Дар Идораи умури дохилии ноҳияи Сино-2 санҷиши дохилӣ сар шудааст, то муайян кунад, ки оё маъмурони милисаи ин минтақаи Душанбе дар латту кӯб ва марги Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, даст доранд ё не. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки санҷиши дохилӣ идома дорад.
Абдусамад Назаров мегӯяд, чанд далели видеоӣ ва аксӣ доранд, ки шиканҷа шудани бародарашро тасдиқ мекунад.
"Ин санҷиш маълум хоҳад кард, ки ҳодиса аз чӣ қарор буд? Ва оё маъмурони милиса дар ин кор даст доранд ё не? Баъдан натиҷаи онро ба Додситонии шаҳри Душанбе пешниҳод мекунем", - афзуд ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Бобохонова хост, шавҳарашро аз қабр берун оранд
Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Сино-2 бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини шаҳри Кӯлоб, ки муваққатан дар Душанбе кору зиндагӣ мекард, рӯзи 28-уми марти имсол боздошт шудааст.
Хонаводаи Назаровҳо мегӯянд, бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ин ҳодиса мақомоти умури дохилӣ дар ин бора расман хабаре пахш накарда, ба шикояти онҳо дар мавриди даст доштани маъмурони милиса дар марги фарзандашон расидагӣ накардаанд.
Онҳо бо иддаои онки Абдурасул Назаров қурбони шиканҷа шудааст, мехоҳанд қазияи марги ӯ ҳамаҷониба ва мунсифона арзёбӣ шуда, афроди гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Абдусамад Назаров, бародари Абдурасул, рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар бораи шиканҷа шудани бародараш дар боздошт ва дахил будани маъмурони милиса дар ин кор ба Додситонии кул ва Додситонии шаҳри Душанбе ҳам ариза супурдаанд. Садбарг Бобохонова, ҳамсари Абдурасул Назаров, инчунин, аз додситонӣ хостааст, ки қабри шавҳараш боз ва ҷасади ӯ барои ташхис берун оварда шавад.
"Иттилоъ ба берун набарояд"
Дар Додситонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба хотири сирри тафтишот аз шарҳи ҷараёни таҳқиқоти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Садбарг Бобохонова, ҳамсари Абдурасул Назаров низ дар вақти додани баёнот зери аризае имзо гузоштааст, ки ҳеч гуна маълумотро “ба берун намебарорад”.
Мавзӯи бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо ва гумонбарон дар ҷараёни боздошту бозпурсиҳои ибтидоӣ аз нигарониҳои ҷиддии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.
Бо ин ҳол, Абдусамад Назаров мегӯяд, чанд далели видеоӣ ва аксӣ доранд, ки шиканҷа шудани бародарашро тасдиқ мекунад.
Қаблан баъзе аз манобеи умури дохилӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки қазияи боздошти Абдурасул Назаров ба чанд грамм маводи мухаддир рабт мегирад ва ӯ гӯиё аз "ломка" фавтидааст. Онҳо гуфтанд, Назаров бар асоси баёноти Хуршед Сатторов, писари аммааш, дастгир шуда буд.
Дар Шуъбаи қабули беморони Қарияи Боло низ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "Абдурасул Назаров рӯзи 28-уми март бо марги клиникӣ ба беморхона оварда шуд. Субҳи рӯзи дигар ҷасади ӯро ба наздиконаш супурданд."
Интиқоди созмонҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷа дар Тоҷикистон
Ҷасади Абдурасул Назаров рӯзи 29-уми март аз Душанбе ба Кӯлоб интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш - Чармгарони шаҳри Кӯлоб дафн карда шуд. Абдурасул Назаров соҳиби ду фарзанд аст ва тайи 12 соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт ба сар мебурд.
Мавзӯи бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо ва гумонбарон дар ҷараёни боздошту бозпурсиҳои ибтидоӣ аз нигарониҳои ҷиддии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Қонунҳои Тоҷикистон шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи қонунро ҷиноят арзёбӣ мекунанд, вале собит кардани ин ҳодисаҳо кори осон нест.
Моҳи августи соли 2017 Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо нашри гузорише гуфт, дар давоми шаш моҳи аввали соли гузашта дар марҳилаи боздошту бозпурсиҳо ҳадди ақал 13 нафар мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.