Бунгоҳи таҳқиқотии Afghanistan Analysts Network дар гузориши муфассале иборат аз 74 саҳифа таҳти унвони “Байни ҳамкорӣ ва инзивоъ: Равобити Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” равобити Кобул бо ҳамсояҳояш дар шимолро ба сурати умум хеле заиф тасвир мекунад.
Муаллифони гузориш Кристиан Блер ва Саидризо Козимӣ менависанд, фоидаҳое, ки боз шудани марзи Афғонистон барои тиҷорат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ овард, бештар дар чанд шаҳраки хурди марзӣ эҳсос мешавад ва Афғонистон ба сурати умум дар иқтисоди ҳамсояҳояш – Узбакистону Тоҷикистон – нақши муҳиме пайдо карда натавонист.
80 дарсад рушди тиҷорати Душанбеву Кобул
Бино бар ин гузориш, “Тоҷикистон аз нигоҳи вобастагӣ ба таҳаввулоти Афғонистон осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ҳукумати нисбатан заиф ва нирӯҳои амниятии ғайрикасбиаш дар солҳои охир чандон комёб набуданд. Аммо мушкилоти амниятии Тоҷикистон асосан хусусияти маҳаллӣ дошта, бо Афғонистон, агар дошта бошад, рабти мустақими андаке дорад.”
Ба ақидаи муаллифон, “иртиботи қавмӣ ва равобити хусусӣ байни шахсиятҳои қудратманд дар шимоли Афғонистон ва мақомоти давлатии Тоҷикистон муносибатҳои собиту давомдореро эҷод накард, ки битавонанд адами манофеи умумӣ ба тақвияти тиҷорати марзиро ҷуброн кунад.”
Дар натиҷа, шарикони муҳими тиҷории Тоҷикистон ҳоло Чину Қазоқистон ва Русияву Туркияанд, на Афғонистон. Тиҷорат бо Афғонистон дар ҳоли ҳозир “танҳо 4,4 дарсад аз ҷамъи содирот ва 1,5 дарсад аз ҷамъи воридоти Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва он ҳам асосан аз ҳисоби ре-экспорт – транзити маҳсулот аз Чину Покистон ва Русия.”
Вале Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул мегӯяд, воқеият дигар аст ва равобити тиҷории Душанбеву Кобул пайваста рушд мекунад: “7 сол пеш ҳамагӣ зери 6 миллион доллар дар сол буд. Ҳоло амалан қариб 500 миллион доллар шудааст! Яъне 80 маротиба бештар! На Тоҷикистон ва на Афғонистон бо ҳеҷ кишвари дигаре чунин суръати рушди табодули молу коло надоштанд дар солҳои охир. Афғонистон соли гузашта дар таркиби содироти Тоҷикистон ҳатто аз Русия пеш гузашт ва ба ҷои сеюм баромад.”
Гузориш мегӯяд, Тоҷикистон ба сари худ ба далели дуриаш аз бозорҳо, зербинои хароб, ҳукумати заиф ва фасод бозори ҷолибе барои сармоягузорӣ нест, вале ҳамсоягиаш бо Афғонистон сармоягузоронро боз ҳам бештар метарсонад. Ҳоло байни Афғонистону Тоҷикистон бар фарози рӯди Панҷ, ки 1370 километр марзи мустақими онҳо асосан рӯи ҳамин рӯд мегузарад, 6 пул сохта шудаву дар марзи ду кишвар 4 бозори марзӣ амал мекунанд. Тоҷикистон дар соли 2012 ба Афғонистон 700 миллион киловатт-соат нирӯи барқ дода, ахиран тавофуқ кард, ки содироти барқашро 3 маротиба биафзояд, ки бино бар ин гузориш, солона ба Душанбе то 200 миллион доллар фоида хоҳад овард. Тарҳи дигаре ки метавонад равобити тиҷории Душанбеву Кобулро дар солҳои оянда тақвият диҳад, бунёди роҳи оҳанест, ки бояд аз Туркманистон тавассути Афғонистон то ҷануби Тоҷикистон кашида шавад.
