Фурўши нахӯдро Муҳаммадуллоҳ Бобоев, раиси ин бонк дар минтақаи Кўлоб зери назар гирифта як килограмми он 6 сомонӣ арзиш дорад.
Бобоев гуфт, беш аз ду тонна нахӯдро аз як кишоварздар муқобили қарзаш мусодира кардаанд:
«Гап сари он, ки ғолибан кишоварзон, қарзро аз бонк гирифта, дигар дар фикри баргардонидани он намешаванд. Бинобар ин, ҳангоми пухта расидани ҳосил мо ба хоҷагӣ рафта, ба ҷойи қарз маҳсулотро мусодира мекунем, мефурўшем ва маблағи бонкро барқарор мекунем. Ин дар ҳоле, ки ҳангоми гирифтани қарз хоҷагидор мегўяд қудрати пардохти қарзро дорад ва ўҳдадор мешавад, ки сари вақт онро месупорад.»
Дар давоми 7 моҳи сипаришуда Амонатбонк ба ниёзмандон ҳамагӣ ба маблағи 1 миллиону 719 ҳазору 600 сомонӣ қарз додааст, ки беш аз нисфи он барои кишоварзон аст.
«Амонатбонк», бонки давлатӣ буда, тақрибан ҳама муомилоти пулии муассисоти давлатӣ тавассути он сурат мегирад. Агар даромади бонкҳои дигар аз ҳисоби пасандозҳои гузоштаи аҳолӣ бошад, асосан даромади ин бонк аз пардохтҳои давлатӣ ба монанди пули барқ, об ва соҳаи комуналӣ аст. Дар давоми 3 соли ахир дар ин бонк 3 ҳолати корупсионӣ ба қайд гирифта шуд, ки 5 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар ин муддат роҳбарияти бонк 5 маротиб иваз шуд.
Аммо бори аввал аст, ки як бонк барои баргардонидани қарз нахӯди кишоварзеро ба фурўш мегузорад.