Парвандаи ҷиноии Муҳаммадзариф Шарифов, сокини шаҳри Норак, ки барои то худкушӣ расондани ҳамсари ҳомиладораш гумонбар аст, ба додгоҳ ирсол шуд. Аз Додситонии шаҳри Норак, ки тафтиши қазияро бар ӯҳда дошт, рӯзи 21-уми август гуфтанд, “мурофиа рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад”.
Шарифов ба чандҳамсарӣ низ муттаҳам аст
Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо занон будаанд.
Шарифов баъди он гумонбар шуд, ки рӯзи 13-уми июл ҳамсари дувуми никоҳиаш Алифмоҳ Худойназарова худро дар дарёи Вахш андохт ва худкушӣ кард. Ин сокини шаҳри Норак барои нақзи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, яъне “ба худкушӣ расондан” ва “бисёрҳамсарӣ” муттаҳам аст. Аз рӯи ин моддаҳо ӯро аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Алимфмоҳ Худойназарова, зани 28-солаи сокини деҳаи Лангари шаҳри Норак, ҳангоми худкушӣ ҳомиладор будааст. Ҷасади ӯро бо гузашти як моҳ аз обҳои Вахш пайдо карданд. Фарзияи аслии даст ба худкушӣ задани ӯ “ҳамеша мавриди озору азият” буданаш гуфта мешавад.
"Дар пеши чашмам Алифмоҳро зада буд"
Хонаводаи Алифмоҳ Худойназарова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки борҳо шоҳиди латту кӯби духтарашон аз ҷониби Муҳаммадзариф Шарифов шудаанд, вале ба хотири дахолат накардан ба зиндагии хусусиашон домодро сарзаниш намекардаанд. Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ Худойназарова, ки аз мақомот талаби ҷазои Муҳаммадзариф Шарифовро дорад, гуфт, духтараш борҳо дар бораи азият шудан лаб ба шиква кушода буд. “Ҳатто дар пеши чашми худам як дафъа духтарамро зад”, - гуфт ӯ.
Пайвандони Муҳаммадзариф Шарифови 42-сола мегӯянд, ҳарчанд ба зиндагии ӯ коре надоштанд, вале аз аввал зидди он будаанд, ки писарашон зани дуюм гирифтааст. Иброҳим Шарифов, падари Муҳаммадзариф Шарифов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъди ин ҳодиса гуфта буд, ки гуноҳи писарашро намедонад, аммо ӯ бо ҳамсари аввалаш зиндагии хубе дошт: "Худаш хост зан гирад, зан гирифт. Вагарна ҳамсараш хубу меҳрубон буд. Намедонам чӣ гап шудааст".
"Мегуфт, бояд як зани тоҷикро ба никоҳаш дарорад"
Алифмоҳ аз шавҳари аввалааш талоқ гирифта, як сол қабл аз маргаш ба никоҳи Шарифов даромада буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ бештари маврид дар хонаи падараш зиндагӣ мекард. Аммо рӯзе, ки худро ба дарё партофт, берун аз хона буд.
Ҳамсари аввали Муҳаммадзариф Шарифов, ки дар бозори шаҳри Норак донаи ҷуворимакка мефурӯшад, русзабон будааст. Ин аст, ки ин мард ҳамеша ба аҳли хонадон мегуфтааст, “бояд як зани тоҷикро ба никоҳаш дарорад”.
Ҳодисаи худкушии Алифмоҳ Худойназарова мақомоти шаҳри Норакро ба ташвиш овард. Баъди ин, мақомоти бахши кор бо занон ва оилаи маҳаллӣ ба мулоқоту чорабиниҳои вижа бо мардум пардохта, аз хатари худкушӣ ва хушунат дар хонаводаҳо сӯҳбат карданд.
Фоҷиаи се соли пеш
Шаҳри Норак се соли пеш шоҳиди худкушии фоҷеабори аъзои як оилаи дигар шуд. Зӯҳро Маҳмуродова, ки дар деҳаи Қиблаии канори Норак зиндагӣ мекард, зоҳиран дар паи хушунати пайваста ҳамроҳ бо чор фарзандаш худро ба дарё андохт. Ҳодисаи марги фалокатбори якбора чор кӯдаку модар барои тамоми Тоҷикистон такондиҳанда шуд ва мақомот ҷиддан аз паи таҳқиқи мавридҳои хушунати хонаводагӣ шуданд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқ дар Тоҷикистон мизони худкушии занонро дар кишвар хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар аксар ҳолат маҳз латту кӯбу озори ҳамсарон ва дигар аъзои хонаводаи шавҳар боиси аз зиндагӣ дилсард шудани арӯсон мешавад.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо занон будаанд. Намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ омилҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷонро дар кишвар ба фақру нодорӣ ва хушунату зуроварӣ рабт медиҳанд, вале мақомот мегӯяд, ки ҳолатҳои равонӣ низ аз дигар омилҳои даст ба худкушӣ задани занон мешавад.