Чорводорони тоҷик мегӯянд, зимистони имсола чунон сарду тӯлонӣ ва ҳам сербориш омад, ки аксар хоҷагиҳо қисме аз чорпоҳои худро талаф доданд. Дар ҳоле ки байторҳои маҳаллӣ мизони талафоту бузу гӯсфандро садҳо ҳазор тахмин мезананд, масъулини давлатӣ аз изҳори шумори дақиқи ин талафот худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бо сабаби хусусӣ будани хоҷагиҳои чорвопарварӣ омори дақиқ дар ин замина дастрас нест. Тоҷикистон бо 93 % қаламрави кӯҳистониаш як кишвари кишоварзист ва дар манотиқи берун аз шаҳрҳо мардум асосан аз ҳисоби деҳқонӣ ва чорводорӣ даромад мебинанд.
Чорвои хурду калон барои 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки дар деҳот ба сар мебаранд, як сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб меравад.
Саркор Зайниддин, мудири яке аз хоҷагиҳои чорвопарварӣ дар мавзеи Гараутӣ дар ҷануби Тоҷикистон, рӯзи 8 апрел гуфт, талафоти чорво имсол назар ба солҳои пешин хеле зиёд буд. “Дар хоҷагии мо назар ба дигарон талафот чандон зиёд набуд. Ҳарчанд вақте ба гӯсфандон доруи зидди кирми меъда додем, тақрибан беш аз 50 сар меш аз сардӣ мурданд. Илова ба ин, беш аз сад гӯсфанд талаф шуд, ки аз ҳисоби камширии гӯсфандон ба миён омад”, - афзуд ӯ.
Аз як сӯ – сармо, аз сӯи дигар – камғизоӣ
Саркор Зайниддин гуфт, талафоти рамаи ҳамшафати онҳо ба маротиб бештар буд. Ба гуфтаи ин чорводори таҷрибадор, сабаби ин ҳама хисорот зимистони тӯлониву сард ва норасоии захираи хошок ё ғизои чорво буд. Ӯ гуфт, “дар тарафи мо нафароне буданд, ки аз як рама 350-400 сар бузу гусфанд талаф доданд. Зимистони порсола чандон сард набуд, барои ҳамин бисёриҳо имсол захираи кофии ғизои чорворо надоштанд. Чун зимистон сард омад, чорво аз камхӯрокӣ талаф ёфт.”
Зимнан, чорводорон мегӯянд, ему хошок низ дар зимистони имсола ба таври бесобиқа гарон шуд. Қимати як кило кунҷора аз тахминан 2 сомонӣ то ба 3,20 – 3,70 сомонӣ боло рафт. Нархи як бастаи алаф низ то ба 10-15 сомонӣ расид.
“Талафот буд, аммо на ба ин ҳад”
Аммо мақомдорони тоҷик бо вуҷуди ин ҳама мегӯянд, тибқи омор саршумори чорво зиёд шудааст. Абдураҳмон Ҷобиров, роҳбари раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 8 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло дар ҷумҳурӣ бинобар ҳисобҳои оморӣ 5 миллиону 632 ҳазор чорвои майда вуҷуд дорад. Дар соли гузашта саршумори чорво 5 миллиону 483 ҳазор сар буд. Тавре мебинед, дар ин муддат саршумори чорво қариб 200 ҳазор сар зиёд шудааст”.
Ин мақоми Вазорати кишоварзӣ дар мавриди зиёни чорвопарварон гуфт, “талафот буд, аммо на ба ин ҳад”. Аммо ӯ аз гуфтани теъдоди талафот дар ин фасли сармо худдорӣ варзид. Аммо як байтори тоҷик, ки дар зимистони имсола аз аксар чарогоҳҳо дидан кардааст, мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 600 ҳазор сар мол бошад ва ҳар як рама ба ҳисоби миёна 400 мол дошта бошад, пас 14 ҳазор рама вуҷуд дорад. Агар ба ҳисоби миёна “аз ҳар рама 70-80 сар мол талаф ёфта бошад, мо метавонем гӯем, ки дар мавсими имсола ҳудуди 1 миллион мол талаф ёфтааст.”
“Бланки 24”
Агар арзиши як сар гӯсфанд ё бузро ба ҳисоби миёна 60 доллар ҳисоб кунем, талафоти зимистони имсола ба чорводорони тоҷик ба 700 ҳазор доллар мерасад. Чорводорон дар Тоҷикистон мегӯянд, чун аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишвар хусусӣ ҳастанд, вазорату идораҳо низ шумораи талафоти онро ҳисоб намекунанд.
Ҳамид Носиров, ки таҷрибаи 45-солаи чорводориро дорад, мегӯяд, дар солҳои Шӯрави санаде буд бо исми рамзии «бланки рақами 24», ки дар он саршумори чорвои талафёфта сабт шуда, ба идораи омори ҷумҳурӣ ирсол мешуд. Аммо чун ҳоло аксарияти чорво хусусӣ аст, чунин бланкро танҳо чанд фермаҳои боқимондаи давлатӣ пур мекунанд ва бахши хусусӣ аз назари омор канор мемонад.
Чорвои Тоҷикистон аз камбуди калсий ва фосфор азият мекашанд
Шералӣ Вазиров, роҳбари Хадамоти давлатии назорати байтории Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан имсол талафоти зиёди чорвои дар чарогоҳҳои зимистона ҷойдошта мушоҳида шудааст. Вай афзуд, “ба хотири муайян кардани сабаби талафот гуруҳи кории иборат аз мутахассисони мо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ омӯзиш гузарониданд. Муайян шуд, ки сабаби аслии фавти чорво на ягон касалии сироятӣ, балки асосан нарасидани хӯроки чорво будааст. Бинобар ин, дар таркиби хуни ҳайвонот миқдори калсий ва фосфор кам аст, ки аз кабуди ғизо дарак медиҳад. Ҳол он ки ин мавсими бордорӣ ё наслгири чорво аст ва ба ғизои дукарата ниёз дорад. Мо шоҳид шудем, ки вақте гӯсфандон барра ба дунё оварданд, аллакай аз ҷой бархоста наметавонистанд ва аксарияти онҳо талаф ёфтанд”.
Вазиров гуфт, бар замми ин дар аксарияти ноҳияҳо барои чорво сарпаноҳи муносиби зимистона вуҷуд надорад ва ин чиз низ ба вазъи мол таъсир мерасонад. Чорвои хурду калон барои 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки дар деҳот ба сар мебаранд, як сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб меравад.