Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чандин донишҷӯи пойтахт дар он тарафи ағба дармондаанд. ВИДЕО


Даҳҳо донишҷӯи суғдӣ, ки аз Душанбе барои таътили зимистона омада буданд, дар Хуҷанд дармондаанд. Бар асари боришоти зиёди барфу тармафароӣ ва марги 10 нафар дар давоми ду ҳафтаи охир, роҳи заминӣ аз шимол ба пойтахт ҳанӯз бастааст ва билети оддӣ ё "эконом-класс"-и ҳавопаймоҳо барои ду рӯзи оянда пурра фурӯхта шудаанд.

Бархе аз донишҷӯён мегӯянд, дар чунин шароит "хуб мешуд агар ширкатҳои ҳавоӣ барои донишҷӯён тахфиф ҷорӣ карда, имкони расидани онҳоро ба Душанбе сабуктар мекарданд".

Донишҷӯён ва сокинони оддӣ мегӯянд, дар хатсайри Хуҷанд-Душанбе танҳо билетҳои гарон (бизнес-кллас) боқӣ мондааст ва бисёре аз онҳо омода нестанд, ки бо пардохти 516 сомонӣ то пойтахт бираванд.

Cубҳи 8 феврал назди билетфурӯшиҳои Хуҷанд камодам буд. Масъулон мегӯянд, барои ду рӯзи оянда билетҳо пурра фурӯхта шуда, сафари сокинони оддӣ, бахусус донишҷӯён бо роҳи ҳавоӣ номумкин шудааст. Бархе аз харидорон мегӯянд, ногузир бояд бо роҳи гарони ҳавоӣ худро ба пойтахт бирасонанд. "Ба хотири кӯдакон билети ҳавопайморо мехарам. Агар танҳо мебудам, таваккал аз роҳи ағба мерафтам. Вале бо кӯдакон таваккал кардан нахостам", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар нуқтаи билетфурӯшии Хуҷанд.

Қабл аз тармафароиҳову ҳалокати одамон ва баста шудани роҳи Душанбе–Чаноқ аз Хуҷанд ба Душанбе ҳафтае ҳамагӣ чанд ҳавопаймо дар парвоз буд ва қимати билет ҳам барои парвозҳои арзон ё "эконом-класс" 296 сомонӣ арзиш дошт. Аммо баъд аз баста шудани роҳи заминӣ ҳамарӯза дар 2-3 хатсайри Душанбе–Хуҷанд ва умдатан ширкати "Сомон Эйр" дар парвоз аст ва ҳама билетҳои арзон "тамом шудаанд". Ҳоло нархи билетҳои пешниҳодшаванда барои рӯзҳои баъд аз 11 феврал то 516 сомонӣ аст.

Чандин донишҷӯи пойтахт дар он тарафи ағба дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Уктам, як билетфурӯш гуфт, тақсир дар онҳо не, балки дар ширкати ҳавоист, ки нархҳоро худаш таъин мекунад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, ҳоло қимати билети Хуҷанд-Душанбе барои рӯзи 19 феврал 193 сомонӣ аст.

Дар дафтари матбуоти ширкати "Сомон Эйр" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, иддао дар заминаи боло рафтани нархи билетҳо беасос аст ва масъала танҳо дар он аст, ки дар шароити бӯҳрони сафар - шиддати фурӯши билетҳо авҷ гирифта, барои рӯзҳои баъдӣ асосан билетҳои навъи "бизнес-класс" дар фурӯш боқӣ мондаанд.

Онҳое, ки имкони молии парвоз то пойтахтро надоранд, боз “таваккал ба Худо” гуфта, назди қароргоҳи таксиҳои автовокзали шаҳри Хуҷанд ҷамъ меоянд ва дуо мекунанд, ки дар роҳ ба самти Душанбе ба ҳеҷ фалокат рӯбарӯ нашаванд. Иззат Тӯраев, донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, барои таътили зимистона назди волидонаш омада буд ва баъди баста шудани роҳ 3 рӯз аст, ки аз дарс ақиб мондааст.

Ӯ гуфт, "буҷаи оилавиамон нагузошт барои ҳавопаймо билет харем. Барои ҳамин, бо роҳи ағба рафтам. Шаб аз интернет дидам, ки имрӯз ҳаво соф мешудааст. Умед дорам, саломат рафта мерасем."

Ҳамин тавр, Шукрона Муталлибзода аз шаҳри Исфара ва муҳассили соли дувуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар нимсолаи аввали таҳсил бемор шуда, аз имтиҳонҳо баҳои паст гирифт ва мехост баъди таътил зуд ба Душанбе баргардад. Вале аз сабаби баста будани роҳу гаронии қимати билети ҳавопаймо дар Исфара дармонд.

"Ба ҳар ҳол, риск ҳам бошад, фардо бо таксӣ ба роҳ баромаданӣ ҳастам. Чунки аз ин ҳам дер монам, аз дарсҳо ақиб мемонам ва қарзҳои нави дарс зам мешавад ва он вақт аз рафтанам – нарафтанам беҳтар", - афзуд ӯ.

Бархе аз донишҷӯён мегӯянд, дар чунин шароит "хуб мешуд агар ширкатҳои ҳавоӣ барои донишҷӯён тахфиф ҷорӣ карда, имкони расидани онҳоро ба Душанбе сабуктар мекарданд".

XS
SM
MD
LG