Таърихчаву сарчашмаҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, таҳдидҳои ин хатар ба давлати дунявӣ ва бозтоби ин мавзӯъ дар матбуот аз масоиле буд, ки рӯзи 3 апрел дар Душанбе дар як нишасти коршиносони байналмилалӣ баррасӣ шуд. Нишасте зери унвони “Тундгароии исломӣ, ҳамчун чолиш барои давлатҳои дунявӣ: хатарҳо барои ҷавонон” бо ташаббуси НАНСМИТ - Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Бунёди Konrad-Adenauer-Stiftung (KAS)-и Олмон баргузор шуд. Дар ин нишаст коршиносону таҳлигарони умури сиёсӣ аз Олмон, Қирғизистон, Қазоқистон Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла сафири Олмон дар Тоҷикистон дар ин мавзӯъ баҳсе ташкил карданд. Дар меҳвари баррасиҳо тундгароӣ, сабабҳои гароиши ҷавонон ба созмонҳои мамнӯи ифротӣ, инъикоси ин мавзуъ дар расонаҳои ҷаҳон қарор дошт.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ гуфт, мутаассифона дар матбуоти дохилии Тоҷикистон мавзӯи тундгароӣ ҳамаҷониба таҳлил намешавад, дар ҳоле, ки барои ҷилавгирӣ аз майли бештари ҷавонон ба ингуна гурӯҳҳову созмонҳо маълумоти бештар нашр ва ин маводро ба риштаи таҳлил кашидан лозим аст.
Яке аз масъалаҳои аслии мавриди нигаронӣ – фаъолияти гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар хоки Сурияву Ироқ аст, ки бовар меравад дар миёни ҳазорҳо ҷангиёни хориҷӣ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам қарор доранд. Вазорати умури дохилаи кишвар мегӯяд, марги 30 нафари онҳо тасдиқ шудааст.