё тасодуфан наҷот ёбад ё ёфта бошад, “Худо худаш ӯро дар паноҳаш нигаҳ дошт”, “Худо раҳмашро хӯрд”-гуфта, хурсандӣ мекарданд. Аз афти кор, бархе бародарони эронии мо дар арзи муҳоҷирати дуру дарозашон на фақат ақидаҳои сиёсиашон, балки чеҳраи маънавиашонро ҳам дигар кардаанд, ки аз зинда мондани устоди муаззами мо, тоҷикон, хурсанд нашуда, баръакс ғамгин гардидаанд – айни ҳамон ҳасудони эшон, ки солҳои панҷоҳи асри гузашта дар оғозгаҳи таъқиби нави сталинӣ (васвасаи дар ғояти тааҷҷубу таассуфу таарруз аз худ ва аз дигарон мепурсиданд: “Чаро Айнӣ ҳанӯз ҳам зинда аст, дар ҳоле, ки ҳамсафу ҳаммаслаконашро кайҳо несту нобуд кардаанд?!” Аз ин рӯ дармекӯшиданд ҳамин ки фурсату имкони “мусоид” пайдо шуд, ба Устод неши заҳролуд зананд! Зимнан, на фақат душманон, балки инчунин шахсони дӯсттарош, аз он ҷумла шогирдон!

Талаби Абдусалом Деҳотӣ чӣ буд?

Чунончӣ, дар як номаи Устод Айнӣ ба Лоҳутӣ омада, ки дар айни авҷи террори сталинӣ ҳамшаҳрӣ ва шогирдашон Абдусаломи Деҳотӣ ба дафтари кории раиси вақти Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Шанбезода рафта, аз номи шоирону носирони ҷавон талаб кардааст, ки ҳар чӣ зудтар маҷлиси Раёсатро даъват карда, дар он “Айниро фош кардан даркор аст”!

Матинӣ мисли тоҷиктабороне фикр меронад, ки онҳоро шоири тоҷик Бозор Собир барҳақ “араби хонагӣ” унвон кардааст! Дар Тоҷикистон аз ин “зоти шариф” бисёр буду бисёр аст. Дар охирзамони шӯравӣ сафи онҳо аз ҳисоби тамомкардагони факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Душанбе ва мадрасаҳои Афғонистону Покистон афзуд, вале онҳо дар ҳайати аҳли саводи тоҷик ақаллияти ночизеро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ назари хоси онҳоро набоястӣ ба “афкори умум”-и интеллигентсияи тоҷик баробар донист!

Пеш аз ҷанг, ба қавли худи устод, як даста «нависандагони ҷавон ба пеши Шанбезода омада, таклиф кардаанд, ки маҷлиси расмӣ ҷеғ зада, Айниро фош кардан даркор аст. Шанбезода ҷавоб додааст, ки агар билети партиявии маро зи дастам гиранд ҳам, бе ягон ҳуҷҷати расмие, ки исбот шуда бошад, ба дасти ман нарасад, ин корро нахоҳам кард»! Айнӣ дар ин бора бо як оҳанги танзу тааҷҷуб навиштаанд: «Хайрият, ки ман ба Союзи Нависандагони Тоҷикистон аъзо набудаам, вагарна маро кайҳо аз союз мебароварданд. Чунончӣ, баъзе касоне, ки дар Бухоро буданд ва умуман аъзои Союзи Нависандагон набуданд, дар Союзи Нависандагони Тоҷикистон мисли душмани халқ аз Союз бароварда, дар матбуот эълон карданд»! Баъди таҳлил карда баромадани «Дело»-и Айнӣ баъзе ҷиҳатҳои равонию равонкофтии масъала бароям андак равшан шуд.

Бино ба маводи мукотибаи саромадони «адабиёти советии тоҷик» Айнӣ ва Лоҳутӣ, Абдусаломи Деҳотӣ, ки Айнӣ бар ӯ ҳаққи устодӣ доштаанд, дар маъракаи «душманифшокуниҳо» фаъолона ширкат доштааст. Айнӣ аз Деҳотӣ коҳида, ба Лоҳутӣ навиштаанд, ки «ба вай чӣ ном доданро худам ҳам намедонам. Агар дӯсти ман гӯям, бояд дӯсти нодонам гӯям, ки аз душмани доно бадтар аст»!

