Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон


Ҳунарпешаҳои театри русии ба номи Маяковскийи Душанбе дар як номаи саркушода ба президент Эмомалӣ Раҳмон хостори дахолати ӯ ба сарнавишти ин театр шудаанд.

Кормандони театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар як номаи саркушода аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, то ба қазияи ин театр дахолат кунад. Бинои театри Маяковский, тибқи нақшаи бозсозии маркази пойтахти Тоҷикистон, бояд тахриб шавад.

Баҳодур Миралибеков, саркоргардони театри Маяковский рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо огоҳиномаи расмӣ гирифтаанд, ки бояд то поёни моҳи апрел биноро холӣ кунанд: “Ба мо барои идомаи фаъолият бинои кинотеатри “Тоҷикистон”-ро пешниҳод кардаанд. Вале он бино барои театр муносиб нест. Аз тарафи дигар, дар канори шаҳр ҷойгир шудааст. Албатта, нақшаи тахриби бинои кунуниии театрро иваз намекунанд, вале мо дар номаамон хостем, ки ба мо як ҷое диҳанд, ки барои кори театр мувофиқ бошад ва ба маркази шаҳр наздиктар бошад.”

Мунира Дадаева, мудири театри Маяковский ба Озодӣ гуфт, зери нома ҳамаи кормандони театр имзо кардаанд ва он аз номи тамоми коллектив ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ супурда шуд. Дар театри русии ба номи Маяковский дар маҷмӯъ бо шумули ҳам кормандони эҷодӣ ва ҳам кормандонӣ фаннӣ 98 нафар кор мекунанд.

Мунира Дадаева мегӯяд: “Мавзӯи асосӣ дар номаи мо масъалаи бинои нави театр аст. Кинотеатри “Тоҷикистон” аз маркази шаҳр хеле дур аст ва мо дар сурати ба он ҷо кӯчидан тамошобинамонро аз даст медиҳем. Чунки тамошобинони мо аксар русзабонҳоянд ва ҳамаи мактабҳову доишгоҳҳои русӣ дар маркази шаҳр ҷойгир шудаанд. Онҳо барои тамошои намоишномаҳои мо ба кинотеатри “Тоҷикистон” намераванд.”

Баҳодур Миралибеков
Баҳодур Миралибеков

Ҳунарпешаҳои театри Маяковский дар номаашон ба раисиҷумҳур бо таъкид ба нақши бинои театр дар таърихи фарҳангии кишвар ва дастовардҳои театр дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ хостаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу ҳунари русиро дар Тоҷикистон аз нобудшавӣ нигоҳ бидорад.

Дар соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумлаи бинои театрҳои Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” ва бунёди иморатҳои муосир дар ҷои онҳоро пешбинӣ мекунад.

Аммо ин қарор ҷомиаро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи аввал аз нақшаи рушди шаҳр ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, зербинои Душанбе дар аҳди СССР барои як шаҳри ниммиллионӣ сохта шудааст ва бояд акнун бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисоди шаҳр бозбинӣ шавад. Ба ақидаи ин гурӯҳ, биноҳое, ки тахриб хоҳанд шуд, аӯ нигоҳи арзиши меъморӣ кӯҳнаву аз лиҳози имкони истифода фарсуда шудаанд ва ба нест, агар ба ҷои онҳо биноҳои хуби замонавӣ сохта шаванд.

Аммо мухолифон, бештар аз байни равшанфикрон мегӯянд, ин кор бояд бо назокат анҷом шавад ва ба таъбири якеи онҳо, “набояд ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро аз байн бибарем.”

Театри Лоҳутӣ
Театри Лоҳутӣ

Одили Нозир, мудири шӯъбаи фарҳанги нашрияи “Тоҷикистон” ахиран бо нашри як муроҷиатнома аз ҳунарпешаҳои театри Лоҳутӣ интиқод кард, ки барои дифоъ аз бинои ин театр, ки ба ақидаи ӯ, бахше аз таърихи фарҳангии пойтахти Тоҷикистон аст, садо баланд накардаанд.

Бинои театри русии ба номи Маяковский дар канори бинои Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии Душанбе ҳанӯз соли 1928 сохта шуда, дар таърихи навини Тоҷикистон нақши барҷастае дорад. Нахустин маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ба раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино, ки ибтидо “Хонаи деҳқон” ном дошт, доир шуда буд. Соли 1930 аз ҳамин бино нахустин барномаи радиои Тоҷикистон бо номи “Радиогазета” бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбакӣ ба эфир рафт. Нахустин наттоқи радиои Тоҷикистон Агриппина Ржевская ҳам ҳунарпешаи театри ба номи Маяковский буд.

Театри русии Душанбе соли 1937 таъсис ёфта, соли 1940 номи Маяковскийро гирифт.

Изҳори нигаронии ҳунарпешаҳояш азх ояндаи ин театр дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол нақшаи тахриби бинои онро расман тасдиқ накардаанд. Моҳи ноябри соли 2015 Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар як номаи хаттӣ ба хабаргузории TojNews гуфт, ки ҳанӯз тасмиме ҷиҳати тахриби биноҳои театрҳои Лоҳутиву Маяковский, чойхонаи “Роҳат”, бинои дастгоҳи иҷроияи президент ва биноҳои дигаре, ки мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард, гирифта нашудааст.

Нуралӣ Назарзод, муовини раиси ин кумита дар номааш афзуда буд, ки бо қарори ҳанӯз соли 2012 имзокардаи шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе танҳо тахриби биноҳои маъмурияти мақомоти шаҳрӣ, бинои телевизиони “Сафина”, матбаи №1 (Домпечат), бинои сафоратхонаи Туркия, Кохи “Ҷомӣ”, биноҳои вазорати кишоварзӣ, вазорати адлия ва Кумитаи ҷавонон, маркази “Рахш” ва қисми дуошёнаи бемористони “Ибни Сино” дар назар гирифта шудааст.

Аммо кормандони театри Маяковский мегӯянд, онҳоро алакай расман огоҳ кардаанд, ки бояд то поёни моҳи апрел биноро холӣ кунанд ва ба кинотеатри “Тоҷикистон” бикӯчанд.

XS
SM
MD
LG