Наздикони сарбозону афсароне, ки 7 соли пеш дар дараи Камароб кушта шуданд, аз мақомоти маҳаллӣ тақозо доранд, то ба хотири зинда нигаҳ доштани номи фарзандони ҷавонмаргашон иқдом кунанд. Талаби наздикон ин аст, ки ба ёди фарзандони ҷавонмаргашон як мактаб ва ё кӯчае номгузорӣ шавад.
Ҳодисаи Камароб суолҳоеро дар заминаи мустаҳкам будани марз ва тавони таъмини амниятро аз ҷониби нирӯҳои ҳукумат дар соли 2010 аланӣ кард.
Номаҳои беҷавоби Норинбекова
Рокия Норинбекова – сокини деҳаи Арабхонаи ноҳияи Қубодиён – рӯзи 14 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, писари 20-солааш Фаридун Норинбекзода «дар роҳи ҳимояи ватан аз тири душман кушта шуд» ва бояд ҳам номаш абадӣ зинда монад. «Писарам бахтро надид ва аз худ нишонае нагузошт. Ҳоло танҳо орзуям ин аст, ки аз роҳи номгузорӣ сокинони Тоҷикистон қаҳрамонии ӯ ва ҳамхидматонашро фаромӯш накунанд», - афзуд ӯ.
Норинбекова гуфт, дар ин бора чанд дафъа ба ҳукумат ва комиссариати ҳарбӣ муроҷиат карда, то ҳанӯз посухи мусбат нагирифтааст. «Ҳадди ақалл номашро дар мактабе, ки дар онҷо хондааст, бигузоранд, хуб мешавад», - мегӯяд ӯ.
«Ҳамааш фаромӯш шудааст»
Рокия Норинбкова афзуд, Фаридун ихтиёрӣ ба хидмати артиш рафта, вале баъди ҳамагӣ шаш моҳи хидмат ҷасади пурхунашро ба ӯ супурда буданд. Мақомоти Қубодиён гуфтанд, ки дар фоҷиаи моҳи сентябри соли 2010 дар Камароб ду ҷавони зодаи ин ноҳия қурбон шудаанд. Тоҷиннисо Шарифова, муовини раиси ноҳия, рӯзи 14 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати дастрас шудани пешниҳоди номгузорӣ кардани маҳал ё маконе ба номи ин сарбозон ин ариза ҳатман баррасӣ хоҳад шуд. Феълан, гуфт ӯ, «чунин дархосте ироа нашудааст».
Ҳабибулло Каримов, падари сарбози дигари кушташудаи хатлонӣ – Содиқҷон Каримов – ҳам гуфт, ваъдаи соли 2011-и мақомот барои поси хотири фарзандаш то ҳол иҷро нашудааст. Моҳи апрели он сол мақомоти шаҳри Сарбанд гуфта буданд, ки исми лейтенант Давлатҷон Гиёев ва сарбоз Содиқҷон Каримов, ки ҳарду сокини шаҳри Сарбанд буда, дар шабехуни дараи Камароб дар тирамоҳи соли 2010 кушта шудаанд, ҳатман ба хиёбон ё мактабе гузошта хоҳад шуд. Бо гузашти чандин сол мақомот ба ваъдаи худ вафо накардаанд.
«Шашсотихӣ замин додем...»
Ҳабибуллло Каримов гуфт, «ҳамааш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Барои мо чор сотих замин доданд, ҳазор сомонӣ пул доданд, вале мо хона насохтем. Ҳатто номи писарамро ба забон намегиранд. Касе намегӯяд, ки онҳо корнамоӣ карда буданд.» Як масъули ҳукумати шаҳри Сарбанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби барои онҳо номаълум номи сарбозон ба мактабу маҳаллаҳо гузошта нашудааст, вале онҳо ба наздикони қурбониён шашсотихӣ замин дода ва дар арафаи идҳо ёдашонро гиромӣ медоранд. «Ба онҳо замин додем, дар тӯю маъракаҳояшон кумак кардем, вале номгузорӣ нашудааст. Намедонам, сабабаш дар чист, ки масъала ҳалли худро наёфтааст», - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
Рӯзи 19 сентябри соли 2010 корвони мошини сарбозони Вазорати дифои Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Дар ин ҳодиса дар маҷмӯъ, 28 низомӣ кушта шуданд. Мақомоти интизомӣ масъулияти ҳамларо ба дӯши гурӯҳҳои таҳти раҳбарии Аловуддин Давлатов (маъруф бо лақаби Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (мулаққаб ба Мулло Абдулло) гузоштанд. Амалиёти нобудсозии онҳо то баҳори соли 2011 идома кард.
Дар пушти худдорӣ аз абадӣ кардани исми қурбониён чист?
Аз 28 сарбозу афсари кушташуда дар шабехуни дараи Камароб 11 нафарашон сокинони вилояти Хатлон будаанд. Танҳо дар соли 2016 ҳукумати ноҳияи Восеъ баъди 6 сол нимпайкараи Давлатшо Амиршоев, як сарбози кушташудаи Камаробро гузошт. Вале бархе коршиносон мегӯянд, эҳтимол дар пушти тасмимҳои мақомот барои худдорӣ аз абадӣ кардани исми қурбониёни он ҳодисаи мудҳиш далелҳои мушаххасе аст.
Як таҳлилгар гуфт, ҳодисаи куштори якбора 28 низомии Вазорати дифоъ – аз ҳодисаҳои фоҷиабор на танҳо барои хонаводаҳои ин сарбозон, балки барои худи ҳукумати кишвар аст, ки баъди 13 соли хатми ҷанг, гурӯҳҳои шӯришӣ тавонистанд боз ҳам дар қаламрави худи Тоҷикистон сар баланд кунанд ва ба сӯи сарбозони ҳукумат тир андозанд. Яке аз раҳбарони гурӯҳҳои шӯришӣ – Мулло Абдулло нафаре буд, ки ҳеҷ гоҳ созиши сулҳи ҳукумат ва мухолифонро напазируфт ва дар солҳои баъди имзои созишнома дар Афғонистон паноҳ мебурд. Ҳодисаи Камароб суолҳоеро дар заминаи мустаҳкам будани марз ва тавони таъмини амниятро аз ҷониби нирӯҳои ҳукумат дар соли 2010 аланӣ кард.