Бонки Осиёии Рушд рӯзи 3 ноябр арзёбии таъсироти муҳитзистии сохтмони шоҳроҳи Душанбе - Турсунзодаро нашр кард, ки дар он гуфта шудааст, ширкати паймонкор ва роҳсозии China Road & Bridge Corporation дар моҳҳои март ва феврали соли 2015 дар саросари шоҳроҳи асосии Душанбе-Турсунзода ниҳоли арча кишт кардааст, вале 60 дарсади ин ниҳолҳои ороишӣ се моҳ ҳам нагузашта, дар моҳи июн хушк шудаанд.
Ширкати China Road & Bridge Corporation Company, ки роҳи 57-километрии байни пойтахт то марзи Узбакистонро сохт, вазифадор шудааст, дар фасли тирамоҳи имсол ва то баҳори соли 2016 ин камбудро бартараф кунад. Роҳсозони чинӣ барои васеъ кардани ин роҳи дорои аҳамияти минтақавӣ садҳо дарахтро буридаанд.
Аммо ба гуфтаи бонк, ниҳолшинонӣ дар канори роҳе, ки ба ноҳияи Ҳисор ворид мешавад, муносиб будааст ва мақомоти маҳаллӣ ва ширкати роҳсозӣ дар канори ин роҳ бештар аз 3400 дарахт шинондаанд. Ҳарчанд баъзе аз ин ниҳолҳо моҳи июн хушк шудаанд, аммо ширкати роҳсозии China Road & Bridge Corporation Company моҳи октябр дигарбора ин камбудро бартараф кардааст.
Дар марҳилаи аввали роҳсозӣ, масъулони ҳифзи муҳити зист ҳамчунин дар бораи фурӯши ғайриқонунии сангпуштҳо ба коргарони чинӣ гузориш гирифтаанд, ки мухолифи меъёрҳои ҳифзи муҳисти зист ҳангоми кор ба ҳисоб меравад. Дар арзёбии аввали таъсири навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода ба муҳити зист гуфта мешавад, ки дар соли 2014 гузоришҳое расид, ки коргарони чинӣ аз мардуми маҳаллӣ сангпушт мехариданд ва истеъмол мекарданд.
Бар асоси меъёрҳои Бонки Осиёии Рушд, зимни иҷрои лоиҳаҳое, ки бо пули ин бонк иҷро мешаванд, бояд тамоми чораҳо андешида шаванд, ки таъсир ба муҳити зист ба ҳадди камтарин расонда шавад. Баъди гузоришҳо дар бораи сангпуштфурӯшӣ, ширкати роҳсозӣ тавсия гирифтааст, ки ба коргарони худ ғайриқонунӣ будани ин корро гӯшзад кунад.
Наврасони яке аз рустоҳое, ки роҳи мазкур аз онҷо мегузарад, ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки аз гӯристони деҳа ва талу теппаҳои атроф сангпуштҳоро дошта ва ба коргарони чинӣ вобаста ба вазни ҷондор аз 15 то 20 сомонӣ мефурӯхтанд. Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш гуфтанд, ки сангпушти оддӣ дар кишварро ба феҳрасти ҷонварони дар вартаи нобудӣ ва дар Китоби сурхи кишвар ҷо доданд.
Навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода, ки аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринаву Турсунзода мегузарад, соли 2011 шурӯъ шуд ва онро моҳи сентябр бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳ аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад ва бо паҳнои бештар аз 25 метр то ба шаҳри Турсунзода дар марзи Узбакистон мерасад. Барои ин роҳ бештар Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 120 миллион доллар қарзи боимтиёз додааст.