Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Раҳнамо: Мо дар куҷо ҳастем ва ба куҷо равонаем?


Абдуллоҳи Раҳнамо. Акс аз саҳифаи фейсбукии муаллиф
Абдуллоҳи Раҳнамо. Акс аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Мо дар куҷо ҳастем ва ба куҷо равонаем?

Нигоҳе ниҳодгароёна ба дастовардҳои се даҳаи истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Ҳафтаи гузашта солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ба ин муносибат дӯстони зиёде атрофи моҳияту аҳамияти истиқлол, қиёси он бо даврони то ва дастовардҳои кишвар дар ин марҳила изҳори назар фармуданд. Дар ин муҳокимаҳо баъзе аз муаллифон ба ин падида нигоҳи рифоҳӣ намуда, муқоисаи вазъи иҷтимоиро асл қарор додаанд ва баъзеи дигар, нигоҳи арзишӣ карда, вазъи ҳуқуқу озодиҳоро мизони қиёс гирифтаанд. Баъзе аз дӯстон маҳз тафаккури озодаро асли истиқлол шуморидаанд ва баъзеи дигар дар шароити вобастагиҳои ҷаҳонӣ истиқлоли давлатро падидаи нисбӣ гуморидаанд. Дар умум, ба истиснои дидгоҳҳои тахрибию нафратомез, ҳамаи назарҳои зикршуда ҳам ҳуқуқи будан ва ҳам арзиши мутолиа шуданро доранд.

Дар айни замон, мехостам чунин масъалаи муҳим аз диди дигар, яъне аз нигоҳи давлатмеҳвар ва ниҳодгаро низ баррасӣ гашта, моҳияту аҳаммияти ин ҷанбаи мавзӯъ низ дуруст дарк шавад. Бале, инсон, тафаккур, озодӣ ва зиндагии шоистаи он арзишҳои муқаддасе ҳастанд, ки бидуни онҳо на сиёсату на давлатдорӣ арзише надоранд. Аммо, дар айни замон, агар давлат ҳамчун ниҳоди устувори сиёсию идорӣ ва ҳамчун фазои суботи ниҳодинашуда ташаккули ниҳоӣ нагирад, татбиқи он арзишҳои муқаддас амалан номумкин мегардад.

Ин аст, ки дар раванди бунёди давлатдорию эҷоди мардумсолорӣ, масъалаи ниҳодина шудан (институтсионализатсия)-и давлат ва субот авлавияти эътиборӣ (на замонӣ) пайдо карда, таваҷҷуҳи аслиро ба худ ҷалб менамояд. Албатта, ин низ муҳим аст, ки дар чунин раванди мураккаб ҳукумат ва субот ба худии худ ҳадафи ниҳоӣ нестанд, балки муҳимтарин шароити расидан ба он ҳадафҳои ниҳоӣ, яъне озодӣ, мардумсолорӣ ва зиндагии шоиста мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, коргирӣ аз равиши давлатмеҳвар ва ниҳодгароёна (институтсионалистӣ) дар арзёбии дастовардҳои истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад, ки мо қудрати нигоҳи калон ва абзори баррасии дурусти дастовардҳои худро дар ҳар марҳилаи рушд дошта бошем.

Агар чунин тафакури баланди сиёсӣ ва нигоҳи калони ватандорона ҳосил нашавад, шаҳрванд метавонад бо одитарин мисолу қиёсҳо арзиши истиқлолро зери суол барад ва масъала гузорад, ки то истиқлол маош баландтару муҳоҷират камтар буд, табобат ройгону идора шаффофтар буд, пас он ҳолат басе беҳтар буд. Аммо агар дар сатҳи дигаре нигарем, дар ҳақиқат, дар се даҳаи истиқлол ва раванди давлатсозӣ чӣ арзиш ва дастовардҳои усулие дорем, ки қобили ифтихор, ҷонибдорӣ ва фидокорию қурбонӣ бошанд? Ва чаро бояд як шаҳрванди огоҳ ва хусусан як зиёӣ, онро дарк ва ҳимоят кунад ва дигаронро низ ба дарку ҳимояти он ҳидоят намояд? Ва ниҳоят чаро худи банда бо ин ҳама исору истодагӣ аз сиёсату дастоврадҳои имрӯз ҳимоят менамоям?