Дар он замони фоҷиабаста сартосари кишвари шӯроҳо як муҳити тамоман номусоиди рӯҳонию равонӣ ба амал омада буд: барои наҷот ёфтан аз хатари марговари террори давлатӣ ҳатто писар ҷони падарашро ва баръакс, падар ҷони писари ҳамтанашро мефурӯхт. Чӣ расад ба муносибати устоду шогирд.

Ин падидаи психологию ахлоқӣ зода ё парвардаи хоси қарни бист набуд; вай радифи ҳамешагии рӯзгори инсони хокӣ будааст! Ҷиҳатҳои мусбату манфии феълу атвори одамизодагон одатан дар шароити сахту сангин, хусусан вазъи хатарнок ба андозаи назаррас зоҳир мешавад. Дар чунин вазъи муташанниҷ саъйю кӯши табии фарди одамӣ барои зиндамонӣ, ки онро дар илм инстинкт ё ғаризаи худнигаҳдорӣ гӯянд, дигарсиёҳкунӣ (дигарфурӯшӣ!) ба дастгоҳи хештандорӣ ё худнаҷотдиҳӣ табдил ёфта метавонад. Чунончӣ, бино ба шаҳодати Айнӣ, дар Бухорои охири асри нуздаҳ бархе мулло ва муллобачаҳо “фалонӣ ҷадид аст” -гӯён бад-ин тариқ “ҷадид” набудани худро исбот карданӣ мешуданд. Дар шароити ҳукумати “диктатураи пролетариат” бошад, хабаркашӣ ё, ба истилоҳи ҳамонвақта гӯем, компроматҷӯйӣ андар тариқи зиндагӣ ё кору бори дигарон (ҳамсоягон, ҳамкорон ва ҳатто хешу табор ва дӯстон – аксаран ба гунаи тӯҳмати ноҳақ!) расм шуда будаст.

Ин ҳоли ногувори рӯҳонию равонии он замони муташанниҷро шоири куҳансоли мо Муҳаммадҷони Раҳимӣ дар мисоли муносибатҳои ду узви намоёни Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон ба ман шарҳ дода буданд.

Онҳо на фақат ҳамсолу ҳамкасб буданд, балки бо ҳам рафоқат доштаанд. (Ман номи он дуро намегӯям; ҳардуяшонро шахсан мешинохтам ва ҳурмат мекардам. Мақсади ин навиштор ҳам дигар аст: психологияи сиёсии пурхатартарин ва нозуктарин марҳалаи таҳкими сохти шӯравӣ) Дар авҷи вавасаи душманҷӯӣҳо (солҳои 1937-38) яке, оне, ки русидону донишманд ҳам буд, дар бораи дигаре ба НКВД пинҳонӣ маълумоти тӯҳматомез (донос) фиристодааст. Он идораи давлатӣ ҳам нархи пиёзу сабзиро напурсида (барои ин вай на фурсат дошт ва на имкону ҳавсала, аввал мебоист плани давлатии саркӯб кардани “душманони халқ”-ро ба иҷро расонидан!) Лекин пас аз бозпурсии чандмоҳа “ҷинояташ”-ро исбот карда натавониста, маҷбур шудаст, ки айбдоршавандаро озод кунад! (Дар кори мураттаби идораи бехатарӣ ҳамингуна “инҳироф”-ҳои нодир низ мешудааст: бо истифода аз як ҳикмати мардумии рус гӯям, “и на старуху бывает проруху!”)

Вале аз назари илму амали равоншиносӣ ҷузъиёти ҷолиби воқеа ин нест; ҷолибтаринаш ҷавоби маълумотнависи худбин ба суоли ҷабрдида аст, ки аз вокуниши хоинонаи дӯсташ бағоят ҳайрон шуда пурсидааст:

- Ҳой, фалонӣ, чаро ту дидаю дониста ба ман тӯҳмат задӣ?!

- Агар ман онро наменавиштам, худамро ҳабс мекарданд-дия!!!

