Додгоҳе дар Душанбе панҷ нафарро барои латукӯби як репсарои тоҷик ва ду ҳамроҳаш аз 2,5 то даҳ соли зиндон маҳкум кард.
Ин гурӯҳи ҷавонон, моҳи сентябри соли гузашта Рамазон Муродов, маъруф бо тахаллуси "Ралики репсаро" ва ду ҳамкори дигарашро латукӯб карда аз ҷои ҳодиса фирор карда буданд. Ҳукми додгоҳи Синои шаҳри Душанбе як моҳи пеш содир шуда, нусхаи он рӯзи 17 июл ба дасти Радиои Озодӣ расид. Бахтиёр Искандарзода,
Бигзор ҷазо бинанд, ҳарчанд барои ман зарари маънавӣ пардохт накарданд. Аммо дар назди қонун ҷавобгар ҳастанд ва акнун барои гунаҳашон ҷазо мегиранд
додраси ин парванда 17-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин гуруҳи панҷнафарӣ ҷавонони аз 19 то 24 сола ҳастанд ва бо чанд моддаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ равонаи зиндон шуданд. Аз ҷумла, Одилшо Назаров (бо тахаллуси “Одилча”) ба нуҳ сол, Мансур Раҷабов - панҷ сол, Наврӯз Миргобиев - се сол, Мустафо Сияков – 2,5 сол ва Алиҷон Қурбонов ба муҳлати 10 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Ин гуруҳ аз рӯи чанд банди қонун, аз ҷумла “авбошӣ”, “латукӯб”, “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “дуздӣ” гунаҳкор дониста шуданд.
Маҳкумшудаҳо ба гуноҳи худ иқрор шуданд
Маҳкумшудаҳо дар додгоҳ ба гуноҳи худ пурра иқрор шудаанд. Вале ҷузъиёти бештари назари ҷониби айбдоршуда дар даст нест.
Бар асоси ҷузъиёти тафтишот, ҳамла ба репсарову ҳамкоронаш баъди он рух дод, ки овозхон дар як ҳодисаи пеш аз латукӯб хондани сурудеро бар матне, ки Одилшо Назаров пешниҳод кардааст, рад кардааст. Мояи дигари хашми гурӯҳ ба репсаро ин шудааст, ки Ралик бо духтаре сӯҳбат кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи Назаров будааст. Бахтиёр Искандарзода гуфт, ки баъди боздошти гурӯҳи ҳамлагар санҷиш даст задани бархе аъзои ин гурӯҳ ба ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла дуздиро ҳам ошкор кард.
Санҷиши дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Боздошт ва зиндонӣ шудани ин гуруҳи ҷавонон дар ҳолест, ки ин репсаро ва овозхони тоҷик баъд аз латукӯб шуданашон дар рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо гузашти моҳҳо аз ҳодисаи латту кӯби шадиди онҳо ҳанӯз ҳам сохторҳои татфтишотӣ омилони ин ҷиноятро боздошт ва ба ҷавобгарӣ накашидаанд.
Рамазон Муродов ва Абдураҳмон Ҳакимзод моҳи октябри порсол гуфта буданд, ки гурӯҳи ҳамлагар аз мухолифони таронаҳои онҳо буданд. Репсарои ҷавон мегӯяд, дар эҷодиёташ бештар дар бораи мушкилоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла нашъамандиву танфурӯшӣ, авбошӣ ва фасоду бекорӣ мегӯяд.
Рэп - оҳанги зиндагии ҷавонҳои оддӣ
Рамазон гуфт, маҳз мазмуни иҷтимоии оҳангҳои репсароҳои тоҷик, наздик ба тафаккури ҷавонони одӣ аз кӯчаву хиёбонҳо будани онҳо ва ҳам озоду бепарда иҷро шуданашон, барои бисёриҳо писанд нест. Аксар репсароҳои тоҷик мегӯянд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон репу репсароӣ ҳамоно ҳаводори зиёд надорад ва аз ин назар, овозхонҳоро дар баробари ҳамлаву таҳдидҳо заъфпазир мекунад. Рамазон Муродов мегӯяд, аз он ки дар баробари худаш ду дӯсту ҳамкораш ҳам дар ҳодисаи 22-юми сентябр мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, худро шармандаву гунаҳкор эҳсос мекунад.
Вай гуфт, ки он рӯз зарбу лати ҳамлагарон ба ӯ, на ба овозхони поп Абдураҳмони Ҳакимзод ва як рафиқи дигарашон нигаронида шуда буд. Рамазон Муродов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар бораи рух додани ҳодиса гуфт, як соат қабл аз ҳамла, як гурӯҳи ҷавонон ба ӯ занг зада дархост карданд, ки қиссаи зиндагии яке аз онҳоро аз роҳи реп тақдим кунад. Ӯ низ ин хоҳишро рад накарда, ба онҳо суроғаи студияи сабти овозро додааст.
Ҳамлаварон ба репсарои тоҷик ва ду ҳамроҳаш кӣ буданд?
Гузориши видеоӣ аз 14 октябри соли 2017
"Бигузор ҷазо бинанд..."
Баъди ин, ба гуфтаи ҷабрдида - овозхон Абдураҳмони Ҳакимзод, гурӯҳе ба студияи сабти садо омаду дар фосилаи 10 дақиқа онҳоро латту кӯб кард. Ҳамлагарон бо истифода аз корду чӯбпора онҳоро шадидан латту кӯб карданд. Рамазон Муродов тавонистааст, дар як утоқи хурде пинҳон шавад ва дар натиҷа зарбу латро ду ҳамкори дигараш хӯрдаанд. Абдураҳмон 17-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт онҳо бо ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд ва ҳеҷ даъвое надоранд. “Бигзор ҷазо бинанд, ҳарчанд барои ман зарари маънавӣ пардохт накарданд. Аммо дар назди қонун ҷавобгар ҳастанд ва акнун барои гунаҳашон ҷазо мегиранд”.
Рамазон ва Абдураҳмон мегӯянд, аз он ки мақомот омилони латукӯби онҳоро муҷозот карданд, хушҳоланд ва умедворанд ба дигарон намунаи ибрат мешавад, ки даст аз ҳунарманд бардоранд.
Ҳамла ба репсаро дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст, ҳарчанд муносибати ҷомеа ба ин жанри мусиқӣ яксон нест. Ралики 19-сола мегӯяд, аз таҷрибаи шашсолаи кор ва беш аз 200 таронаи иҷрокардааш медонад, ки бо вуҷуди муҳим, дарднок ва нишонзан будани мазмуни оҳанги репсароҳо, ки бештар сари мушкилоти иҷтимоӣ тамаркуз кардаанд, дар Тоҷикистон мухолифону мунаққидони ин жанр зиёданд.
Бисёриҳо ин жанри мусиқиро “кӯчагӣ” ва мухолиф бо меъёрҳои фарҳанги миллӣ меноманд. Барои мунаққидон истифодаи алфози қабеҳ бисёр вақт писанд нест. Вале тарафдорони ин жанр мегӯянд, репсароҳо дар асл як рисолати хеле муҳими иҷтимоиро иҷро мекунанд, ки бо забони соддаву фаҳмо, бигузор кӯчагӣ ҳам бошад, ба наврасону ҷавонон аз дардҳои сахти ҷомеа, мисли нашъамандиву танфурӯшӣ ва бекорӣ хабар медиҳанд.
Як соли пеш ҳам репхонии шӯхиомези як духтари ноболиғи тоҷик дар назди дугонаҳояш ва нашри он дар Одноклассники, бархе аз корбарони ин шабакаи иҷтимоиро бар зидди ӯ шӯронд, то ҷое, ки ба ҷони духтарак ҳам таҳдид карданд.