Дар равиши давлатмеҳвар ва ниҳодгароёна, фаҳмиши таҳлилию таҷрибии мо ин аст, ки дар ҳудуди се даҳсолаи охир дар Тоҷикистон амалан мактаби сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифт. Ин мактаб зина ба зина такомул ёфта, то имрӯз асосҳои назарӣ(1), уфуқҳои ормонӣ(2), низоми арзишӣ(3), чорчӯбҳои ҳуқуқӣ(4), анъанаҳои меъёрӣ(5), ҳадафҳои стратегӣ(6) ва авлавиятҳои рушди минбаъдаи он(7) қариб пурра ташаккул ёфтаанд.

Муҳимтарин арзишҳои ин мактаби сиёсию давлатдорӣ пойбандӣ ба рӯҳияи истиқлолияти миллӣ(1), тафаккури мустақили давлатӣ(2), ифтихори таърихию тамаддунӣ(3), моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёди давлат(4), дунявияти низоми сиёсӣ(5), низоми мутамаркизу устувори идориву сиёсӣ(6), гароиши иҷтимоии сиёсати давлатӣ(7), татбиқи сиёсати давлатии илммеҳвару маорифпарвар(8), таъмини ҳамзистии фикрӣ ва ваҳдати миллӣ(9), эҳё ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ(10), посдорию тақвияти забони миллӣ(11), тарбияти рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ(12), кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон(13), таъмини зиндагии шарофатмандонаи мардум(14), ҳифзи манфиатҳои миллӣ(15), мавқеи байналхалқии прогрессивӣ(16), пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ ва сулҳомез(17) ва ғайра мебошад, ки дастёбӣ ба баъзе аз онҳо то имрӯз муяссар гашта, ҳаракати ҳадафманди давлат барои расидан ба баъзеи дигар идома дорад.

Шояд имрӯз рафтору гуфтори на ҳамаи масъулону хизматчиёни давлатӣ ин сатҳи назариявӣ ва ин мактаби сиёсиро ифода карда тавонад ва бештар аз ин, шояд ҳатто баъзе аз онҳо дар бораи ин мактабу арзишҳо тасаввури рӯшане надошта бошанд. Аммо дар ин масъала меъёри арзёбӣ на сатҳу дидгоҳи фарди ҷудогона, балки бунёдҳои консептуалӣ, чорчӯбҳои арзишӣ ва самтҳои рушди низоми давлатдорист, ки то имрӯз тадвину пазируфта шуда, фаъолияти ғоявӣ ва функсионалии давлат ба татбиқи он равона гаштааст.

Ва муҳимтар аз инҳо, ин маҷмуаи васеи усулҳо(1), арзишҳо(2), бинишҳо(3), меъёрҳо(4), озмудаҳо(5), сабақҳо(6), манфиатҳо(7) ва ҳадафҳо(8) дар раванди пуршӯру пуртазодди давлатсозӣ соишу омезиши мавзун ёфта, дар заминаи онҳо амалия, таҷриба, анъана ва мактаби махсуси сиёсии давлатдорӣ шакл гирифтааст. Дар канори саҳми меҳварии роҳбарияти давлат, дар ин раванди таърихӣ тамоми мардуми кишвар, хоса аҳли андешаву зиё ва қишри идориву хизматгузорӣ саҳми амалии худро гузоштааст.

Бале, дар ин марҳилаи муҳим мо ба ҳалли на ҳамаи масъалаю вазифаҳо муваффақ гаштем, аммо аҳаммияти мактабу таҷрибаи зикршуда то ҷоест, ки агар дастовардҳои даҳсолаҳои истиқлолиятро ҷамъбаст намоем, шояд яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо ҳамчун давлат ва миллат маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ бошад. Арзёбии боз ҳам амиқтар нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин мактаб акнун на танҳо сармояи миллӣ, балки устуворӣ ва идомаи он кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии мо низ мебошад. Ин аст, ки ҳифз, идома ва такмили ин мактаби давлатдорӣ рисолати муҳимтарини зиёиён ва сиёсатмадорони давлатмеҳвари тоҷик хоҳад буд.

Ба ибораи дигар, дар ин давра дар ниҳоят таҷрибаи амалии давлатдорӣ ҳосил гашта, мактаби амалгароёнаи давлатдорӣ шакл гирифта, масъалаҳои асосии давлатдории миллӣ ҳалли худро пайдо намуданд. Агар ин дастовардҳои амалии давлатдориро ба таври боз ҳам мушаххастар арзёбӣ намоем, дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт(1), ягонагии ҳудудии кишвар ҳифз карда шуд(2), аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гаштанд(3), модели давлатдории миллии мусоир шакл гирифт(4), сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд(5), раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт(6), буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф гашт(7) ва мақоми устувори байналхалқии Тоҷикистон таъмин карда шуд(8).

Бо баршумории ин дастовардҳои усулӣ, акнун бояд ба ин саволи меҳварии рӯз посух гуфт, ки пас ҳоло дар куҷо қарор дорем? Яъне, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат дар кадом марҳилаи таърихӣ ва дар кадом зинаи рушди худ қарор дорад? Посух ин аст, ки бо ҳалли худро ёфтани масъалаҳои усулии давлатсозӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат як марҳилаи муҳим ва зарурии рушди давлатдории худ, яъне марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро ҷамъбаст намуда, ҳамчун воҳиди мустақилли сиёсӣ, ҳамчун воқеияти таърихӣ ва ҳамчун унсури устувори низоми байналмилалӣ ба таври инкорнашаванда ва бебозгашт шакл гирифт.

Тоҷикон истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллии худро соҳибӣ карданд ва бори дигар ҳамчун миллат дар зинаи давлатдоронаи рушд қарор гирифтанд. Тавре гуфта шуд, ин дастовард на танҳо як комёбии сиёсӣ, балки тантанаи ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ва пирӯзии адолати барҳаққи таърихӣ буд. Дар ин марҳила раванди давлатсозии муосири тоҷикон ба нуктаи кулминатсионии худ расида, самти ҳаракат ва дурнамои он муайян ва ҳамвор гашт.

Бо такмили ин марҳила, акнун Тоҷикистон бояд ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомулии худ, яъне ба марҳилаи рушди уствор ворид гардад, ки он хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хоси худро дорад. Дар шароите, ки дар марҳилаи ҷамъбастшуда масъалаҳои асосии давлатсозӣ ҳалли худро ёфтаанд, дар рӯзномаи марҳилаи нав, илова бар мавзӯи ҳифзу тақвияти дастовардҳо, пеш аз ҳама масъалаҳои марҳилаи рушди устувор, аз ҷумла татбиқи муассири стратегияҳои миллии рушди миёнамуддат ва дарозмуддати кишвар(1), модернизатсияи сифатии низоми идоракунии давлатӣ(2), ниҳодинасозӣ тафаккури давлатӣ(3), ташаккули ҳадафманди ватандории муосири шаҳрвандӣ(4), таҳкими ҷойгоҳ ва рушди зарфияти нерӯи инсонӣ (5), татбиқи марҳилаи навини ҳадафҳои ситартегӣ(6), таъмини саноатисозии босуръати кишвар(7), гузор ба модели саноатию кишоварзии рушд(8), суръатбахшии ислоҳоти амиқи иқтисодӣ(9), такмилу модернизатсияи низоми миллии илм(10), маориф(11), тандурустӣ(12) ва ҳифзи иҷтимоӣ(13), кафолати зиндагии шоистаи аҳолӣ(14), танзими шоисати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ(15), такмили равиши татбиқи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ(16), тақвияти шоистасолорӣ ва шаффофияти низоми кадрӣ(17), либеразизатсияи низоми андоз ва рушди бахши хусусӣ(18), фароҳамсозии фазои амну озоду устувори сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ(19), коркарду татбиқи шеваҳои муассири мубориза бо фасод(20)… ва даҳҳо масъалаҳои дорои хусусияти иноватсионӣ қарор мегиранд. Масъалаҳое, ки то имрӯз низ дар рӯзномаи рушд қарор доштанд, аммо бинобар хусусиятҳои марҳилаи зикршудаи таърихӣ, нерӯ ва зарфияти давлатӣ бештар ба ҳалли масъалаҳои эҳё ва барқарориву устувории давлатдорӣ равона шуда буд.

Яъне, дар марҳилаи нави рушди худ Тоҷикистон бо ҳадафу вазифаҳое рӯбарӯ мебошад, ки ҳалли муваффақонаи онҳо на танҳо вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро ба куллӣ тағйир медиҳад, балки сифати зиндагии шаҳрвандонро низ дигар карда, ҷойгоҳи байналмилалии кишварро аз рӯи тамоми шохисҳои иқтисодию сиёсӣ ба зинаи комилан нав боло мебарад. Табиист, ки дар маркази таваҷҷуҳи чунин рушд бояд маҳз омили инсонӣ, бо маҷмуаи мутавозини ниёзҳои моддӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ қарор гирад. Ба баёни дигар, агар дар марҳилаи буҳрону барқарорӣ шаҳрванд барои устувории давлат маҳрумиятҳоро таҳаммул кард, дар марҳилаи рушду пойдорӣ давлат бояд ниёзи шаҳрвандро дар авлавият қаро диҳад.

Аз ин рӯ, тавре борҳо зикр шуда буд, насли навини сиёсатмадорони тоҷик на танҳо масъулияти таъмини пайванди ду насли сиёсии замон, балки масъулияти таъмини пайванди ду фасли таърихии давлатдории моро низ ба дӯш хоҳанд дошт. Зеро на танҳо рисолати миллию таърихӣ, балки формулаи комёбии мо маҳз аз таъмини пайванд ва тавозуни аслҳои ҳаётие чун ҳифзи дастовардҳои усулии марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ(1) ва ҳалли масъалаҳои бунёдии марҳилаи рушди устувори кишвар(2) иборат мебошад. Дар чунин раванди ҳассос, ки дар он сарнавишти давлату миллат рақам мехӯрад, на консерватизми муҳофизакорона ва на модернизми босуръат ба танҳоӣ коромад ва судманд нахоҳанд буд. Пас, идомаи муваффақи роҳи рушди давлатдории мо дар гарави «чор таъмин», яъне таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ(1), таъмини мудовимати солими наслҳои сиёсӣ(2), таъмини идомаи солими мактаби давлатдории миллӣ(3) ва таъмини рушди устувори кишвар(4) аст. Маҳз чунин раванду пайванди боэътимод сатҳи чолишҳо ва таҳдидҳои сохтории дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми сиёсиро коҳиш дода, барои таъмини ояндаи қобили пешбинии раванди сиёсӣ ва рушди устувори кишвар дар марҳилаи навин заминаи пойдор фароҳам месозад.

!!!Ин чанд банди боло хулосаи назариявӣ ва таҷрибии дастовардҳои тамоми се даҳсолаи рушди давлатдории мо буда, бояд ҳамчун муҳимтарин дастоварди миллию таърихии мо дар ин марҳила ба таври дуруст дарк, арзёбӣ ва қадрдонӣ шавад. Маҳз ҳамин гуна нигоҳи ҷомеи миллӣ, таърихӣ ва давлатмеҳвар метавонад моро ба дарки аҳаммияти чунин дастоварди азим қодир гардонад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки мутаассифона, имрӯз на танҳо дар сатҳи оммаю дар доираҳои мухолифандеш, балки дар миёни намояндагони қишри фикрию зиёии кишвар ва ҳатто дар баъзе доираҳои коргузории давлатӣ низ чунин дарки васеи давлатдоронаи вазъият ва арзёбии миллию таърихии дастовардҳои истиқлолият вуҷуд надорад.

То ҷое, ки баъзе аз онҳо нисбату муносибати худро бо давлат ва низоми идорию сиёсӣ на дар омили разишию давлатдорию ватандорӣ, балки дар омилҳои басе ҷузъиву фардию субъективӣ мебинанд. Бо вуҷуди ин, чунин муносибату чунин ҳолат ҳаргиз арзиши ин дастовардҳои бузурги миллию таърихии давлатдориро коҳиш намедиҳад.

Аммо, дар ишора ба ишораҳои мунаққидони чунин дидгоҳи давлатмеҳвар бояд таъкид шавад, ки барои ҳимоят аз ин арзишҳои бунёдӣ ва меҳварӣ тааллуқу тамаллуқ ба ҷониби ҳукумат ё доштани мансабу кори идорӣ дар низом ҳаргиз шарт нест. Зеро ин мафҳумҳо басе фаротар аз чунин ҳолатҳои фардию иҷтимоии инсонанд ва новобаста аз «хуб» ё «бад» будани ҳукумат ҳамчун арзиш мемонанд.

Ҳамчунин, агар дар ин раванд ҷойе аз шахс ё сиёсате ҷонибдорӣ шавад, он на ҳамчун шахс ё мавқеъ, балки маҳз ҳамчун бахше ё рамзе аз ҳамин арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва давлатсозӣ арзёбӣ мегардад. Бо ин мантиқ, ҷонибдории устувори мо аз низоми сиёсӣ ва роҳбарияти феълии кишвар маҳз ҳамчун ҷонибдорӣ аз раванди таърихии давлатсозӣ, дастовардҳои зикршудаи ин марҳила ва аз маҷмуаи арзишҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад. Ва бо ҳамин мантиқ, мухолифати мо бо мавқеи баъзе мухолифандешон низ на маҳзи мухолифат бо шахс ё гурӯҳи эшон, балки мухолифат бо таҳдидофарии онҳо бар ҳамин маҷмуи арзишҳо ва дастовардҳои бунёдии давлатдорӣ мебошад.

Ҳамин тавр, паёми марказии ин биниши давлатмеҳвар ва ин таҳлили ниҳодгаро бисёр возеҳ ва рӯшан аст: бо касби истиқлоли сиёсӣ мо соҳиби давлати миллӣ гаштем(1), ки он бузургтарин дастоварди таърихи муосири мост(2), ҳадафҳои олии давлати мо маҳз эҳёи миллӣ(3), мардумсолорӣ(3) ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон(4) аст, ки бо ҳама душвориҳо сӯи он дар ҳаракат мебошем(5). Дар ин масир мо ҳамчун давлат мушкилоти зиёд дорем(6) ва аз вуҷуди онҳо огоҳем(7) ва барои рафъи онҳо дар талошем(8), аммо аз назари раванд ва лаҳзаи таърихӣ(9) авлавияти аввали имрӯзи мо ташаккули ниҳоии ниҳоди давлат(10) ва ниҳодина шудани суботу амният(11) аст, то дар ин замина татбиқи он арзишҳои олии мо имконпазир гарданд(12). Бо ин мақсад, мо дар сатҳи усулӣ модели дурусти арзишӣ ва масири дурусти ҳаракатро интихоб кардаем(13) ва ба самти татбиқу такмили он дар талош ҳастем(14) ва бояд дарёбем, ки дар шароити печидаи таърихӣ ва сиёсие, ки имрӯз қарор дорем(15), масъалаҳои усулие чун давлат, миллат, ваҳдат, субот, амният, низоми устувори сиёсӣ ва ҳамбастагии миллӣ(16) бартар аз ҳамаи тарҳу ормону ҳизбу ақидаю манфиатҳо(17) ва болотар аз ҳамаи мушкилоту эътирозу ихтилофҳост(18). Бинобар ин, имрӯз танҳо ҳифзи давлати устувор(19) ва суботи пойдор(20) имкон медиҳад, ки мо бақои давлатӣ ва миллии худро таъмин намуда(21), заминаи татбиқи арзишҳои олии миллӣ ва инсонии худро фароҳам созем(22). Дар ин масири таърихӣ мо то имрӯз марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро муваффақона сипарӣ карда(23), ба марҳилаи рушди устувори давлатдорӣ қадам ниҳодем(24), ки он марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ бо моҳияти инсонмеҳвар ва мамҷӯи вазифаю хусусиятҳои худ мебошад. Аз назари арзёбии раванди таърихии рушди давлатдории миллӣ, имрӯз, дар соли 30-юми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар ҳамин марҳилаи давлатдорӣ ва дар ҳамин нуктаи рушди он қарор дорем.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG