Дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиё, ки дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, шатранҷбозон аз 31 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқа то рӯзи 23-юми декабр идома меёбад.
Мусобиқаи шоҳмоти «классикӣ» аз рӯи системи швейтсарӣ дар 9 давр мегузарад. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 25 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Устоди байнулмилалӣ Надежда Антоноваи 36-сола, ки қаҳрамони бисёркаратаи шоҳмоти Тоҷикистон аст, дар ҳашт Олимпиадаи ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Надежда дар шаҳри Душанбе дар оилаи шатранҷбозон ба дунё омадааст. Падараш Павел Антонов солҳои дароз дар мактаби варзишӣ мураббии шоҳмот буд. Модараш Лидия Антонова яке аз шатранҷбозони маъруф дар Тоҷикистон аст.
Надежда Антонова чанд рӯз пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, миёни шатранҷбозони касбӣ ғолиб шуда буд.
Дар марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаи анъанавӣ 150 шатранҷбоз аз тамоми манотиқи кишвар – шаҳри Душанбе, ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд.