Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ориёно Саид: бо вуҷуди мухолифатҳо консерт баргузор мешавад. САДО


Яке аз ҳунармандони зан дар Афғонистон гуфтааст, ки алорағми мухолифатҳои муҳофизакорон, рӯзи шанбеи 19-уми август консерти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли он кишвар баргузор хоҳад кард. Ин ҳунарманд гуфтааст, ки пули ба дастомада аз ин консертро ба беҷошудагони ҷангҳои дохилӣ дар он кишвар хоҳад бахшид. Ҷои баргузории ин консерт ба далоили амниятӣ эълон нашудааст.

Ориёно Саид ба хабаргузории "Рейтерз гуфтааст, ки бо вуҷуди таҳдидҳо, дар ин консерт иштирок мекунад. "То кунун чаҳор ҳазор билет фурӯхтаем ва аз ин маълум мешавад, ки мардум мусиқӣ, рақс ва шод буданро чӣ қадар дӯст медоранд",-афзудааст вай. Ориёно Саид гуфтааст, пули ин консертро ба беҷошудагони ҳамлаи ахир дар деҳаи Мирзо Оланги ноҳияи Сайёди вилояти Сарипул медиҳад. Дар ин ҳамлаи муштараки Толибон ва як фармондеҳи ДИИШ, ҳудуди 60 нафар кушта шуданд.

Ориёно Саид, ки тарафдорон ва мухолифони зиёде дорад, дар солҳои ахир фаъолиятҳои чашмгире дар арсаи мусиқӣ ва ҳунари овозхонии Афғонистон анҷом додааст.

Ӯ дар як паёми видеоӣ дар сафҳаи "Фейсбук"-и пурсидааст, ки “мардуми Афғонистон чаро дар ҷашни истиқлоли худ набояд шод бошанд?"

"Дигар мамлакатҳо ҳам исломӣ ҳастанд ва мусалмон мебошанд, вале мусиқӣ доранд, ҳунарманд доранд, телевизион доранд, хушӣ ва лабханд мекунанд, ҷашн доранд, ҷашни истиқлоли хуро мегиранд, чаро мо нагирем?" Аммо Атоуллоҳ Файзонӣ, як узви Шӯрои вилоятии Кобул дар тамоси телефонӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки "мо ба чунин рақсҳо ва аъмоли куфромез дар ҷомеаи худ иҷоза намедиҳем."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
Линки мустақим

Вале мухлисони Ориёно Саид гуфтаанд, ки бо вуҷуди хатар ва таҳдидҳо, дар ин барномаи ҳунарӣ иштирок мекунанд. Як тан аз корбарони "Фейсбук" бо номи Баҳор Суҳайлӣ навиштааст, ки пешгирӣ аз консерти Ориёно Саид ҳамла ба ҳувияти ҳама занон ва озодӣ мебошад. Вай гуфтааст, “мо иҷоза намедиҳем, ки ин кор сурат бигирад ва ман ба ин консерт хоҳам рафт.”

Ориёно Саид.
Ориёно Саид.

Ориёно Саид, ки тарафдорон ва мухолифони зиёде дорад, дар солҳои ахир фаъолиятҳои чашмгире дар арсаи мусиқӣ ва ҳунари овозхонии Афғонистон дошта ва лақаби "Ким Кардошяни Афғонистон"-ро ба худ гирифтааст. Ким Кардашяни арманиасл як тарроҳ ва ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ мебошад. Ориёно Саид яке аз доварони мусобиқаи ахири “Ситораи афғон” дар Кобул низ буд.

Аммо либосе, ки дар консерти ахири худ дар Порис ба тан кард, барояш ҷанҷолофарин шуд. Мунтақидони ин либосро, ки аъзои бадани ӯро барҷаста сохт, мухолифи суннатҳои исломӣ ва афғонӣ унвон карданд. Ӯ билохира маҷбур шуд навори видеоии сӯзонидани ин либоси худро дар расонаҳои иҷтимоӣ нашр кунад.

Ин ҳунарманди афғон гуфтааст, кишвараш мушкилоти зиёде дорад, ки бояд ҳал шавад. "Садои ман паёми сулҳро ба мардум мерасонад ва як навъ умедворӣ ба духтарони ин ватан аст",-гуфтааст Ориёно Саид.

XS
SM
MD
LG