Ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии беш аз 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст, барои зиндагии инсон чолишҳои худро дорад. Баландкӯҳи сарду зебоманзар на ба ҳар инсон барои зиндагӣ мувофиқ аст -- камбуди шадиди оксиген аз хусусиятҳои вижаи табиати Мурғоб мебошад.
Тӯли миёнаи умри инсон дар ин минтақае, ки 15 ҳазор аҳолӣ дорад, аз 55 то 65 солро ташкил медиҳад ва бонувон дар 48 ва мардон дар 53-солагӣ ба нафақа фиристода мешаванд. Камбуди оксиген ё ҳавои тоза дар ин баландиҳо мушкили хоси табиати Мурғоб мебошад.
Шароити танги зиндагӣ дар инҷо мардумро водор кардааст, ки ба навоҳии дигар кӯч банданд ва бархеи дигар ба Қирғизистон муҳоҷират хоҳанд кард.
Робия Мамадғарибоваи 56-сола тамоми умр дар ин ҷо зиндагӣ кардааст. Вай мегӯяд, ҳанӯз дар синни 30-солагиаш дучори мушкили ҷиддии саломатӣ шуд. Мегӯяд, дар фурӯ бурдани ғизо эҳсоси мушкил пайдо кард ва батадриҷ дандонҳояш рехтанд. Ба гуфтаи Робия, ӯ дар фурсати кӯтоҳ аз як ҷавонзан ба пиразан табдил шуд. Он замон ӯ дар беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард ва замони кор бо беморон ва аз бистар хезонидани онҳо зуд хаста мешуд ва нафасгир мегардид.
“Дар инҷо ҳаво намерасад, кислород беҳад кам аст. Аз сатҳи баҳр 3 ҳазор метр баланд аст. Вақте кӯдакон ба дунё меоянд, дар таркиби хунашон норасоии кислород доранд. Барои саломатии онҳо ва ояндаи онҳо хатар дорад", мегӯяд ин зани сокини Мурғоб.
Робия Мамадғарибова мегӯяд, дар синни 48-солагӣ ва аз рӯи қонун ба нафақа баромад ва ҳамагӣ 500 сомонӣ моҳона мегирад, ки барои таъмини рӯзгораш нокифоя аст.
Мақомоти ҳукумати ноҳияи Мурғоб мегӯянд, сабаби аслии барвақт бознишаста шудани занон ва мардони ин минтақа, кӯтоҳумрии мардуми ин ноҳия мебошад. Агар занҳо дар синни 48-солагӣ ба нафақа бароянд, мардҳо дар сини 53-солагӣ бознишаста мешаванд.
Эрназар Сафаров, сардори раёсати молияи ҳукумати ноҳияи Мурғоб рӯзи 22-юми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Мурғоб давомнокии умр дар нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон хеле кӯтоҳ аст.
Ба гуфтаи вай, дар ин замина омӯзишҳое сурат гирифтаанд: “Бо назардошти ин дар ноҳияи Мурғоб ҳанӯз аз даврони Шӯравии пешин, имтиёзҳое барои мардуми Мурғоб 20 фоиз барои баландкӯҳ ва 30 дарсад барои норасоии ҳаво, ҷамъан 50 дарсади коэфитсиент вуҷуд дорад. Агар маоши ман 1000 сомонӣ бошад, 500 сомонии дигар изофа мешавад”.
Аммо сокинони оддӣ, хусусан занҳое, ки ба нафақа баромадаанд, дарёфти имтиёзҳоро таъйид намекунанд ва мегӯянд, тайи чанд сол аст, ҳеҷ гуна имтиёзе аз ҷониби мақомот намегиранд.
Насрингул Некушоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон мегӯяд, дар ин мавзеъ гуруснагии кислород бештар аз ҳама мушоҳида мешавад ва синни ҳадди ақали дарозумрии занон аз 56 то 65 дар ноҳияҳои поёнзамин ба 70 то 80 сол баробар мебошад.
"Шумо бубинед, ин ноҳия аз сатҳи баҳр 3 ҳазору 600 метр дар баландӣ қарор дорад, гуруснагии ҳамешагии кислород вуҷуд дорад, ҳаво дар зимистон беҳад сард аст ва ин ҳама ба бемории саратон ва қалб меорад, ки мизони ин бемориҳо дар Мурғоб зиёд аст ин бемориҳоро дар кӯдакон ҳам ба назар мерасад, зеро бо норасоии кислород дар таркиби хунашон ба дунё меоянд."
Насрингул Некушоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон меафзояд, бо назардошти ин ҳама, умри мардуми Мурғоб дар нисбат ба сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон кӯтоҳтар аст. Вай мегӯяд, дар инҷо растанӣ намерӯяд ва сардтарин минтақаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳам ба сатҳи дарозумрии сокинон таъсир мерасонад.
Ба гуфтаи хонум Некушоева, ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидани вазъи мазкур чораҳои зарурӣ меҷӯяд ва дар вақти зимистон кӯшиш карда мешавад, ки мардуми инҷо бо ангишту орду дигар заруратҳои иҷтимоӣ таъмин бошанд. Ҳарчанд дар зимистон роҳҳо гоҳ - гоҳ қатъ мешаванд.
Аммо тавре ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дастурхони субҳонаи мурғобиҳо асосан аз ширчой ва равғани гов ё қутос иборат аст. Аммо тақрибан як сол мешавад, мардуми ин минтақа бидуни барқ ё рӯшанӣ зиндагӣ доранд.
Бархе сокинони Мурғоб мегӯянд, ҳама интизори мавриди истифода қарори додани истгоҳи барқии Ёқсу мебошанд, ки қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ фаъол шавад. То замони баҳрабардорӣ аз он, мардум ҳамчунон дар бебарқӣ ба сар мебаранд.
Шароити танги зиндагӣ дар инҷо мардумро водор кардааст, ки ба навоҳии дигар кӯч банданд ва бархеи дигар қасди муҳоҷират ба Қирғизистонро доранд. Аксар сокинони Қирғизистон қирғизтабор ҳастанд ва бархе ҷавонҳои зодаи Мурғоб ба хотири беҳбуд дар зиндагӣ ва умумияти фарҳангиву забонӣ ба кишвари ҳамсоя мекӯчанд.
Ноҳияи Мурғоб бо масоҳати 38 ҳазору 442,2 километри мураббаъ аз лиҳози ҳудуд бузургтарин ноҳия дар Тоҷикистон аст. Аммо бо доштани 16 ҳазор сокин, ноҳияи аз ҳама камаҳолӣ маҳсуб меёбад.