Холбек Юлдошев, ҷавони 20 сола аз деҳаи Қалъаи Манори ноҳияи Истаравшан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар ивази 1 ҳазору 459 тангае, ки баҳори имсол онро пайдо кард ва ба осорхонаи Хуҷанд супорида буд, аз хазинаи давлат 2 ҳазору 918 сомонӣ, муодили қариб 600 доллар, подош гирифт.
“Ман он тангаҳоро вақти кофтани замин барои таҳкурии хона дар қитъаи заминам ёфта будам. Ва акнун ин пули худододро ҳам барои сохтмони манзилам сарф хоҳам кард,” - афзуд вай.
Мусоҳибам ҳамчунин гуфт, вай оиладор ва соҳиби як духтарча аст. Вале дар ҳоли ҳозир аз надоштани манзили хусусӣ ба аҳли оилааш дар хонаи волидайнаш ва ҳамроҳи 10 узви оилаи онҳо якҷо зиндагӣ мекунад.
Холбек афзуд, хатмкардаи литсейи касбиву техникии Истаравшан бо ихтисоси дуредгарӣ аст ва бо ҳамин касб рӯзӣ меёбад. Ҳукумати маҳаллӣ барои сохтани манзили хусусӣ ба вай қитъаи замин дода буд ва кӯзаи тангаро аз ҳамон замин ёфтааст.
Ба гуфтаи Икром Турсунов, ходими илмии осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, коршиносон тангаҳои мисии ёфтаи Хобекро моли асри 16 дониста, арзиши онро 14 ҳазору 590 сомонӣ муайян кардаанд.
Вай афзуд, мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи обектҳои меросӣ таърихӣ – фарҳангӣ” 20 дарсади пули он – 2 ҳазору 918 сомониро ба “ёбандаи соҳибмулк”, Холбек Юлдошев ахиран тақдим карда шуд.
Ба гуфтаи масъулони осорхонаи таърихиву кишваршиносии Хуҷанд, соли 2006 зимни кофтани майдони назди бозори Панҷшанбе сокинон 4 адад тангаи тиллоии давраи императории Русияро ёфта, дар ихтиёри осорхонаи вилоятӣ гузоштаанд.
Аз ин қабл Темурмалик Рустамов, аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вақти хонасозӣ аз чуқурии 3 метр дар як кӯза 1888 адад тангаи мисӣ ёфта, ройгон ба осорхонаи вилоятӣ тақдим карда буд. Зимнан, ин бузургтарин ганҷи танга аст, ки сокинони Суғд аз замини худ ёфта, дар ихтиёри давлат гузоштаанд. Давлатхӯҷа Довудов, сиккашиноси тоҷик ин тангаҳоро омӯхта, моли асрҳои 14 - 15 донистааст.
Ҳоло дар осорхонаи Хуҷанд тангаҳои нуқраандудаву тиллоӣ ва мисии давраи Кӯшониён, Сомониён ва давраҳои баъдӣ ба маърази намоиш гузошта шудааст. Тангаҳои ёфтаи сокини Истаравшан, ки то ин муддат дар сандуқи оҳанин нигаҳдорӣ мешуд, ба наздикӣ дар қатори онҳо ҷой хоҳад гирифт.