Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд. Зардолуи Наврӯзӣ қомат афрохт


Дар маркази Хуҷанд, айнан дар ҷои арчаи солинавӣ, як дарахти 14-метрии зардолуи шукуфон чун рамзи Баҳору Наврӯзи деринтизор гузошта шуд.

Дар канори Зардолуи Наврӯзии сунъӣ дар майдони ба номи Камоли Хуҷандӣ шаҳрдорӣ саҳнае меорояд, ки дар он рӯзҳои арафа ва ҷашни наврӯзӣ ҳунарварони халқиву касбӣ ва мактабхонҳову донишҷӯён барои ҳамагон барномаҳои наврӯзиву консертӣ тақдим мекунанд. Сокинони муштоқи баҳору ин навгонии наврӯзиро бо ваҷду шодӣ пазируфтаанд. Онҳо мегӯянд, дидани нишонаҳои баҳор дили онҳоро гарму рӯҳашонро шод мекунад.

Зимнан, Зардолуи Наврӯзӣ бори аввал дар маркази Хуҷанд дар остонаи наврӯзи соли гузашта бо ибтикори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов қомат афрохта, имсол бо рангу бор ва ороиши тозаи худ ба як нишони асосии ҷашни наврӯзӣ табдил меёбад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Баҳори гулфишон имсол ба Тоҷикистон ва Осиёи Миёна тақрибан як ҳафта дер қадам мегузорад. Бодому бойчечак, ки миёни дарахтону рустанӣ нахустин пайғомдиҳандаи баҳоранд ва ҳар сол ин шабу рӯз шукуфон буданд, нав ҷомаи сафеди гул ба бар мекунанд.

Фарҳаншинос Наим Ҳакимов, раҳбари «Маркази фарҳангиву маърифатии Суғд», мегӯяд, навгонии чун рамзи Наврӯз гузоштани Зардолуи шукуфон сарчашма аз суннатҳои бостонии наврӯзии тоҷикон дорад. Ба гуфтаи вай, тоҷикон дар гузашта ҷашну маросимҳое хоси наврӯзиву баҳорие, мисли ҷашни Гули сурх, Гули лола, Гули бодом, Гулгардонии кӯдакон доштанд, ки дар бархе маҳалҳои Тоҷикистон то кунун баъзе бахшҳои онҳо зинда аст. Аммо баръакси арчаи солинавии мелодӣ гузаштагони тоҷикон ба ҳайси нишони Наврӯз дарахтони меваи маҳаллиро баргузидаанд, ба тартиби шукуфтану сарсабз шудани онҳо: бодом, зардолу, биҳӣ.

Нахустин дарахти пайғомрасони Баҳору Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Миёна бодом аст, ки аввал гул мекунаду қабои сабзи баҳорӣ мепӯшад.

Аммо боғдорони суғдӣ мегӯянд, ки зардолу барои сокинон аз дигар меваҳои маҳаллӣ фоиданоктар аст. Ба гуфтаи Мирзоанвар Аҳмадов, масъули бахши мева дар идораи кишоварзии вилоят, дар вилояти Суғд ҳудуди 30 ҳазор гектар боғҳои ҳосилдеҳи зардолу доман паҳн кардааст, ки солона беш аз 70 ҳазор тонна зардолуи аз шаҳд ширинтар ба бор меорад. Ва ҳарсола домани боғистонҳои зардолу аз ин дарахти гармидӯсту камоб фарохтар мегардад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои аслии содиркунандаи беҳтарин навъҳои зардолу умдатан ба Русияву Қазоқистон аст. Навъҳои бобоӣ, мирсанҷалӣ, хурмоӣ, субҳонӣ, қандаки зардолуи Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шириниву хуштаъмӣ шуҳрат ёфтааст.

Аммо миёни гиёҳон нахуст пайғомрасони баҳор дар Тоҷикистон чун дар аксари гӯшаву канори ҷаҳон Бойчечак аст, ки аз зери барф сар мебарорад. Аммо имсол баҳор дертар омада, дар вилояти Суғд ҳанӯз бойчечак нашукуфтааст. Вале кӯдакони суғдӣ бойчечаки ношукуфта дар даст, мисли ҳарсола гулгардониву таронахонӣ мекунанд. Ба хушомади Баҳор ва Наврӯзи деринтизор.
XS
SM
MD
LG