Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи президенти Радиои Озодӣ ба Ҳамроҳхон Зарифӣ


Кевин Клоз
Кевин Клоз

Раҳбари радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзодро барқарор кунанд.

Кевин Клоз, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар як нома аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дархост кард, ки сабаби радди сабти номи хабарнигори Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад ва аккредитатсияи хабарнигорро бидуни таъхир барқарор кунад. Дар нома омадааст:


Ба мӯҳтарам
Ҳамрохон Зарифӣ
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
29 январи соли 2013

Мӯҳтарам ҷаноби Вазир,

Ба унвони Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ман аз тасмими Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи декабр оид ба рад шудани дархости сабти номи расмии Абдуқаюм Қаюмов (Абдуқаюми Қаюмзод) ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радиои Озодӣ шигифтзада шудам. Абдуқаюм Қаюмов як хабарнигори ҷоизадор ва собиқадорест, ки беш аз 10 сол барои радиои Озодӣ кор кардааст. Мо бовар доштем, ки тамдиди сабти номи ӯ дар вазорати хориҷӣ як амали маъмулӣ аст, вале дар ниҳоят радиои Озодӣ аз як хабарнигори собиқадори худ маҳрум шуд. Дар нӯҳ моҳи охир ин дуюмин ҳодисаи рад шудани тамдиди сабти ном аст, ки хабарнигоронро ба қатъи ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон водор кард. Моҳи апрели соли 2012 дархости
Абдуқаюми Қаюмзод
Абдуқаюми Қаюмзод
тамдиди сабти номи хабарнигори бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ Гулнораи Равшан низ рад шуд.

Аз рӯи муқаррароти САҲА, сабти номи хабарнигорон танҳо як раванди маъмурист ва набояд ҳамчун санади иҷозаи кор истифода ва ё аз он абзори арзёбии кори журналист сохта шавад. Биноан, ман дархост мекунам, ки вазорат расман заминаҳои радди сабти номи Қаюмовро шарҳ диҳад. Зеро то ҳол ин мавзӯъ ба таври хаттӣ шарҳ дода нашудааст.

Ва дар ниҳоят, ман тақозо мекунам, ки сабти номи ҷаноби Қаюмов бидуни таъхир барқарор шавад, то ки ӯ битавонад кори худро дар радиои Озодӣ аз сар бигирад.

Бо эҳтиром,

Кевин Клоз
Иҷрокунандаи вазифаи президент ва мудири кулли
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG