Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Душанбе то Фаластин. "Хуҷанд" бо "Аҳлӣ Ал-Халил" рӯбарӯ мешавад


"Хуҷанд"-и Хуҷанд ба бозии интихобии Ҷоми AFC-2016 бо "Аҳлӣ Ал-Халил"-и Фаластин омодагӣ мегирад.

Дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ба бозии интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин дар Душанбе омодагӣ мебинад. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад.

Дар доираи машқҳо “Хуҷанд” дар Душанбе ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Ёдовар мешавем, бозии аввали футболбозони Хуҷанд 29-уми январ бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. «Хуҷанд» дар бозии охирини санҷишӣ 2-юми феврал бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии “Хуҷанд”,дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “даста дар Душанбе то рӯзи 5 феврал тамрин мекунад. Бегоҳи шанбеи 6 феврал тавассути ҳавопаймо ба Дубай ва аз он ҷо ба Урдун парвоз хоҳем кард. Аз он ҷо мо бо автобус ба Фаластин меравем.”

Сармуррабӣ: Ягон "легионер" надорем
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Бозии «Хуҷанд» бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хуҷанд” дар сабқати гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Оқои Юсуфов иброз дошт, ки бозӣ дар Фаластин дар майдони сунъӣ баргузор мешавад. Бинобар ин “Хуҷанд” дар марҳилаи дувуми омодагӣ макони тамринро майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе интихоб кардааст.

Ҳунарнамоии дастаи "Хуҷанд"
Ҳунарнамоии дастаи "Хуҷанд"

Ба гуфтаи оқои Юсуфов дар ҳайати даста имсол тағйироти зиёд ба амал омадааст. Ба ҷойи он футболбозоне, ки бошгоҳи “Хуҷанд” бо онҳо шартномаро тамдид накард, якчанд бозигарони нав ба ҳайати даста шомил шуданд. Инҳо дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов (ҳарду аз “Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарон Далерҷон Тухтасунов (“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода) ва Манучеҳр Аҳмадов (аз бошгоҳи Баҳрайн боз ба “Хуҷанд” баргашт) ва нимҳимоятгар Илҳомҷон Баротов (“Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан) мебошанд.

“Мо дар бораи рақибамон – “Аҳлӣ Ал-Халил” – иттилои зиёд дорем. Сабтҳои видеоии бозиҳои ин дастаро борҳо тамошо карда, таҳлил намудем. Даста пурқувват аст. Бо вуҷуди он ки мо дар меҳмонӣ бозӣ мекунем, мекӯшем, ки пирӯз шуда, ба сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёбем”, - иброз дошт Нуъмонҷон Юсуфов.

Дар фарҷоми суҳбат сармураббӣ ба сарпарастону мухлисони даста барои кӯмаку дастгириашон изҳори сипос намуда, чунин гуфт:“Мо ба сарпарасти кулли даста – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо раҳбарии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои кӯмаки молӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC, инчунин ба сарпарасти техникӣ – намояндагии Ширкати “LI-NING” дар Тоҷикистон (роҳбараш Азизбек Раҷабов) – барои таъмини даста бо либоси варзишӣ ташаккур мегӯем. Ба мухлисони сершумори даста, ки моро дар мавсими соли гузашта хуб дастгирӣ карданд, гуфтаниам, дар ин бозии байналмилалӣ ба мо бовар кунанд ва мо чӣ қувваю маҳорате, ки дорем, баҳри ғалаба сафарбар карда, мекӯшем онҳоро хурсанд намоем.”

XS
SM
MD
LG