Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки мақомотро ба чолиш кашид, баъди 12 соли ҳукми суд - афв ва озод шуд


Зане, ки баъди таҳдиди шикоят ба президент аз ҷониби кормандони ҳукумат барои "тамаъҷӯӣ" ба 12 сол маҳкум шуда буд, бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад.

12 сол зиндон барои таҳдиди шикоят ба президент

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилфуза Шодиева, сокини 32-солаи ин ноҳияро барои "тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон" аз мансабдорони маҳаллӣ, муҷрим донист ва ба 12 соли зиндон маҳкум кард, вале бо татбиқи қонуни афв ӯро аз толор раҳо намуд. Ихтиёр Шодиев, вакили дифои Дилфуза Шодиева рӯзи 7 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш ҳамчун зан тибқи Қонуни афв, новобаста ба он, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум ба ҳабс шуд, бахшида ва раҳо гардид.

Ӯ афзуд, вале зимни ташхис иттиҳоми “паҳн кардани маълумоти бадномкунанда" дар номаҳои шикоятии Шодиева алайҳи мансабдорони маҳаллӣ ба мақомоти вилоятиву ҷумҳурӣ ба сурати умум тасдиқ нашудааст. Шодиев гуфт: “Чор номаашро ташхис карданд, дар се нома суханҳои бадномкунанда пайдо накарданд, танҳо гӯё дар як нома дар ҳаққи мансабдорон суханҳои бадномкунанда гуфтааст.”

"Тамаъҷӯӣ на, барои табобат кӯмак хостам"

Як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи Дилфуза Шодиева аз додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, Шодиева ҳанӯз моҳи апрел вақти гирифтани 100 доллар маблағ аз дасти Олимбек Юлдошев, раиси корхонаи бақайдгирии амволи ғайриманқули ҳамин ноҳия дастгир шуда, то кунун дар боздоштгоҳ қарор дошт. Ба қавли ӯ, Дилфуза Шодиева вале гуфтааст, ки ӯ тамаъҷӯӣ накарда, балки аз мансабдор барои табобати кӯдаки бемораш ёрӣ хоста ва ӯ ҳам ин маблағро бо ризояти худ дода буд.

Ин дар ҳолест, ки чор мансабдори ноҳия, аз ҷумла раиси собиқи дастгоҳ, раҳбарони ҷамоатҳои Ёва ва Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ки ин зан бо таҳдидҳои худ ҷони онҳоро ба лаб оварда буд. Юлдошев мегӯяд, баъди гирифтани 100 доллар, дафъаи охир Дилфуза Шодиева аз ӯ 1000 доллар талаб карда ва гуфтааст, агар ин миқдор маблағро нагирад, аз болояш ба раисиҷумҳур шикоят хоҳад кард.

Аммо Дилфуза Шодиева ва наздиконаш замони мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти алайҳи ӯро рад карда ва гуфтаанд, ки гуноҳаш танҳо ин буд, ки барои табобати кӯдаки бемору кашидани бори рӯзгори вазнин аз мақомот ёрӣ пурсидааст.

Падару модар ва бародару хоҳари Дилфуза Шодиева замони мурофиаи додгоҳӣ аз “ҷабрдидаҳо” хоҳиш карданд, ки аз даъвояшон даст кашанд. Ҳатто худи Шодиева аз додгоҳ хост, ки агар ӯро озод кунанд, дигар аз шикоятҳояш ба номи раисиҷумҳур, даст хоҳад кашид.

Абдумубин Ҷӯраев, бародарзодаи Дилфӯза Шодиева рӯзи 7 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ танҳо раҳо шудани аммаашро тасдиқ кард, вале гуфт, аз вазъу ҳоли ӯ чизе гуфта наметавонад. Пайдо кардани худи хонум Шодиева ба мо даст надод. Ӯ дар манзилаш набуд ва зангҳои моро низ бепосух гузошт.

Кашмакаш бо мансабдорон пас аз ҷудоӣ аз шавҳар

Ба қавли волидонаш, мушкили Дилфуза Шодиева бо 4 мансабдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз соли 2015 баъди ҷудоӣ аз шавҳараш оғоз шуд. Онҳо мегӯянд, духтарашон дар хонаи падару модар, дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекард. Ҳавливу дари онҳо оддӣ ва аз чанд хонаи якошёна иборат буда, барои онҳо тангӣ мекард. Дилфуза ҷои кори доимӣ надошт ва кашидани бори рӯзгор барояш сахт буд.

Дилфуза Шодиева асосан барои дарёфти ёрӣ ба ҷарроҳии духтарчааш – Дилноза ва гирифтани ҳиссаи ҳавливу хона аз шавҳараш, ба мақомот муроҷиат кардааст. Вале баъд дар пайи баҳс бо онҳо, ҳудуди 7 моҳро то эълони ҳукми додгоҳу афв шуданаш дар боздоштгоҳ ва дур аз 2 тифлаш сипарӣ кард.

Баҳси тамаъҷӯии Дилфуза аввалин нест...

Ин нахустин ҳодисаи баҳсҳои додгоҳии сокинони вилояти Суғд бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ нест. Аз ин қабл, рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов тобистони соли 2013 аз ҷониби пулиси ноҳияи Ашт бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” боздошт шуда буд. Тафтишот гуфт, ки ин журналист ба як хонуме таҳдид кардааст, ки агар ҳаққи хомӯшии ӯро напардозад, гӯё кадом маълумоти маҳрамонаеро дар борааш фош мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Маҳмадюсуф Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ пул боздошт шуд. Додгоҳи саёҳри ноҳияи Мастчоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндон маҳкум кард, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот як ҳукми беҳад сангин барои «тамаъҷӯӣ» ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ унвонаш карданд.

XS
SM
MD
LG