Ин посух ба таҳлилу таъбири равоншинохтӣ не, балки таҷассуси равонкофтӣ (психоанализ) ниёз дорад!

"Якдигарро задем, якдигарро куштем..."

Хулосаи калом мо, тоҷиконро набоястӣ ва нашоястӣ, мисли баъзе ҳамсоягонамон дар минтақа, ки аз ҳокимияти коммунистӣ назар ба мо бештар нафъ дидаанду акнун дар ғояти намакношиносӣ замони шӯравиро наҳ мезананд, ба он марҳилаи воқеан мураккаб, вале куллан дурахшони таърихамон ношукрӣ кардан.

Аз ин ҷиҳат “Ҳукумати шӯроӣ ба мо чӣ дод?” ном мақолаи машҳури Садриддин Айнӣ ҷолиб бувад, ки пас аз ду соли Инқилоби Октябр навишта шудааст. Устод дар мақолаашон тадбирҳои андешидаи ҳокимияти навро аз рӯи зарбулмасали “гӯсолаи шуданӣ аз пояш маълум” қадр кардаанд. Дар навиштаи мазкур нависандаи ватанпарвар дар зимни изҳори қаноатмандӣ аз тағйироти куллӣ дар зиндагии суннатии тоҷикони Туркистони Рус ҳамқавмони ғафлатзадаашонро даъват карда буданд, ки аз фурсати мусоиди иҷтимоию сиёсӣ ҳаматарафа фоида бурда «то ҷон дорем, аввал дар илм ва маориф кӯшем». Хусусан ки ҳокимияти шӯравӣ “ҷаҳлу нодонӣ будани асли мараз”-и моро нек фаҳмида “аввал ба мо дари давохонаи илму маърифатро бикушод”.

Садриддини Айнӣ дар баробари маҳви бесаводӣ дурандешона дархоста, ки «ба ислоҳи ахлоқ ва барҳам додани одоти разиламон бикӯшем». То чӣ андоза разил будани баъзе хулқу одатҳоямонро шарҳ дода, устоди дилсӯзу масъулиятшинос ба факту лаҳзаҳои нанговари таърихамон рӯ овардааст. Чунончӣ, дар ғояти дарду алам гуфта, ки дар гузашта мо «аввал шаҳр-шаҳр, қаря-қаря ва фирқа-фирқа шуда, якдигарро задем, якдигарро куштем, хонаи якдигарро тороҷ ва яғмо кардем, ирзу номуси якдигарро барбод додем. Боз ҳушёр нашудем, боз ба хонахаробии якдигар кӯшидем, оқибат ба зери бандагии давлати мустабидаи рус уфтодем. Боз ҳушёр нашудем, боз ба хонахаробии якдигар кӯшидем, барои маҳв кардани якдигар ба пулисҳо, ба жандармаҳо, ба хуфияҳои давлати мустабидаи рус ёрӣ додем...».

Ҳам сабаб ва ҳам оқибати бадбахтиҳое, ки дар тӯли қарнҳо бар сари халқи азияткашидаи мо фурӯ рехтанд, бар асари мустақими он буд, ки мардум аз маҷрои умумии тараққӣ ва такомули таърихӣ берун монда буд. Ин омили таъйинкунанда махсусан дар оғози садаи ХХ нақши сарнавиштсозе аз худ гузошт. Ақибмондагии куллии иқтисодию норасидагии иҷтимоӣ, ҷудоии ҷуғрофию ҷудоиҷӯйиҳои сиёсӣ, хешношиносии миллию хештандориҳои мазҳабӣ, ниҳоят, худфикании равонию худшиканиҳои рӯҳонӣ дар маҷмӯъ ба беғайратию бефаъолиятӣ ва ҳатто беҳавсалагию берағбатии табақаҳои мухталифи ҷомеаи тоҷик, хусусан аҳли зиё, боис гардиданд. Ин ҳама омилҳои манфӣ рафта-рафта ба ахлоқу одоби иҷтимоӣ нуфуз карда, саранҷом дар психологияи инфиродӣ ва иҷтимоии қавми тоҷик бозтоб ёфтанд.

(Идома дорад)

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG