Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 1459 тангаи ёфтшуда чандаш ба ёбанда мерасад?


Масъулони осорхонаи таърихиву кишваршиносии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, арзиши тангаҳои қадимиеро, ки як сокини Истаравшан ёфтаву ба ин осорхона супурдааст, гурӯҳи тангашиносони тоҷик муайян хоҳанд кард.

Икром Турсунов, ходими илмии осорхона дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ганҷи иборат аз 1 ҳазору 459 адад тангаро сокини деҳи Қалъаи манори ноҳияи Истаравшан - Холбек Юлдошев вақти ҳамвор кардани як теппа барои сохтани манзил дар як кӯза дарёфт кардааст. “Аммо вақти кофтан, мутаассифона, кӯзаи гилӣ шикастааст, аммо тангаҳо беосеб мондаанд. Тангаҳо мисӣ аст. Ҳоло онҳо дар осорхона ҳифз мешавад ва мунтазири тангашиносон ҳастем, ки баҳогузорӣ кунанд,” - афзуд мусоҳибам.

Бинобар гуфтаҳо, аз рӯйи таҳқиқи муқаддамотӣ, ин тангаҳо фарсуда буда, ба асрҳои гуногун, аз ҷумла 11, 14 ва 16-и милодӣ тааллуқ доранд.

Вале оё соҳиби ин ганҷ, ки онро ихтиёран ба давлат супурдааст, бар иваз чӣ хоҳад гирифт. Маъмулан, дар бисёр кишварҳо соҳибони ганҷҳо ҳудуди чоряки арзиши онро соҳиб мешаванд.

Вале ба гуфтаи ҷаноби Турсунов, ҳоло ба онҳо равшан нест, ки давлат чӣ қадар аз арзиши тангаҳоро ба ёбандааш пардохт мекунад: “Аммо мо ба ин фикрем, ки ҳатман соҳибаш ҳавасманд карда шавад.”

Ба гуфтаи масъулони осорхонаи таърихиву кишваршиносии Хуҷанд, соли 2006 зимни кофтани майдони назди бозори Панҷшанбе сокинон 4 адад тангаи тиллоии давраи императории Русияро ёфта, дар ихтиёри осорхонаи вилоятӣ гузоштаанд.

Аз ин қабл Темурмалик Рустамов, аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вақти хонасозӣ аз чуқурии 3 метр дар як кӯза 1888 адад тангаи мисӣ ёфта, ройгон ба осорхона супурдааст. Давлатхӯҷа Довудов, сиккашиноси тоҷик онҳоро омӯхта, моли асрҳои 14 - 15 донистааст.

Ҳоло дар осорхонаи Хуҷанд тангаҳои нуқрагину тиллоӣ ва мисии давраи Кӯшониён, Сомониён ва давраҳои баъдӣ ба маърази намоиш гузошта шудааст. Тангаҳои ёфтаи сокини Истаравшан баъд аз ташхис дар қатори онҳо ҷой хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG