Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар бар асари тармафароӣ дар Тоҷикистон


Бар асари тармафароии як моҳи охир дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳи Душанбе – Хуҷанд, 13 нафар ҳалок шудаанд. Ин рақам рӯзи 10 феврал дар нишасти Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз забони президент Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Ӯ гуфт, танҳо дар моҳи январи имсол дар минтақаҳои кишвар ҳудуди 250 тарма фаромадааст, ки бештари ин ҳолат ба вилояти Бадахшон рост меояд. "Аз ҷумла, 152 ҳолат дар Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, 22 ҳолат дар Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб сабт шудааст", - афзуд раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Дар чанд рӯзи ахир ангушти иттиҳом ба сӯи ширкати роҳсози чинӣ (China Road) ҳам баланд шудааст, ки роҳро сохт, аммо дар масирҳои тармагузар монеа бунёд накард.

Қурбониён кӣ ҳастанд?

Бо вуҷуди баёни шумораи қурбониёни тарма дар Тоҷикистон, ҳанӯз ному насаби ҳамаи онҳо ва маҳалли зисташон эълон нашудааст. Гузашта аз ин, баъзе иддао доранд, ки чанд тан дар пайи тармафароӣ дар роҳи Душанбе – Хуҷанд бе дарак шуда, ҳанӯз зинда ё мурда буданашон маълум нест.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нишасти Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз хисороти офатҳои табиӣ дар панҷ соли гузашта натиҷагирӣ мекард, гуфт, дар ин муддат беш аз 120 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар хонаву дороиҳои худро аз даст додаанд. “Дар маҷмӯъ, ба буҷа ба маблағи 600 миллион доллар хисорот ворид шудааст, - гуфт ӯ. Вай аз сокинони доро ва мақомот хост, ки дар ин лаҳзаҳои мушкил ба афроди ниёзманд кумак кунанд.

Сел аз куҷо меояд?

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз Маркази обу ҳавошиносӣ ва Академияи илмҳо низ хост, ки пайваста вазъи обшавии пиряхҳо дар кишварро пайгирӣ карда, ба ниҳодҳои зидахл гузориш диҳанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, бар асари гарм омадани ҳаво обшавии пирях дар вилояти Бадахшон мушоҳида шуда, селфароӣ аз ҳодисаҳои зиёновари табиӣ дар чанд соли охир будааст.

“Аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шудааст, ки 34 дар сади ҳолатҳои фавқулодаро ташкил медиҳад. Аз рӯи хисороти иқтисодӣ низ мавқеи аввалро ҳолатҳои сел ишғол менамоянд ва беш аз 63 фоизи хисороти иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат расида ба оқибатҳои харобиовари сел рост меояд”, - гуфт ӯ.

Видеои аз зери тарма зинда берун кашидани ҷавони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин сӯҳбаташ омодагиҳоро ба ҳамагуна ҳолатҳои фавқулода дар кишвар нокофӣ хонда ва аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, Вазорати нақлиёт, Саридораи геология ва мақомоти шаҳру навоҳии кишвар хост, ки ин мавзӯъро ҷиддӣ бигиранд. Тоҷикистон дар оғози моҳи феврал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кард, ки барои рафъи оқибатҳои табиӣ ба кишвар ёрӣ кунанд.

Дархости ёрӣ аз хориҷа

Вазорати корҳои хориҷӣ бо такя ба омори Маркази обу ҳавошиносии кишвар гуфта буд, ки меъёри боридани барф дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон то 170 дарсад бештар аз нишондодҳои солҳои гузашта будааст. Ба иттилои ин ниҳод, захираи қабатҳои барфӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 168 дарсад, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон 322 дарсад, Вахш 148 % ва дар саргаҳи рӯдхонаи Панҷ 156 фисадро ташкил додааст.

Вале ҳалокати нӯҳ нафар бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ин баҳсро гарм кардааст, ки ин ширкати "пулчинак" дар чунин маврид чӣ масъулият дорад? Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, бояд ин ширкат ҳамаи хисоротро бипардозад, ки дар ҳолати зарурӣ натавонист аз хисороти зҳиёди ҷониву молӣ ҷилавгирӣ кунад.

Мақомоти ширкати Инноватив Роуд Солюшнз гуфтанд, вазифаи онҳо фақат нигоҳбонии роҳ аст, вале бо ин вуҷуд барои тоза кардани роҳ аз тарма ва баровардани ҷасади қурбониён ба Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ёрӣ додаанд. Гузашта аз ин, дар чанд рӯзи ахир зоҳиран ангушти иттиҳом ба сӯи ширкати роҳсози чинӣ (China Road) ҳам баланд шудааст, ки роҳро сохт, аммо дар масирҳои тармагузар монеа бунёд накард.

XS
SM
MD
LG