Мақомоти интизомии Тоҷикистон талош доранд, шахсияти қочоқбаронеро мушаххас кунанд, ки зимни даргирӣ дар марз бо Афғонистон як афсари нерӯҳои марзбониро куштанд. Умедҷон Ҳасанов, афсари 27-сола шаби 20-уми октябр зимни муқовимат ба як гурӯҳи қочоқбарон дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд. Ба гуфтаи хешовандонаш дар бадани афсари кушташуда осори 11 тир дида мешуд.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имсол 22 маротиба бо қочоқбарони маводи мухаддир, ки саъйи вуруд ба Тоҷикистон доштанд, вориди даргирӣ шуданд ва Умедҷон Ҳасанов, аввалин марзбонест, ки имсол аз тири кочоқбарон кушта шудааст.
Зодгоҳи Умедҷон Ҳасанов, ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон 150 километр марз дорад ва як роҳи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон аст. Дар инҷо ҳар сол даргирӣ бо қочоқбарон мушоҳида мешавад. Падараш Ҳаким Ҳасанов, сокини ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби кушта шудан Умедҷон дар марз навбатдор буд.
“Хонаи мо аз ҷои кори писарам он қадар дур нест. Он шаб, ки писарам навбатдор буд, садои тирпарронӣ баланд шуд. Дилам таҳ кашид ва сияҳ шуд. Эҳсос кардам, чӣ ҳодисае шудааст. Дертар ба ман хабар доданд, ки писарам аз тири кочоқбарон кушта шудааст” - гуфт, Ҳаким Ҳасанов. Афсари тоҷик, ки падари се фарзанд буд, баъди 13 рӯзи хидмат дар ин минтақаи марз талаф ёфт.
Ҳалокати 12 кочоқбар дар марз
Мақомот ба Ҳаким Ҳасанов ваъда кардаанд, ки то охир ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва бо ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистон саъй мекунанд, ҳуввияти қочоқбаронро мушаххас кунанду онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Хадамоти нерӯҳои марзбонӣ, кушта шудани Умедҷон Ҳасановро талафоте номид, ки ба гуфтаи ӯ ҳамсафонашро ғамгин кардааст.
Вале гуфт ӯ, дар муқоиса ба солҳои гузашта сатҳи касбии марзбонон болотар рафтааст ва талафоту захмӣ шудан низ бисёр кам ба қайд гирифта мешавад. Муҳаммад Улуғхоҷаев афзуд, бори аввал аст, ки дар соли 2016 як афсар кушта мешавад, аммо дар ин муддат сарҳадбонони тоҷик 12 қочоқчиро куштаанд, 6 нафарро захмӣ кардаанд ва 15 тани дигарро ҳангоми қасди убури марзи Тоҷикистон дастгир кардаанд.
“Ҳарчанд, муқовимати марзбонҳо шадид аст, вале ҳанӯз ҳам қочоқчиёни талоши убури марзро доранд” , -гуфт, Улуғхоҷаев. Барои посбонии муносиби марз ва роҳ надодан ба вуруди ҳероинқ тарёку афюн ва ҳамингуна унсурҳои ҷиноӣ ба қаламрави Тоҷикистон имсол дар минтақаҳои душворназорати марзӣ ҳафт дидбонгоҳ нав бунёд кардаанд.
Тоҷикистон роҳи интиқоли маводи мухаддир ба Аврупо
Талошҳо барои ҷилавгирӣ аз вуруди кочоқчиён дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон Афғонистон дар кишт ва ҷамъоварии ҳосили кукнор рекорд гузоштааст. Бар асоси омори Созмони Миллали Муттаҳид, заминҳои кишти афюн имсол дар Афғонистон 43 дар сад афзоиш ёфтааст. Кукнор ҳам дар минтақаҳое кишт мешавад, ки зери назорати Толибон қарор доранд.
Аҳмад Вазирхон, як коршиноси афғон мегӯяд, Тоҷикистон барои интиқоли маводи мухаддир як роҳи асосӣ барои кочоқбарон маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи ӯ мегӯяд, бо назардошти зиёд шудани ҳосили кукнор, талошҳо барои интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон бештар мешавад. Дигар ин ки назорати аксар баъзе аз ноҳияҳои наздик ба марзи Тоҷикистонро Толибон ба даст гирифтаанд ва нерӯҳои афғон мустақилона тавони ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба кишвари ҳамсояаашонро надоранд.
“Албатта, кочоқбарон аз тариқи Покистону Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна маводи мухаддирро интиқол медиҳанд, вале Тоҷикистон ҳамоно барои онҳо як кишвари ҷаззоб боқӣ мемонад. Пештар то андозае нерӯҳои афғон барои ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир кӯмак мекарданд, ҳоло чун Толибон дар шимол нуфуз доранд, дигар аз дасти мақомоти Афғонистон кори назаррасе дар ин самт намеояд” - гуфт ӯ.
Ба қавли Аҳмад Вазирхон, барои қочоқбарони афғон ва ҳамтоёнашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи аслии интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва аз он ҷо ба кишварҳои аврупоӣ аст.
Мусодираи ҳазорҳо тонна афюну ҳероину тарёк
Дар Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи имсол дар марз бо Афғонистон 76 амалиёт барои боздошт ва безарар кардани кочоқчиёни мусаллаҳро роҳандозӣ кардаанд. Дар амалиётҳо дар марз ва дохили Тоҷикистон наздик ба 3 тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир мегӯяд, ҳоло бештар кочоқбарон талош мекунанд, аз тариқи Бадахшон ва ноҳияи Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Фархори Хатлон маводи мухаддиро ба хоки Тоҷикистон ворид кунанд.
"Инҳо аз тариқи Бадахшон мехоҳанд, ба Қирғизистон ва Русия маводи мухаддирро интиқол диҳанд. Аз ҳудуди вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ва аз он ҷо низ тариқи Қирғизистон мехоҳанд, ба Русия маводи мухаддиро интиқол диҳанд" - гуфт, Раҳматуллоев.
Ин мақоми Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, миқдори ками маводи мухаддирро қочоқбарон мехоҳанд, дар Тоҷикистон бифурӯшанд. Онҳо бештар талош доранд, ба бозори берун роҳ ёфбанд, чун мизони даромад аз “марги сафед” дар хориҷа баландтар аст.
Раҳматуллоев мегӯяд, ҳоло истифодабарандагони маводи мухаддир дар Тоҷикистон кам шудааст ва кочоқбарон фоида намебинанд. Тоҷикистон бо Афғонистон наздик ба 1400 километр марзи душворназорат дорад. Қочоқбарони афғон ҳамеша талоши шикастани ин хати сарҳадро доранд. Аксаран талоши марзшиканӣ бо баҳои ҷони онҳо тамом мешавад, мисле ки бо ҳодисаи марги афсари тоҷик Умедҷон Ҳасанов рух дод.