Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Обанбори Ғунд безарар шудааст”


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, кӯли маснӯии Ғунд, ки дар паи обхезиҳои шадиди моҳи июл дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон эҷод шудааст, тадриҷан безарар мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ҳоло ҳеҷ таҳдиде аз ҷониби кӯли маснӯии Ғунд, ки дар паи обхезиҳои шадиди моҳи июл дар ҳудуди рустоҳои соҳилии ноҳияи Шуғнон эҷод шудааст, эҳсос намешавад. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ Ганҷалзода гуфт, оби ҷамъшуда дар ин обанбори сунъӣ тадриҷан берун меравад ва то ҳол ҳеҷ осебе ба рустоҳо ва сокинони маҳаллӣ нарасонидааст.

Дарозии обанбори сунъӣ зиёда аз 3,5 км буда, паҳнои он аз 200 то 700 метр ва чуқуриаш аз 25 то 60 метрро ташкил медиҳад.

Вазири нақлиёт гуфт, сатҳи оби кӯл дар ҳоли кам шудан аст ва хатари рахнашавии об феълан вуҷуд надорад. Вай инчунин гуфт, мутахассисони вазорати нақлиёт феълан дар паи боз кардани роҳ ба тарафи Душанбе ҳастанд ва масъалаи обанбори Ғунд низ таҳти назорат аст. Феълан оби он ба маҷрои дарёи Ғунд ҷорӣ шуда мутахассисон дар паи кам кардани сатҳи оби ин обанбор мебошад, гуфт ӯ.

Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон низ мегӯяд, обанбори маснӯии дарёи Ғунд дирӯз рахна карда, бидуни осеб аз соҳил баромад ва ба маҷрои дарё ҳамроҳ шуд. Миралӣ Ҳалимов, муовини раиси ситоди Бахши ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳаҷми об дар ин обанбори сунъӣ дар ҳоли кам шудан аст ва масъулини ҳолатҳои фавқулодда шабонарӯзӣ аз ҳолати ин кӯл назорат мекунанд. Ҳалимов гуфт, умед ин аст, ки то охири фасли гармо мизони об кам шуда тадриҷан хушк мешавад ва худ аз худ аз байн меравад. Ба иттилои ӯ, Бахши ҳолатҳои фавқулодда дар ин маҳал навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ҳам вазъи обанбори сунъиро назорат мекунад ва ҳам бо як қаиқи мотордор ва ду қаиқи механикӣ сокинони деҳаи атрофро аз як канор ба канори дигари обанбор мерасонанд.

Лағзиши хок дар рустои Барсеми Шуғнон рӯзи 16-уми июл маҷрои як шохаи рӯдхонаи Ғундро баст ва боис ба эҷоди як обанбори сунъӣ шуд, ки сокинони рустоҳоро бо хатари рахнашавии об рӯбарӯ кард. Ин кӯли маснуъӣ дар шохаи рӯдхонаи Ғунд дар 16-километрии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ҷойгир аст ва дар наздикиву атрофи он бештар аз 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар охирҳои моҳи июл дар чанд ноҳияи вилояти Бадахшон ва ҳам водии Рашт бар асари боришоти шадид ва селобҳо даҳҳо манзил хароб шуда, дасти кам 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Тоҷикистон дар як муроҷиаташ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ 100 миллион доллар кӯмак хост. Аз он замон то имрӯз давлатҳои Чин, Қирғизистон ва дигар кишварҳои муттафиқи Тоҷикистон ба ин мардум кӯмак ирсол карданд. Дар як изҳороти сафорати ИМА дар Душанбе аз рӯзи 19 август хабар дода шуд, ки барои кӯмак ба сокинони ноҳияи Ғарми водии Рашт ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маблағи 50 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона ирсол кардааст.

Ин кӯмак аз хаймаҳо, маҷмӯи таҷҳизоти тиббиву санитарӣ, оби ошомиданӣ ва дигар маводҳои ниёзи аввал иборат аст, ки ба хонаводаҳои деҳаҳои Бедак, Халқарф, Пингон ва Мазори Боло дастрас гардид. Дар оғози моҳи август, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ба деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт кӯмак дастрас кардааст.

XS
SM
MD
LG