Имрӯз дар шаҳри Боку Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Илҳом Алиев - президенти Озарбойҷон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо дар бораи имкони рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва кам кардани тарифҳои роҳи оҳани Озарбойҷон барои афзоиши мизони ҳамлу нақли коло аз роҳҳои оҳани Озарбойҷон изҳори ақида намуданд.
Дар поёни мулоқоти ҳар ду раҳбар ҳайатҳо 10 санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Дар як гуфтугӯ бо Чингиз Султонсой-хабарнигори бахши озарии радиои Озодӣ нахуст пурсидам, дар доираҳои мухталифи Озарбойҷон ин боздидро чӣ тарз арзёбӣ мекунанд?
Чингиз Султансой: Ба андозаи кофӣ боздиди Эмомалӣ Раҳмон дар матбуот мунъакис шудааст. Аксҳо чоп шудааст, намунаҳо аз суханрониҳои ҳар ду раиси ҷумҳурро ба нашр расондаанд. Вале дар марҳалаи кунунии боздид тафсирҳои сиёсӣ роҷеъ ба ин боздид ва аҳамияти он ба назар намерасад. Ман фикр мекунам, ки аз ин боздид намешавад натиҷаи пураҳамияте мунтазир шуд. Ин яке аз боздидҳои маъмулии раҳбарони ду кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дорои сохторҳои мушобеҳи сиёсӣ мебошанд. Вале аз лиҳози иқтисодӣ шояд Озарбойҷон бартарии бештар дорад, зеро дорои захоири нафт аст.
Озодӣ: Бо назардошти санадҳои имзошуда ин ду кишвар дар чӣ бахшҳо метавонанд ҳамкориҳои самарбахш дошта бошанд?
Чингиз Султансой: Чунин бахшҳои ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва намунаи он ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати бузурги ҳукуматӣ аз Озарбойҷон боздид мекунад. Масалан, дар бахшҳои кишварзӣ, таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои миллии кишварҳои якдигар ва бахшҳои дигари иқтисод ҳамкорӣ мекунанд. Дар ҳайат вазири хориҷӣ, вазири фарҳанг ва вазири маориф низ ҳастанд ва онҳо дар бахшҳои худ бо ҷониби Озарбойҷон қарордодҳои ҳамкорӣ имзо карданд. Вале то ҳол ҷузъиёти ин қарордодҳои ҳамкорӣ мунташир нашудааст.
Санади дигари муҳим ин аст, ки ин ду кишвар акнун дипломҳои донишгоҳҳои якдигар ва унвонҳои илмии донишмандони якдигарро эътироф мекунанд. Шартномаи ҳамкориҳои иқтисодии ин ду кишвар низ то соли 2015-ро дар бар мегирад. Дар ҳар ҳолат ин боздидро бояд омили мусбат барои ҳар ду кишвар арзёбӣ кард, зеро баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ робитаҳо заиф шуда буд ва мушкилоти зиёд дар ин ҷумҳуриҳо ҷамъ шуда буданд. Ин боздид робитаҳои миёни Озарбойҷону Тоҷикистонро таҳким мебахшад.