Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як раҳбари мухолифин пушти панҷара рафт


Эрнест Қорибеков
Эрнест Қорибеков

Додгоҳи Қирғизистон як мансабдори дар гузашта баландпояи ин кишварро бо иттиҳоми талоши ғасби ҳукумат ба ҳабс гирифт.

Дар чанд рӯзи охир алакай се тан аз раҳбарони мухолифини Қирғизистон бо иттиҳоми қасди ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ ба ҳабс кашонда мешаванд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек рӯзи 27 март Эрнест Қорибеков, собиқ котиби давлатии Қирғизистонро бо чунин иттиҳом барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Қорибеков дар солҳои 2006-2010 дар замони раҳбарии президенти пешин Қурмонбек Боқиев котиби давлатии Қирғизистон буд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, Қорибеков дар робита ба парвандаи ҷиноие, ки бар асоси моддаи “омодагӣ ба ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ” кушода шудааст, боздошт шуда, дар боздоштгоҳи кумитаи амният қарор дорад.

Дар иттилоияи Кумитаи амният гуфта мешавад, ки дар робита ба ин парванда Давлатбек Турдуналиев, яке дигар аз раҳбарони мухолифин низ таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Дар чорчӯби ҳамин парвандаи омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ рӯзи ҷумъаи 24 март Бектур Асанов, волии собиқи вилояти Ҷалолобод ва Кубаничбек Қодиров – муовини собиқи вазири дохила ва раҳбар ҳизби Чиндиқро барои бозпурсӣ ба Кумитаи амният даъват карданд. Ин ниҳод рӯзи 25 март хабар дод, ки ҳарду сиёсатмадорро бар асоси ҳукми додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.

Раҳбарони мухолифини Қирғизистон ба қасди бесубот гардондани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар ба хотири анҷоми табаддулот барои ғасби ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ гумонбар мешаванд. Чунин аъмол бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Қирғизистон – моддаи 27 (омодагӣ ба ҷиноят) ва моддаи 295 (ғасби ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ) – ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Моддаи 295 барои ғасби қудрат аз 12 сол то 20 соли зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.

Рӯзҳои 21 ва 22 март дар Интернет ду сабти садоии сӯҳбатҳо байни 3-4 мард, ки гумон меравад, раҳбарони мухолифин бошанд, нашр шуд. Эҳтимол меравад, ки ин садоҳои Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров ва боз ду раҳбари мухолифин Азимбек Бекназаров ва ташкилкунандаи митингҳои соли 2010 дар Талас Дуулат Турдуналиев бошанд. Гуфта мешавад, ки ин сӯҳбатҳо ба таври пинҳонӣ сабт шудаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баъдан хабар дод, ки ин сабтҳо дар чорчӯби парвандаи қаблан бозшуда бо иҷозати додгоҳ ба даст омадаанд. Дар ин сӯҳбатҳо аз ҷумла масъалаи ташкили гирдиҳамоиҳо дар вилоятҳои Қирғизистон дар моҳи март ва роҳҳои ба даст овардани ҳукумат баҳс мешавад.

Бектур Асанов қабл аз боздошташ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар ҳақиқат бо Қодиров ва Турдуналиев сӯҳбат дошт, вале сӯҳбати онҳо на дар бораи ғасби ҳукумат, балки дар бораи тағйири ҳукумат бо роҳҳои қонунӣ буд. Мухолифин мехостанд рӯзи 24 март дар шаҳри Ӯш гирдиҳамоӣ доир кунанд, вале дар пайи нашри сабти сӯҳбатҳо аз ин қасди худ даст кашиданд.

Таҳлилгарони қирғиз дар мавриди моҷарои нави сиёсӣ дар робита ба раҳбарони мухолифин ва боздошти инак се тани онҳо назари яксон надоранд.

Марс Сариев
Марс Сариев

Марс Сариев, коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин як навъ талоши сиёсатмадорони кӯтоҳбин барои сӯиистифода аз вазъи пешомада дар марз бо Узбакистон ба хотири ҳадафҳои сиёсиашон буд. Дар амал инҳо мансабдорони собиқе ҳастанд, ки ба далоили мухталиф ҳоло аз “охӯр”-и ҳукумат дур мондаанд. Албатта, мушкилоти иқтисодӣ зиёд аст, мушкилоти иҷтимоӣ зиёд аст, вале вазъ чун дар солҳои 2005 ва 2010 он қадар инқилобӣ нест, ки мардум аз паси инҳо ба майдон бирезад. На Ӯш мехест, на Ҷалолобод, на Талосу на ягон ҷои дигар. Кори ин гурӯҳ як кӯтоҳбинӣ буду бас.”

Аммо Одил Турдуқулов, таҳлилгари масоили сиёсии Қирғизистон қаблан ба Озодӣ гуфт, дар пушти ин моҷаро зоҳиран талоши гурӯҳҳои наздик ба ҳукумати кунунӣ барои аз саҳна берун кардани рақибони сиёсиашон истодааст: “Онҳое ки ҳоло ба ғасби ҳукумат гумонбар мешаванд, аз чеҳраҳои калидии инқилоби баҳори соли 2010 буданд ва дар байни мардум нуфуз доштанд. Вале тавре ба назар мерасад, ин ҳамон мавриди классикиест, ки инқилоб бачаҳои худро мехӯрад. Ҳукумати кунунӣ, ки дар муносибот бо Русия низ ба натиҷаи дилхоҳе ноил нашуду то ҳол натавонистааст баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистону Узбакистонро ҳал кунад, мехоҳад бо ин парвандаи пурсарусадо таваҷҷӯҳи ҷомиаро аз ин масоили ҳалношуда ба самти дигар барад.”

Сиёсатмадороне, ки ҳоло бар асоси сабти сӯҳбатҳояшон ба талоши ғасби ҳукумат гумонбар мешавад, аъзои Ҷунбиши мухолифини Қирғизистон мебошанд. Ин ҷунбиш аҳзобу созмонҳои мухолифи ҳукумати раисиҷумҳури кунунии ин кишвар

Дар гузашта низ дар Қирғизистон сабти сӯҳбатҳои сиёсатмадорони маъруф, аз ҷумла раҳбарони ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин ба таври махфӣ сабт ва нашр мешуданд. Дар 11 соли охир ҳукумати ин кишвар ду дафъа – дар солҳои 2005 ва 2010 – дар пайи эътирозҳои мардумӣ барканор карда шуд.

XS
SM
MD
LG