Ба иддаои бархе аз волидайн, онҳо ҳайронанд, фарзандҳои мактабхонашонро, ки акнун як моҳ дар хона хоҳанд монд, ба чӣ коре машғул доранд. Онҳо мегӯянд, агар мактаб ва муассисаҳои дигар барномаҳоеро барои давраи таътили зимистонаи кӯдакон дар назар мегирифтанд, ин фурсат барҳадар намерафт ва бекорӣ наврасонро ба роҳи каҷ моил намекард.
Моҳнисо, як сокини пойтахт аз он нигарон аст, ки нозирони минтақавӣ ду фарзанди ӯро, ки дар маркази бозиҳои компютерӣ машғули бозӣ буданд, бо худ ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда, соате онҳоро бозпурсӣ кардаанд. Ин модари ҷавон мегӯяд, барои рафтани фарзандҳояш ба тамошои боғу филмҳои такрор ба такрори кинотеатрҳо иҷозат намедиҳад, зеро чунин ҷойҳо наметавонад барои ахлоқи фарзандонаш таъсир мусбат дошта бошад. Вай афзуд: «Охир вазорати маориф ба мактабҳо супориш диҳад, то чорабиниҳои фарҳангиро дар муддати як моҳ роҳандозӣ кунанд. Бубинед, як моҳ кӯдак намедонад ба чӣ кор машғул шавад. Тасаввур кунед, дар як хона чор кӯдак ҳаст. Бояд хонанда дар ин сину сол вақти холӣ надошта бошад.»
Дар ҳамин ҳол Дилфуза Шодиева, модари дигар таътили зимистонаи мактаббачаҳоро фурсати хубе номид. Ба гуфтаи ӯ, ноомодагии мактабҳо ба сардиҳои зимистон таътилро ба дарозо кашидааст. Ин эҳтимоли бемор шудани атфолро аз байн мебарад. Дилфуза афзуд, модари таҳсилкарда ҳамеша метавонад, фарзандонашро дар кадом ҳолате набошад бо таълиму тарбия фаро гирад. Вай гуфт, барои духтарчаи мактабхонаш шароити омӯзиши дарси англисиро фароҳам кардааст ва фарзанди ӯ рӯзона ду соат забон меомӯзад ва боқимондаи вақташро дар хона мегузаронад. «Муҳим ҷалби фарзанд ба чорабинӣ нест. Охир дар ҳамон мактаб, ки ҳаррӯз пул ҷамъ мекунанду ягон шароити хуб барои сардиҳои зимистон фароҳам нашудааст, пас хуб нест, ки фарзандат дар хонаи гарм шинад.»
Ин ҳамсуҳбати мо ҳамчунин илова кард, ки агар дар хона барои нигоҳубини кӯдакҳои хурдаш нафаре мебуд, ӯ ҳаргиз фарзанди хурдсолашро ба боғча низ намебурд.
Дар ҳамин ҳол Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, барои рангин гузаштаи таътили мактабиён барномаҳои гуногуне омода шудаанд, аз ҷумла тайёрӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ ва чораҳое мисли ин: «Ин маънои онро надорад, ки кӯдак дар таътил аст ва тамоман дар хона бошад. Барномаҳои зиёд ҳастанд, ки хонандагон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Таътил танҳо барои хонандагон аст, вале омӯзгорон ҳамарӯза дар мактаб ҳастанд ва хонандагон метавонанд бо дарсҳои иловагӣ ва хондани китобҳои бадеӣ ба мактаб оянд.»
Масъулони Вазорати корҳои дохилии кишвар ба иддаои волидоне, ки фарзанди онҳо аз сӯи нозирон ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда шудаанд, мегӯянд нозирони минтақавӣ ҳақ надоранд, истироҳати хонадагону ноболиғонро халалдор кунанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, танҳо кӯдаконе, ки қаблан ҷиноят содир кардаанд ва борҳо "меҳмон"-и шуъбаҳои корҳои дохилӣ шудаанд, зери назорат қатъӣ қарор мегиранд. «Ягон вақт нозири минтақавӣ хонандагони мактабро, ки ба истироҳат фаро гирифта шудаанду дар ягон қонунвайронкунӣ даст надоранд, беҳуда ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда намешаванд. Вале дар мавриди он, ки агар кӯдакҳои ноболиғ пас аз соати 22-00 шаб дар кӯча беназорат монанд, ҳатман онҳо мавриди бозпурсии кормандони милиса қарор мегиранд.»
Аммо бисёре аз коршиносон бар инанд, ки то кунун Вазорати маориф ва ниҳодҳои марбутаи ҳукуматҳои маҳаллӣ роҳҳои муассири пур кардани вақти таътили мактабиёнро пайдо накардаанд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, чунин барномаҳо ба сармоягузорӣ ниёз доранд. Бархе аз коршиносон пешниҳод кардаанд, ки ҷомеа дар ин маврид бояд аз ташаббусҳои худҷӯш ва худидораи маҳаллӣ истифода кунад.
Замира Ҳалимова, ҷомеашиноси тоҷик, ки таҷрибаи зиёди омӯзгориро низ дар мактаб дорад, пешниҳод кард то дар маҳаллаҳои ҳар як шаҳраку ноҳия, бунёди марказҳои хунаромузӣ боз шавад. Хонуми Ҳалимова афзуд: «Хонанда дар ин сину сол агар дур аз таълиму тарбия монад ҳатман ба бекоргарди машғул мешавад. Ва ин оқибати хуб надорад. Танҳо мактаб не, бояд волидон низ аз болои фарзадонашон кор баранд. Вазорати маориф, кумитаи кор бо ҷавонон ва раҳбарони маҳаллаҳо низ дар ин баробар бетараф набошанд. Албатта як моҳ барои дур мондани фарзанд аз таълим ин вақти зиёд аст. Кӯшиш кард хонандаи мактаб як лаҳза аз таҳсил фориғ намонад.»
Бино бар иттиллои Вазорати маорифи Тоҷикиситон, феълан дар кишвар зиёда аз 3800 макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки дар ин таълимгоҳҳо бештар аз 1,5 млн. хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.