Муаллифон бюрократия ва фасод дар ҳарду сӯи Омӯро бузургтарин мониа дар роҳи рушди бештари равобити ин ду кишвари ҳамсоя меноманд: “Онҳое ки дӯстону пуштибонҳои қудратманд надоранд, ба чанги марзбонҳо ва ходимони фасодкори консулгариҳо меафтанд. Дар ҳоле ки визаи Тоҷикистон расман 60 доллар аст, онҳоро ғайриқонунӣ то 600 доллар мефурӯшанд.”
Аммо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ин иддао ягон асос надорад: “Мо 4 консулгарӣ дорем - дар Кобул, Мазори Шариф, қундуз ва Файзобод. Дар соли 2010, вақте ҳамин масъала дар матбуот матраҳ шуд, ман худам талаб кардам, ки ҳайат бифиристанд ва тафтиш кунанд. Ҳайат омад ва 5 рӯз кор кард. Ман худам гуфтаам, ки 1000 доллар ҷудо кунанд барояшон ва бигарданд, ки канӣ, дар кадом бозори Афғонистон визаи Тоҷикистонро мефурӯшанд? Наёфтанд дар ҳеҷ куҷо. Ҳоло низ агар ҳар касе мехоҳад, сафорат омода аст, ин пулро ҷудо кунад. Агар визаи фурӯшӣ ёфт, омодаес ҷоизааш ҳам бидиҳем.”
Мақомоти афғон низ, бино бар ин гузориш, визаро ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо нархи ба маротиб баланд мефурӯшанд ва дар натиҷа, агар дар соли 2006 дар шимоли Афғонистон дастикам 1000 шаҳрванди Тоҷикистон кор мекард, ҳоло шумори мардикорони фаромарзӣ бамаротиб камтар шудааст: “Дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз бархе тоҷикҳо ҳамчун духтур(асосан гинеколог), муҳандис ва фермер кор мекунанд. Ва як каме бештар аз 200 афғон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба таври қонунӣ ва асосан дар корхонаҳову ширкатҳои хурд ва қисме дигар ҳамчун фурӯшанда кор мекунанд.”
Тоҷикистон ва Афғонистон - "гӯшту нохун" ё..?
Ба гуфтаи муаллифон, дар ҳоле ки бахши аъзами равшанфикрон Тоҷикистону Афғонистонро ба далели забону адабиёту фарҳанг ва таърихи муштаракашон “гӯшту нохун” ба қалам медиҳанд, бархеи дигар ҳуввияти миллии тоҷикҳои Афғонистонро зери суол бурда, онҳоро ҳамчун “афғон” мешиносанд. Бино ба ин гузориш, аксарият дар Тоҷикистон нисбат ба афғонҳо ва Афғонистон назари хеле манфӣ доранд ва мегӯянд, байни тоҷику афғон ягон умумият нест. Аз дасти Бурҳонуддини Раббонии тоҷик ба Ҳомиди Карзайи паштун гузаштани қудрат дар Афғонистон ин шикофро афзоиш дод. Ба гуфтаи муаллифон, аксари тоҷикҳои Тоҷикистон раҳбарии паштунҳо бар Афғонистонро қабул надоранд, вале “нигарониҳои миллӣ дар мавриди Афғонистон дар рӯйхати афзалиятҳои ҳукумати Тоҷикистон нест.”
Ҳукумати Тоҷикистон бештар нигарони қочоқи маводи мухаддир ва ҳам сели ҷангиёни исломиест, ки асосан аз он сӯи Омӯ сарозер мешаванд. Гузориш мегӯяд, ҳукумати Душанбе дар тақрибан ҳама хушунатҳои 5 соли охир Ҳаракати исломии Узбакистон ва созмонҳои марбут ба онро айбдор мекунад ва ин гурӯҳ низ зоҳиран ба хотири бузург нишон додани қувватҳои худ ин иддаоро рад намекунад. Бо ин ҳол, Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ҷангиёнаш 14 сол пеш бо розигии ҳукумати Тоҷикистон ба Афғонистон кӯчиданд ва ҳоло баъди солиёни саргардонӣ талош доранд ба саҳнаи Осиёи Марказӣ баргарданд, як қартаи умда дар байни Душанбеву Кобул боқӣ мемонад.
Маводи мухаддире ки аз он сӯи Омӯ мерезад
Аммо ба ақидаи муаллифон, бар хилофи он ки мегӯянд, қочоқи маводи мухаддир як манбаи умдаи таъмини гурӯҳҳои террористист, Ҳаракати исломии Узбакистон зоҳиран назорати бозори маводи мухаддири афғонӣ дар Осиёи Марказиро аз даст додааст. Инки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ё аз тариқи Осиёи Марказӣ дар дасти кист, як бахши умдаи гузориши Afghanistan Analysts Network аст.
Кристиан Блер ва Саидризо Козимӣ менависанд, “тиҷорати маводи мухаддир байни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, ки аз сӯи мансабдорону ходимони интизомӣ раҳбарӣ ё пуштибонӣ мешавад, танҳо соҳаи равобити иқтисодии пайваста байни онҳост, ки аз замони суқути Толибон ба таври собит рушд мекунад ва зоҳиран ба чунин минвол хоҳад монд. Тиҷорати маводи мухаддир танҳо соҳаи фаъолияти иқтисодии фаромарзист, ки дар ҳақиқат аз тарафи бозигарони чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ ҳимоят мешавад.”
Гузориш мегӯяд, иртибот байни қочоқбарони маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва ҷангиёни исломӣ чандон бузург нест, ки мехоҳанд нишон диҳанд. Балки “дар асл, бозигарони асосӣ дар тиҷорати маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ мансабдорони давлатӣ, афсарон ва аъзои мафия мебошанд... Мансабдорону афсарони бонуфуз ба хотири ба даст овардани назорат бар тиҷорати маводи мухаддир дар ҳамкорӣ бо раҳбарони бонуфузи гурӯҳҳои мафиозӣ аз захираҳову сохторҳои давлатӣ истифодаа мебаранд.”
Дар натиҷа, менависанд муаллифон, кумакҳое ки давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Ғарб барои мубориза бо маводи мухаддир мегиранд, дар асл барои аз байн бурдани гурӯҳҳҳои рақиб истифода мешавад: “Баъзан қочоқбарони сатҳи миёна, бо шумули афсарони нирӯҳои амниятӣ дастгир мешаванд. Вале қочоқбарону афсароне ки робитаҳои хуб доранд, аз таъқиб эминанд.”
Гузоришгарон фаъолияти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба раҳбарии генерал Рустам Назаровро мусбат арзёбӣ мекунанд, вале мегӯянд, таъқиби қочоқбароне ки дар “боло” пуштибон доранд, “барои генерал Назаров метавонад дар баҳои курсияш тамом шавад ваё паёмадҳои боз ҳам бадтар дошта бошад.” Гузоришгарон аз ҷумла аз як мавриди соли 2012 ёд овардаанд, ки дар вокуниш ба боздошти як мошини пур аз ҳероин, ки соҳибонаш аз сӯи афсарони амният пуштибонӣ мешуд, афсарони Оҷонсиро бо айни иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир ва ба ҳудуди 20 соли зиндон маҳкум кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба иддаои муаллифони ин гузориш дар бораи бо мансабдорон иртибот доштани қочоқбарони маводи мухаддир вокуниш нишон надодаанд. Вале Душанбе дар гузашта батакрор ҳар навъ “чатр”-и давлатӣ доштани мафияи маводи мухаддирро рад кардааст.