Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карим Оғохони 4 дар аксҳо

Шоҳзода Карим Оғохони 4, ки аз соли 1957 имоми 49-уми исмоилиҳост, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медиҳанд.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон бори нахуст моҳи майи соли 1995 вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар Ишкошим бо сокинон сӯҳбат анҷом додааст. Сокинони Бадахшон ҳар сол 24 майро ҳамчун "Рӯзи нур" ҷашн мегиранд ва мегӯянд, ки сафари аввалини Оғохон дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ ба онҳо нур оварда ва садҳо нафарро аз гуруснагиву дармондагӣ наҷот додааст.
Беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон ва Душанбеву баъзе аз навоҳии Хатлону Суғд ба сар мебаранд. То кунун пешвои исмоилиҳо чанд бор бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилия, бузургтарин маркази пайравони ин мазҳаби шиа, ҳам иштирок кардааст.


Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG